(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 320; с. 2012, №7, мод. 698)
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848, аз 27.11.2014 № 1164)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, мақсад, вазифа, принсип, субъект ва объектҳои муносибатҳои иттилоотиро ба танзим дароварда, сиёсати давлатии иттилоотиро дар ҷомеа муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848)
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848)
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848):
– иттилоот – маълумот дар бораи шахc, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;
– фаъолияти иттилоотӣ – маҷмўи амалиётест, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иттилоотии субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ равона гардидааст;
– соҳаҳои иттилоотӣ – маҷмўи маълумоти эълоншуда оид ба соҳаҳои нисбатан мустақили ҳаёту фаъолияти ҷомеа ва давлат;
– иттилооти омории давлатӣ- иттилооти ҳуҷҷатии расмии давлатиест, ки ба воқеаҳо ва падидаҳои дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдода тавсифоти миқдорӣ медиҳад;
– иттилооти оммавӣ – иттилоотест, ки ба таври оммавӣ тавассути нашрияҳо, воситаҳои сабти овоз ва видео паҳн карда мешавад;
– иттилооти ҳуқуқи – маҷмўи маълумоти ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба ҳуқуқ, системам он, манбаъҳои татбиқ ва далелҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, вайрон кардани ҳуқуқ ва мубориза бо он, пешгирии қонуншиканӣ ва љайра;
– иттилоот оид ба шахсият – маҷмўи маълумоти ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба шахсият;
– иттилооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ – маълумоти муназзам, ҳуҷҷатӣ ё маълумоти ба таври оммавӣ эълоншуда дар бораи ҳаёти ҷамъиятӣ, давлатӣ ва муҳити табиии зист (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848);
– иттилооти ҳуҷҷатикунонида (аснод) – иттилооти дар манбаи моддии иттилоот қайдшуда бо маълумотҳое (реквизитҳое), ки барои ҳаммонандкунии он имкон медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848);
– иттилооти мақомоти системаҳои давлатии идоракунӣ – иттилооти расмии ҳуҷҷатӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти ҷории ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ташкил карда мешавад;
– иттилооти иҷтимоишиносӣ – маълумоти сотсиологии ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба муносибатҳои шаҳрвандони алоҳида ё гурўҳҳои иҷтимоӣ нисбат ба воқеа ва рўйдодҳои ҷамъиятӣ, ҷараёнҳо ва далелҳо (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848);
– иттилоот дар бораи шаҳрвандон (маълумоти шахсӣ) – маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои зиндагии шаҳрванд, ки ба ҳаммонандкунии шахсияти ў имкон медиҳад;
– иттилооти махфӣ – маълумоти дорои сирри давлатии дар моддаҳои 13-18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” пешбинӣ гардида, ки ифшо ё гум кардани онҳо ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1164);
– иттилооти пинҳонӣ (конфиденсиалӣ) – маълумот дар соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдории шахсони алоҳидаи воқеӣ ё ҳуқуқӣ қарордошта, ки метавонанд бо хоҳиши молик ба таркиби маълумоти давлатӣ дохил карда шаванд;
– санади ибтидоӣ – санадест, ки иттилооти аввалияро дар бар мегирад;
– санади дуюмдараҷа – санадест, ки натиҷаҳои коркарди таҳлилӣ ё коркарди як ё якчанд манбаи дигари иттилоотиро дар бар мегирад;
– ҷараёни иттилоотӣ – ҷараёни ҷамъоварӣ, коркард, захиракунонӣ, нигоҳдорӣ, ҷустуҷў ва паҳн намудани иттилоот;
– системаи иттилоотӣ – маҷмўи асноди аз нигоҳи ташкилӣ танзимшуда, ҳаҷми аснод ва технологияи иттилоотӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва алоқа, ки ҷараёни иттилоотиро татбиқ месозанд;
– захираҳои иттилоотӣ – асноди алоҳида, ҳаҷми ҷудогонаи аснод ва ҳаҷми аснод дар системаҳои иттилоотӣ (китобхонаҳо, бойгониҳо, фондҳо, махзанҳои маълумот ва дигар системаҳои иттилоотӣ);
– маҳсулоти иттилоотӣ – натиҷаи моддии фаъолияти иттилоотӣ, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иттилоотии шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилот пешбинӣ гардидааст;
– хизматрасонии иттилоотӣ – дар шакли муайяннамудаи Қонуни мазкур анҷом додани фаъолияти иттилоотӣ ҷиҳати расонидани маҳсулоти иттилоотӣ то истифодабарандагон бо мақсади қонеъгардонии эҳтиёҷоти иттилоотии онҳо (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848);
– ҳуқуқи моликият ба иттилоот- муносибатҳои ҷамъиятии қонунан танзимшуда оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории иттилоот;
– молики захираҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ, технология ва воситаҳои таъмини онҳо – субъекте, ки объектҳои зикршударо соҳибӣ ва истифода намуда, ваколатҳои ихтиёрдории онҳоро дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ татбиқ менамояд;
– истифодабарандаи иттилоот – субъекте, ки ба системаи иттилоот ё ба миёнарав барои гирифтани маълумоти зарурӣ муроҷиат мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012№848).
