ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

0
3834

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 24, мод. 408; с. 1998, № 10, мод.76; с. 1999, № 6, мод. 166; с. 2000, № 11, мод. 521; с. 2001, № 7, мод. 481; с. 2004, № 2, мод. 39; с. 2006, № 4, мод. 197; с. 2013, № 7, мод. 540)

(Қонуни ҶТ аз 2.05.1998 № 580, аз 30.06.1999 № 814, аз 29.11.2000 № 12, аз 6.08.2001 № 35, от 28.02.2004 № 7, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014, аз 2.01.2019 № 1572)

Қонуни мазкур фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, шароити амали ҳуқуқи, иқтисоди, иҷтимои ва ташкилии онҳоро, ки ба истифода аз озодии сухан, ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфти ахбори комилу очил ва ҳаққони, ба муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъияти равона шудааст, муайян менамояд.

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014):

– абонент – шахси ҳуқуқи ё воқеи, ки барномаҳои телевизион ва радиоро қабул мекунад;

– нашр (нашри намоиши телевизион ва гуфтори радио) – ба масофаи муайян пахш намудани ахбори овози ва (ё) тасвири тавассути шабакаҳои алоқа, ки теъдоди номаҳдуди воситаҳои телевизиону радио қабул мекунанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);

– шабақаи нашри барнома – маҷмўи воситаҳои техникие, ки барои пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио пешбини шудаанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);

– хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

– пахш – ба масофаи муайян интиқол додани барномаҳои телевизион ё радио тавассути воситаҳои техникии алоқа;

– пахши мустақим – пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио бе сабти пешакии онҳо (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);

– интиқоли пахш – тавассути воситаҳои иловагии телевизиону радио пахш кардани барномаҳо ба мақсади зиёд намудани масофаи қабули онҳо;

– хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

– ташкилоти телевизион ва радиошунавони – шахси ҳуқуқиест, ки барои истеҳсол ва (ё) пахши барномаҳои телевизиону радио ва асарҳои аудиовизуали иҷозатнома дорад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7);

– воситаҳои пахшкунии телевизион ва радио – пахш ва қабули ҳар навъ аломати сигналҳои тасвири ва сабти тавассути воситаҳои электромагнитии алоқаи кайҳони, ноқили, оптики, радиои (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);

– воситаҳои техникии пахши барномаҳо – маҷмўи таҷҳизоти радиоэлектрони ва техникие, ки тавассути онҳо барномаҳо ба истифодабарандагон расонида мешаванд.

– маҳсулоти аудиовизуали – асарҳои аз силсилаҳои кадрҳои ба ҳам алоқаманде иборат буда (видеотасвирҳои овоздор ё беовоз), ки барои дидану шунидан бо ёрии воситаҳои мувофиқи техники таҳия гардидаанд (аудивидеофилмҳо, кинофилмҳо, намоишномаҳо, реклама, барномаҳои консерти ва љайра) (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7, аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 2. Доираи амали қонуни мазкур

Қонуни мазкур ба ҳамаи намудҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ба истиснои телевизион ва радиошунавонии махсуси маҳдуд (истеҳсоли, технологи, таълими ва маъмури), дустдорони алоқаи радиои, радиоспорт ё дигар намудҳои алоқа, ки дар асоси даъвати фарди ё барои паҳни ахбори махсус сурат мегиранд ва барои истифодаи умуми равона нашудаанд ва барои кирои (прокати) љайримавҷии маводи видео ва аудио дар муассисоти мухталиф хос нестанд татбиқ, мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7, аз 29.04.2006 № 184).

Қонуни мазкур нисбат ба пахш ва истеҳсолкунандагони асари аудиовизуали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудаанд, аммо барои берун аз ҳудуди он таъсисёфтагон танҳо дар қисмати ба пахши иттилооти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдошта татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.06.2004 № 814).

Муқаррароти Қонуни мазкур барои эфири телевизион ва радиошунавони ба пурраги ҳангоми ба амал баровардани телевизион ва радиошунавони бо истифода аз шабақаҳои кабели, ноқили, спутники, бисёрканалаи рақами, компютери, аз ҷумла шабақаи байналмилали (интернет) ва дигар шабакаҳо татбиқ мегардад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбини нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.06.2004 № 814).

