ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

0
4407

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 132)

Қонуни мазкур принсипҳои асосии таъмини ҳифзи иттилоот ва танзими муносибатҳои ҳуқуқии дар ин coҳа ба вуҷуд омадаро муқаррар менамояд.

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсадҳои ҳифзи иттилоот

Ба мақсадҳои ҳифзи иттилоот мансубанд:

– пешгири намудани ихроҳи, дузди, гумшави, љалат маънидодкуни, сохтакории иттилоот;

– пешгири намудани амалиётҳои беиҷозат оиди нобудсози, таљйирдиҳи, љалат маънидодкуни, нусхабардори ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот;

– пешгири намудани амалиётҳои боиҷозат ва беиҷозат, ки боиси қасдан ё бидуни қасд нобудсози, бастани роҳи паҳншави, љалат маънидодкуни (сохтакори), дузди, нусхабардори, ихроҷи, дигаргуншави ва таљйирёбии иттилоот гардиданаш мумкин аст.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асоси

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зайл истифода бурда мешаванд:

– таъмини техникии системаҳои иттилооти – маҷмўи воситаҳои техникие, ки барои кори системаи иттилооти пешбини шудаанд, инчунин ҳуҷҷатнокгардонии дахлдори ин воситаҳо ва равандҳои технологи;

– таъмини барномавии системаҳои иттилооти – маҷмўи барномаҳо барои татбиқи мақсадҳо ва вазифаҳои системаи иттилооти, инчунин барои мўътадил кор кардани маҷмўи воситаҳои техники;

– ҳифзи иттилоот – маҷмўи чорабиниҳо, ки бо мақсади пешгири намудани ихроҷи, дузди, гумкуни, нобудсозии беиҷозат, љалат маънидодкуни, таљйирдиҳи (сохтакори), нусхабардории беиҷозат ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот гузаронида мешаванд;

– самаранокии ҳифзи иттилоот – дараҷаи мутобиқати натиҷаҳои ба даст омадаи амалҳо оиди ҳифзи иттилоот ба мақсадҳои ҳифз;

– назорати самаранокии ҳифзи иттилоот – санҷиши мутобиқати самаранокии чорабиниҳои ҳифзи иттилоот ба талаботҳои муқарраршуда ё меъёрҳои самаранокии ҳифз;

– бехатарии иттилоот – ҳолати ҳимояшавии иттилооти дар системаҳои иттилооти кор карда баромада шуда аз таҳдиди дохили ё беруни;

– хориҷшавии иттилоот – паҳнкунии назоратнашавандаи иттилооти ҳифзшаванда дар натиҷаи дастрасшавии беиҷозат;

– дастрасшавии беиҷозат – ба даст овардани иттилооти ҳифзшаванда аз тарафи субъекти манфиатдор бо вайронкунии ҳуқуқ ё қоидаҳои дастрасшавии иттилооти ҳифзшаванда, ки ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи ё молики (соҳиби) иттилоот муқаррар кардаанд;

– фошкунии иттилооти ҳифзшаванда – беиҷозат расонидани иттилооти ҳифзшаванда ба истеъмолкунандагоне, ки ҳуқуқи дастрас кардани ин иттилоотро надоранд;

– таљйирдиҳии иттилоот – дигаргун сохтани иттилоот, ки иҷозати муаллиф ё молики иттилоотро талаб менамояд;

– аз нав сохтани иттилоот – таљйир додани иттилоот дар натиҷаи амалиёти аз тарафи система ё технологияи иттилооти амрномадодашуда;

– љалат маънидодкуни ва сохтакории иттилоот – таљйир додани иттилоот дар натиҷаи амалиётҳои гузаронидашуда оид ба махфидори, рафъсози, иваз ё дохил намудани ягон хел унсурҳои иттилоот дар сатҳи синтаксиси, семантики ё прагматики;

– бастани роҳи паҳншавии иттилоот – амалиёте, ки натиҷаи он қатъ шудани дастрасии иттилоот мебошад;

– нобудсозии иттилоот – ин амали барқасдона ё беэҳтиётона мебошад, ки дар натиҷаи он мавҷудияти иттилоот барои шахси ҳуқуқи ё воқеи дар ҳаҷми пурра ё маҳдуд қатъ мегардад;

– сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот – раванди муқаррар намудани мутобиқати воситаҳои истифодашавандаи ҳифзи иттилоот ба талаботи стандартҳои давлати ё ҳуҷҷатҳои дигари меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи иттилоот.