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони

Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд:

– воқеънигори;

– ҳақиқатнигори;

– ҳуқуқи шаҳрвандон барои қабули ахбор;

– озодона иброз намудани фикру ақида;

– эҳтироми меъёрҳои умумибашарии ахлоқ;

– қатъиян риоя намудани одоби касби (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014, аз 2.01.2019 № 1572).

Моддаи 5. Ваколатҳои давлат дар соҳаи телевизион ва радиошунавони

Давлат сиёсати соҳаи телевизион ва радиошунавони ва асосҳои қонунгузории иҷрои онро муайян намуда, фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад, барои таъмини моддиву техникии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавони маблаљ ҷудо мекунад, ҳифзи иҷтимои ва ҳуқуқии кормандони ин соҳаро таъмин менамояд, ўҳдадориҳои байналмиллали Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро карда, иштироки онро дар созмонҳои байналмиллали ташкил менамояд, ҳамкориҳои байналмиллалиро дар соҳаи телевизион ва радиошунавони амали мегардонад.

Моддаи 5 (1). Танзими давлати ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавони

Танзими давлати ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавони аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014):

– таҳия ва таъмини амали намудани сиёсати давлати дар соҳаи телевизион ва радиошунавони;

– назорат ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти телевизион ва радиошунавони;

– назорат аз болои барномаҳо ва ахбори телевизиону радио, ки аз эфир пахш мешаванд ва аз болои сифати техникии пахш;

– вазифаҳои дигари бо қонун пешбинишуда.

Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 30.06.2004 № 814, аз 22.07.2013 № 1014).

Моддаи 6. Манъи дахолат ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони

Дахолати мақомоти давлати, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори онҳо, ҳизбҳои сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони, ҳамчунин сензураи давлати ва таъқиб барои танқид манъ аст (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014).

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи таљйир додан ва дигар намудани сохтори ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавониро надоранд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 7. Маҷмўи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони

Маҷмўи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлати ва љайридавлати ташкил медиҳанд.

Моддаи 8. Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавони

Маҷмўи ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз телевизион ва радиошунавонии ҷумҳурияви, телевизион ва радиошунавонии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва радиошунавонии ноқилии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури иборатанд, ки аз ҳисоби буҷет маблаљгузори мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Ба ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавони ҳуқуқи бартари доштан дар истифодаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиошунавони дода мешавад.

Моддаи 9. Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавони

Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавони инҳоянд:

– сари вақт огоҳ намудани шунавандагони радио ва тамошобинони телевизион аз ҳаводиси ҷамъиятию сиёси ва дигар воқеоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он, паҳн намудани ахбори расми, санадҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва ҳокимияти суди, ки ба таблиљи расми ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7);

– таҳия ва пахш кардани барномаҳои иқтисоди, публисисти, фарҳангию маърифати, таълими, шавқангез, варзишӣ ва сайёҳӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1572);

– инъикоси рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мусоидат ба таҳкими робитаҳои байналмиллали Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 10. Ташкилотҳои љайридавлатии телевизион ва радиошунавони

Ташкилотҳои љайридавлатии телевизион ва радиошунавони ташкилотҳое мебошанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардида, дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда аз ҳисоби худмаблаљгузори фаъолият менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7, аз 22.07.2013 № 1014).

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС, ИЧОЗАТНОМАДИХИ ВА ҚАТЬ КАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТХОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНИ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Моддаи 11. Таъсисдиҳӣ ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахси ҳуқуқӣ муайян намудааст, таъсис меёбанд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

намояндагӣ ва филиалҳои онҳо мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ” амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 12. Иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи телевизиону радио

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Иҷозатномадиҳӣ ба ташкилот барои фаъолият дар соҳаи телевизиону радио мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 13. Қатъ намудани фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавони

Фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавони бо қарори муассисон (шарикмуассисон) ё суд қатъ мегардад ва дар ин бора ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014).

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА НАВЪҲОИ ПАХШИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

Моддаи 14. Ољози нашри барномаҳо

Ташкилоти телевизион ва радиошунавони ҳақ дорад, ки нашри барномаҳоро аз вақти гирифтани иҷозатнома (литсензия) ољоз намояд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Соҳиби воситаҳои техникии пахш ё ташкилоти истифодабарандаи онҳо ҳақ надорад ин воситаҳоро ба ихтиёри ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоние вогузорад, ки онҳо иҷозатнома (литсензия) надоранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони пахши барномаҳоро тавассути воситаҳои техникии худи ё иҷорагирифта амали мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Моддаи 15. Нишонаҳои нашр

Ташкилоти телевизион ва радиошунавони вазифадор аст, ки ҳар рўз нома ва дигар маълумотҳои рамзии худ (сароҳанг, нишона)-ро эълон намояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 16. Ҳуқуқ ва тартиби истифодаи шабакаҳои нашр

Тартиби истифодаи шабакаҳои нашри барномаҳои телевизион ва радиошунавониро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад (Қонуни ҶТ аз 21.05.1998с. № 580, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014).

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони баъди гирифтани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқ доранд, ки аз мавҷҳои барои пахши барномаҳо муайян гардида истифода намоянд, ҳамчунин воситаҳои техникии пахши барномаҳоро тибқи қарордод бо соҳибонашон молики, ихтиёрдори ва истифода кунанд (Қонун аз 28.02.04с. № 580).

Моддаи 17. Намоиши телевизиони ва радиошунавони тавассути спутник

Намоиши телевизиони ва радиошунавони тавассути спутник дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин истифода мешавад:

– дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё минтақаҳои алоҳидаи он паҳн кардани барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);

– табодули барномаҳо байни ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики дигар.

Тартиби пахши барномаҳоро тавассути спутник Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014).

Моддаи 18. Нашри барномаҳо тавассути кабел (сим)

Шабакаи нашри барномаҳо тавассути кабел (сим) бо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил мешавад. Тартиби истифодаи ин шабакаҳоро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014).

Ташкилоте, ки соҳиби шабақаи бисёрбарномави аст, вазифадор мебошад, ки ба абонентҳои худ барномаҳои телевизион ва радиошунавонии давлатиро бирасонад.

Моддаи 19. Забони барномаҳои телевизион ва радио

Ташкилотҳои телевизион ва радио барномаҳоро ба забони давлати, инчунин ба забонҳои дигар пахш мекунанд.

Моддаи 20. Ҳуқуқ ба дарёфти маълумот

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони, кормандони онҳо барои пешбурди фаъолияти хеш тибқи муқаррароти қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки аз мақомоти давлати, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо маълумоти заруриро гиранд. Шахсони мансабдор, ки ба ташкилоти телевизион ва радиошунавони маълумот медиҳанд, барои ҳаққони будани он ҷавобгаранд.

Баҳсҳо ба сабаби риоя карда нашудани талаботи ин модда аз ҷониби суд барраси мегардад.

Моддаи 21. Нашри иттилооти расми ва дигар хабарҳои ҳатми

Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавони вазифадоранд, ки изҳороти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми ҳудуди мамлакат мунташир намоянд.

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони, новобаста аз шакли моликияташон, ҳуқуқ надоранд, ки аз интишори хабарҳо роҷеъ ба ҳолатҳои фавқулодда даст кашанд. Ҳуқуқи истифодаи телевизион ва радиошунавони ба ин мақсад дар дасти мақомот ва шахсони мансабдоре мебошад, ки салоҳияти ҳалли масъалаҳоро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда доранд.

Моддаи 22. Истифодаи телевизион ва радиошунавони дар давраи маъракаҳои интихоботи

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Тартиби истифодаи телевизион ва радиошунавониро дар давраи маъракаҳои интихоботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 23. Додани вақт дар барнома барои суханрони ва изҳороти расми

Пахши барнома аз ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлати дар асоси ҳаҷми умумии барномаҳо ва маблаљгузории умуми сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 6.08.2001 № 35).

Пахши барнома аз иҷлосияи Маҷлисҳои вилояти ва дигар маҷлисҳои маҳалли аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлати дар асоси шартномаи байни сатҳҳои муайяни маҷлис ва ташкилоти телевизион ва радиошунавони сурат мегирад.

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлати бо талаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси милли ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои изҳороти расми оид ба масоили муҳими ҳаёти давлат вақт ҷудо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 6.08.2001 № 35).