Моддаи 3. Қонунгузори оид ба ҳифзи иттилоот

Қонунгузории Чyмҷypии Тоҷикистон оиди ҳифзи иттилоот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷyмҳypии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии баиналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст иборат аст.

Моддаи 4. Воситаҳои ҳифзи иттилоот

Ба воситаҳои ҳифзи иттилоот мансубанд:

– ташкили;

– техники;

– барномави;

– дастгоҳи;

– ҷисмони;

– криптографи.

Моддаи 5. Объекти ҳифз

Объекти ҳифз иттилооти ҳуҷҷатнокгардидае мебошад, ки нисбати он қоидаҳои муайян ва истифодаи маҳдуди он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи доранда ё молики чунин иттилоот муқаррар карда шудаанд.

Моддаи 6. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи дар соҳаи ҳифзи иттилоот

Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи дар соҳаи ҳифзи иттилоот давлат дар шахси мақомоти идоракунии давлати, шахсони воқеи ва ҳуқуқи мебошанд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муқаррар намудани қоидаҳои муайян ва тартиби ҳифзи иттилоот, инчунин маҳдудиятҳоро ҳангоми кор бо иттилоот доранд.

Моддаи 7. Кафолати ҳифзи ҳуқуқи

Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот барои муҳофизат аз зарари дар натиҷаи амалиётҳои қонуни ё гаириқонуни расонидашуда, ки сабаби нобудшави, бастани роҳи паҳншави, љалат маънидодкуни (сохтакори), дузди, нусхабардори, хориҷшави, таљйиреби, дигаргун шудани иттилоот гардидаанд, инчунин ҳангоми вайронкунии ҳуқуқҳои муаллиф, ҳуқуқи доранда ё молики иттилоот бо тартиби муқарраршудаи қонунгузори ҳуқуқ доранд.

Моддаи 8. Ба танзим даровардани муносибатҳои байни субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот

Муносибатҳои байни субъектҳои ҳуқуқи ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки категорияҳои иттилоотро аз рўи дараҷаи дастраси ба он муайян менамоянд, тартиби ҳифзи иттилоот, инчунин бо шартномаҳо ва созишномаҳое, ки байни субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи баста шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд.

Субъектҳои муносибати ҳуқуқи ўҳдадоранд якдигарро оиди хусусиятҳо, усулҳо ва шаклҳои коркарди иттилоот, ҳифзи он хабардор намоянд ва розигии молик ё дорандаи иттилоотро оиди коркарди он гиранд.

БОБИ II. ТАШКИЛИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

Моддаи 9. Танзим ва идоракунии давлати дар соҳаи ҳифзи иттилоот

Мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иттилоотро бо роҳҳои зерин идора мекунад:

– гузаронидани сиёсати ягонаи техники оид ба ҳифзи иттилоот;

– таҳияи консепсияҳо, талабот, асноди меъёрию техники ва тавсияҳои илмию методии ҳифзи иттилоот;

– тасдиқ намудани тартиби ташкил, фаъолият ва назорати иҷрои тадбирҳои ҳифзи иттилооте, ки моликияти давлат аст, инчунин тавсияҳо оид ба ҳифзи иттилооте, ки моликияти шахси воқеи ва ҳуқуқи мебошад;

– ташкили озмоиш ва сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;

– таъсиси сохторҳои идорави ва соҳавии ҳамоҳангсоз ҷиҳати ҳифзи иттилоот;

– гузаронидани аттестатсияи кормандони мақомот, марказу лабораторияҳои сертификатсиони, додани иҷозатнома дар соҳаи ҳифзи иттилоот (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 132);

– анҷом додани назорати иҷрои корҳо оиди ташкили ҳифзи итгилоот;

– муайян намудани тартиби ба шахсони воқеи ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷи дастрас будани иттилооте, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооти шахсони ҳуқуқи ва воқеи, ки нисбат ба паҳн намудан ва истифодаи он аз ҷониби давлат маҳдудиятҳо муқаррар гардидаанд.

Вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни ҳалли масъалаҳои ҳифзи иттилоотро дар доираи салоҳияти худ таъмин мекунанд.

Моддаи 10. Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи ҳифзи иттилоот

Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи ҳифзи иттилоот тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият” анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 132).

Моддаи 11. Умури ҳифзи иттилоот

Дар муассисаҳо ва ташкилотҳои давлати мумкин аст воҳидҳо, умурҳое ташкил карда шаванд, ки кори вобаста ба ҳифзи иттилоот, дастгирии сатҳи ҳифзи иттилоотро ташкил менамоянд ва барои самаранокии ҳифзи иттилоот мутобиқи талаботи Қонуни мазкур масъул мебошанд.

Моддаи 12. Маблаљгузории корҳо

Корҳои марбут ба иҷрои талаботи иловаги оид ба ҳифзи иттилоот, ки аз шакли сертификатсиони фарқ дорад, аз ҷониби ашхоси воқеи ё ҳуқуқие, ки онҳоро муайян намудаанд ва ё дар асоси шартнома маблаљгузори карда мешаванд.

БОБИ III. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

Моддаи 13. Таъмини ҳифзи иттилоот

Ҳифзи иттилоот бо роҳҳои зайл таъмин карда мешавад:

– аз тарафи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи риоя намудани меъёрҳо, талабот ва қоидаҳои хусусияти ташкили ва техники дошта оиди ҳифзи итгилоот;

– истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор, таъмини барномави ва дастгоҳи ва умуман воситаҳои ҳифз, ки ба талаботи муқарраршуда оиди ҳифзи иттилоот ҷавобгў мебошанд;

– ба ҷо овардани назорати ҳифзи иттилоот.

Моддаи 14. Муқаррар намудани талаботу қоидаҳо ва шартҳои ҳифзи иттилоот

Талаботу қоидаҳои ҳифзи иттилоот, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооте, ки ҳифзи он аз тарафи давлат кафолат дода шудааст, аз тарафи мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои коркарди иттилоот бо тартиби муқаррарнамудаи, низомномаи дахлдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ба ҷо оварда мешавад.

Ин талаботу қоидаҳо ва шартҳои ҳифзи иттилоот барои ҳамаи субъектҳои ин муносибатҳо ҳатми мебошанд.

Моддаи 15. Вазифаҳои мақомоти давлати оид ба сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот

Воситаҳои ҳифзи иттилоот бояд сертификати мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.

Дар рафти сертификатсияи воситаҳои ҳифз санҷиши (аттестатсияи) онҳо низ гузаронда мешавад.

Молики иттилоот ҳуқуқ дорад ба мақомоти сертификатсия бо дархост оиди гузаронидани санҷиши воситаҳои ҳифз ва гирифтани хулосаҳои дахлдор муроҷиат намояд.

Таъсис ва мутобиқати системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро оид ба талаботи бехатарии иттилоот мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонад, ки он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот оид ба талаботи бехатарии иттилоот, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудаст, фаъолият мекунад.

Мақоми давлатие, ки сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро ба ҷо меорад, иҷрои вазифаҳои зайлро таъмин менамояд:

– ташкил ва мутобиқ кардани системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба талаботи бехатарии иттилоот;

– ташкил ва кор кардани системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;

– муайян намудани феҳристи воситаҳои ҳифз, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд;

– муқаррар намудани қоидаҳои ваколатдоршави барои гузаронидани корҳо оид ба сертификатсия (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 132);

– таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёри ва методии системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;

– тартиб додани рўйхати давлатии иштирокчиён ва объектҳои сертификатсия;

– ба ҷо овардани назорати давлати (аз ҷумла бозраси) барои риоя намудани қоидаҳои сертификатсия ва воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот;

– баррасии шикоятҳо оид ба масъалаҳои сертификатсия;