Моддаи 24. Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Истифодаи рсклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама” амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 25. Қароргоҳҳои муҳбирон

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони ҳақ доранд тибқи муқаррарот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он қароргоҳҳои муҳбирон таъсис диҳанд, ки ин қароргоҳҳо воҳидҳои сохтории (филиали) ташкилоти телевизион ва радиошунавони буда, манфиатҳои онро пуштибони мекунанд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 26. Намояндаги

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони ҳақ доранд, ки дар назди мақомоти давлати ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон ҳайатҳои эҷоди ва кормандони алоҳидаро намоянда таъин намоянд. Тартиби намоянда таъин кардани ҳайатҳои эҷоди ва кормандони алоҳидаи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 27. Нигаҳдории барномаҳои телевизион ва радио

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони ўҳдадоранд, ки сабти аудио ва видеои барномаҳоро баъд аз интишорашон то як моҳ маҳфуз доранд ва онҳоро ба қайд гирифта, дар он мавзўъ мазмуни мухтасар, рўзи интишор, вақти ољозу анҷоми он, ному насаби муаллифон, муҳаррири барномаи телевизион ва радиоро зикр намоянд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Тартиб, мўҳлат ва шартҳои муддати зиёд нигоҳ доштани барномаҳои телевизион ва радиоро, ки қадру қимати бадеи, таърихи, фарҳанги ва қадру қиммати дигар доранд, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонун аз 21.05.98с. № 580, аз 22.07.2013 № 1014).

БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНИ ВА КОРМАНДОНИ ОНҲО

Моддаи 28. Ҳуқуқи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони метавонанд барномаҳои телевизиону радио истеҳсол намоянд ё аз барномаҳою маҳсулоти аудиовизуалии дигар ташкилотҳое, ки иҷозатнома (литсензия) доранд, истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони барои эҷоди барномаҳо (филмҳо) ҳуқуқи муаллифи доранд, ҳамчунин ба онҳо тибқи қарордодҳои ба имзорасида ҳуқуқи муаллифи дода мешавад.

Ташкилоти телевизион ва радиошунавони ҳақ дорад, ки ба дигар ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқи ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он инҳоро розиги диҳад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184):

– пахши мустақими интиқоли пахш барномаҳои (филмҳои) худ, тасвиру овоз ё фурўхтани сабтҳои барномаҳо (филмҳо), ки моли он аст, ҳамчунин сабти асарҳои мусиқи ва адаби-драмави, ки онҳоро ташкилоти телевизион ва радио дар студия ё муассисаҳои театри сабт намудааст (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Бе иҷозати ташкилоти телевизион ва радиошунавони барномаҳои (филмҳои) вай дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд:

– барои истифодаи порчаҳои мухтасар-на зиёдтар аз 5 дақиқа аз ҳар барнома (филм);

– ба мақсадҳои тарбияви дар муассисаҳои таълими.

Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавони муносибатҳои худро бо дигар корхона, муассиса, ташкилот дар асоси шартнома ба роҳ мемонанд (Қонуни ҶТ аз 30.06.2004 № 814).

Ташкилоти телевизион ва радиошунавони ҳақ надорад:

– маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахбору маводе, ки ба зўран сарнагун сохтан ё таљйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент за шахрвандонро паст мезанад, ҷанг, зулму зўроварӣ, терроризм ва экстремизмро дар ҳама гуна зуҳуроташон, хусумати нажодию миллӣ, маҳалгароӣ, бартарият ва оштинопазирии динӣ ё мазҳабӣ, фаҳшу фуҷурро таблиљ мекунад, ахлоқи ҷомеаро мекоҳонад, ба содир намудани дигар кирдори ҷиноятӣ мусоидат мекунад, пахш намояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

– пахши маълумоти дорои сирри давлати ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахбору маводе, ки ба зўран сарнагун сохтан ё таљйир додани сохти конститутсиони даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент ва шахсро паст мезанад, ҷанг, зулму зўровари, хусумати нажодию милли, маҳалгарои ва ё дини, мазҳаби, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷурро таблиљ мекунад, ахборе, ки ахлоқи ҷомеаро мекоҳонад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 12).

Дар сурати бе иҷозат истифода гардидани маҳсулоти худ ташкилоти телевизион ва радиошунавони ҳақ дорад товони зарареро, ки дар натиҷаи поймол шудани ҳуқуқаш дидааст, талаб намояд.

Моддаи 29. Ўҳдадории ташкилоти телевизион ва радиошунавони

Ташкилоти телевизион ва радиошунавони ўҳдадор аст:

– ахбори ҳаққониро паҳн намояд;

– ба пахш ва қабули барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии дигар мамониат накунад;

– талаботи маъёрҳои давлатии технология ва хусусиятҳои техникии телевизион ва радиошунавониро риоя намояд;

– абонентҳоро пешаки аз таљйири барномаҳои телевизион ва радио, ҳамчунин оид ба шароити интишори онҳо воқиф намояд;

– талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1572).

Моддаи 30. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони

Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро низомномаю оинномаҳои ин ташкилотҳо муайян мекунанд.

Моддаи 31. Ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион за радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидмати ҳалок гаштани кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳояшон ва ё меросхуронашон кўмакпулии яквақта дар ҳаҷми даҳ маоши солонаи шахси ҳалокшуда аз рўи вазифаи охирини хидматиаш дода мешавад. Ба меросхурон ба андозаи маоши миёнаи қурбоншудагон нафақаи гум кардани саробон таъин мегардад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидмати маҷрўҳ шудани корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин васила имкони идома додани фаъолияти касбиашро аз даст додааст, ба вай кўмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ музди солонаи кор аз рўи вазифаи охирини хидматии ў дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Агар корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидмати ҷароҳати дигар бардошта бошад, ба ў кўмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ маоши миёнаи якмоҳаашон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Тартиби пардохти маблаљҳои дар моддаи мазкур зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 32. Маблаљгузории ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавони

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавони аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблаљгузорӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Манбаъҳои даромади иловагии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавони ҳамчунин инҳо буда метавонанд:

– пардохти ҳаққи абоненти:

– фаъолияти рекламави ва тиҷорати;

– барномаҳои фармоиши телевизион ва радио;

– таҳия ва истеҳсоли барномаҳои телевизиону радио ва видеофилмҳо (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

– нашри рўзнома, маҷалла, бюллетенҳои иттилооти ва китобҳо;

– истеҳсол, фурўш ва кирояи (прокати) кассетаҳои сабти овозу тасвир (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

– ташкили спектаклҳо, консертҳо ва дигар чорабиниҳои намоишии пулаки;

– фаъолияти иқтисодии хориҷи ва навъҳои дигари фаъолият, ки қонун пешбини кардааст;

– маблаљҳои спонсорҳо, мақомоти давлати, фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъияти, ҳамчунин шаҳрвандони алоҳида.

БОБИ 5. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИ ДАР СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНИ

Моддаи 33. Ҳамкории байналмиллали ташкилоти телевизион ва радиошунавони

Ҳамкории ташкилоти телевизион ва радиошунавони бо шарикони хориҷи дар асоси шартномаҳои имзошудаи байналмиллали Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартномаҳои мустақим сурат мегиранд.

Фаъолияти иқтисодии хориҷии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони тибқи муқаррароти Қонун “Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва шартномаҳои байналмиллали дахлдор сурат мегирад.

Моддаи 34. Фаъолияти намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти мухбирони хориҷии телевизион ва радиошунавони аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014).

Вазъи ҳуқуқи ва фаъолияти касбии намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014).

Моддаи 36. Асосҳои аз ҷавобгари озод намудан

Ташкилоти телевизион ва радиошунавони, кормандони он барои паҳн намудани маълумоте, ки ба маълумоти воқеи мутобиқат надорад, дар ҳолатҳои зерин аз ҷавобгари озод карда мешаванд:

– агар ин маълумот дар ахбори расми интишор ёфта бошад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

– агар маълумот аз агентиҳои давлати ё маркази матбуоти мақомоти давлати ва мақомоти иттиҳодияҳои шаҳрвандон гирифта шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

– агар маълумот ҳангоми пахши мустақим бар хилофи нияти муаллифон паҳн шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

– агар ин маълумот тавассути васоити дигари ахбори омма нашр шуда бошад ва зимнан манбаи он зикр гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 14 декабри соли 1996 № 382