– ташкили нашри давравии маълумотҳо оиди системаи сертификатсия, талабот ва қоидаҳои он, бо нишон додани феҳристи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бо параметрҳои сертификатсияшавандаи онҳо бояд сертификатсия карда шаванд, феҳристи мақомот оиди сертификатсияи намудҳои муайяни воситаҳои ҳифзи иттилоот, феҳристи марказҳои (лабораторияҳои) озмоиши, феҳристи ҳуҷҷатҳои меъёри ба мутобиқати талаботҳое, ки аз рўи онҳо сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот гузаронида мешавад ва ҳуҷҷатҳои методи оиди гузаронидани озмоишҳои сертификатсиони;

– мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти сертификатсия ва мақомоти озмоиши (лабораторияҳо), ки ба системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот дохиланд.

Системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот бо талаботи бехатарии иттилоот аттестатсияи объектҳои иттилоотониро бо талаботи бехатарии иттилоот низ дарбар мегирад ва бояд бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷyмҳypии Тоҷикистон ба қайди давлати гирифта шаванд.

Моддаи 16. Сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот

Таҳти мафҳуми объектҳои иттилоотони, ки бо талаботи бехатарии иттилоот аттестатсия мешаванд, системаҳои автоматии (АС) сатҳҳои гуногун ва таъинотҳо, системаҳои алоқа, тасвир ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо дар якҷояги бо биноҳое, ки дар онҳо гузошта шудаанд, иттилооти барои коркард ва додан пешбинишудае, ки бояд ҳифз карда шаванд, инчунин худи биноҳо, ки барои бурдани гуфтугўҳои махфи пешбини гардидаанд, фаҳмида мешавад.

Мавриди сертификатсияи ҳатми воситаҳо, аз ҷумла истеҳсоли хориҷи, ки барои ҳифзи иттилоот таъин шудаанд ва сирри давлатиро ташкил менамоянд, инчунин дигар иттилоот бо маҳдудияти дастраси, инчунин воситаҳое, ки дар идораи объектҳои аз ҷиҳати экологи хатарнок истифода мешаванд, қарор мегиранд. Феҳристи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, аз тарафи мақомоти давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ менамояд, кор карда баромада ва тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳои боқимонда сертификатсия хусусияти ихтиёри (сертификатсияи ихтиёри) дорад ва бо ташаббуси таҳиягар, тайёркунанда ё истифодабарандаи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба ҷо оварда мешавад.

Озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилоот аз тарафи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишии ваколатдор дар базаи моддию техникии онҳо ё бо мувофиқа бо мақоми давлатие, ки системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи итгилоотро мутобиқ мекунад, дар базаи аризадиҳанда гузаронида мешавад.

Асоси гузаронидани корҳо оид ба сертификатсия шартномаи байни иштирокчиёни сертификатсия мебошад.

Хароҷоти гузаронидани сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба арзиши аслии он дохил карда мешавад.

Қарори боздоштан ё бекор кардани амали сертификат ва шаҳодатномаи ваколатдориро мақоми давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ менамояд, қабул мекунад.

Мақомоте, ки фаъолиятро оиди сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба амал мебароранд вa марказҳои (лабораторияҳои) озмоиши барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда, таъмини нигоҳдории сирри давлати, дигар маълумотҳои махфи, инчунин барои риояи ҳуқуқҳои муаллифии аризадиҳандагон ҳангоми озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилооти онҳо ҷавобгар мебошанд.

Дар бораи амалҳои љайриқонунии мақомоти сертификатсия мумкин аст ба тариқи суди шикоят карда шавад.

БОБИ IV. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

Моддаи 17. Ҳамкори доир ба масьалаҳои ҳифзи иттилоот

Бо мақсади таъмини ҳамкории байнидавлати мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда кори худро оиди ҳифзи иттилоот бо мақомоти ҳифзи иттилооти дигар давлатҳо тибқи санадҳои ҳуқуқии баиналмилали, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамоҳанг месозанд.

БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 18. Ҷавобгари барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Барои вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ҷавобгари мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Товони зарари расонидашуда дар ҳаҷми пуррааш бо роҳи ихтиери ё бо тартиби суди рўенида мешавад.

Моддаи 19. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз нашри расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

2 декабри соли 2002 № 71