Моддаи 2. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848)
Қонуни мазкур меъёрҳои умумии ҳуқуқӣ гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоотро муқаррар менамояд, ҳуқуқи субъекти муносибатҳои иттилоотиро ба иттилоот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин системаи иттилоот ва манбаҳои онро таҳким бахшида, мақоми иштирокчиёни муносибатҳои иттилоотиро муайян мекунад, дастрас намудани иттилоотро танзим ва ҳифзи онро таъмин, шахсият ва ҷомеаро аз иттилооти бардуруљ муҳофизат менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Моддаи 3. Қонунгузорӣ дар бораи иттилоот
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттилоот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Моддаи 4. Принсипҳои асосии муносибатҳои иттилоотӣ
Принсипҳои асосии муноcибатҳои иттилоотӣ аз инҳо иборатанд:
– ҳуқуқи кафолатнок ба иттилоот;
– ошкоро ва дастрас будани иттилоот ва мубодилаи озоди он;
– ҳақонӣ ва саҳеҳ будани иттилоот;
– мукаммалӣ, саривақтӣ ва дақиқ, будани иттилоот;
– қонунӣ будани гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот.
Моддаи 5. Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ
Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ инҳо мебошанд:
– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– шахсони ҳуқуқӣ;
– давлат.
Мувофиқи Қонуни мазкур дигар давлатҳо, шаҳрвандони онҳо, шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд низ метавонанд субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ бошанд.
Моддаи 6. Объектҳои муносибатҳои иттилоотӣ
Иттилооти ошкоршаванда дар бораи шахc, воқеаҳо ва падидаҳо дар соҳаи сиёсат, иқтисод, фарҳанг, илму техника, иҷтимоиёт, экология, соҳаҳои байналмилалӣ ва дигар соҳаҳо объектҳои муносибатҳои иттилоотӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Моддаи 7. Сиёсати давлатии иттилоотӣ
Сиёсати давлатии иттилоотӣ аз маҷмўи самтҳои асосӣ ва усулҳои фаъолияти давлат ва дигар субъектҳо оид ба гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот иборат мебошад.
Самтҳо ва усулҳои асосии сиёсати давлатии иттилоотӣ аз инҳо иборатанд:
– љамхории давлат ва дигар субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ дар бораи таъсиси саривақтӣ, фаъолияти зарурӣ ва рушди системаҳои иттилоотӣ, шабакаҳо, маҳзан ва манбаи маълумот дар тамоми самтҳои фаъолияти иттилоотӣ;
– таъмини ворид шудани саривақтии шаҳрвандон ба иттилоот;
– дар асоси љайриинҳисорӣ таъсис додани система ва шабакаҳои миллии иттилоот;
– таҳкими асосҳои моддию техникӣ, молиявӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва илмии фаъолияти иттилоотӣ;
– таъмини истифодаи самарабахши иттилоот;
– мусоидат ба навсозӣ, љанигардонии доимӣ ва ҳифзи захираҳои миллии иттилоотӣ;
– ташкили системаи ҳифзи иттилоот;
– мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот ва кафолат додани мустақилияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сиёсати давлатии иттилоотиро мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин идораҳои дахлдори иттилоотӣ таҳия ва татбиқ менамоянд.
Моддаи 8. Ҳуқуқ ба иттилоот
Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ ба имконияти озодона гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани маълумоте, ки ҷиҳати татбиқи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ, анҷом додани мақсад ва вазифаҳои онҳо заруранд, ҳуқуқ доранд.
Татбиқи ҳуқуқ, ба иттилоот аз ҷониби субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ набояд ҳуқуқҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтиcодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, экологӣ ва дигар ҳуқуқҳо, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро вайрон кунад ва ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад.
Ба ҳар як шаҳрванд, ба иcтиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, озодона дастрас намудани иттилоот, ки шахсан ба ў дахл дорад, таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Моддаи 9. Кафолати ҳуқуқ ба иттилоот
Ҳуқуқ ба иттилоот чунин таъмин карда мешавад:
– бо баамалбарории тартиби татбиқи ҳуқуқ ба иттилоот;
– бо роҳи амалӣ намудани назорати давлатии риояи қонунгузорӣ оид ба иттилоот;
– муқаррар намудани масъулият барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба иттилоот.
БОБИ 2. ФАЪОЛИЯТИ ИТТИЛООТӢ
Моддаи 10. Фаъолияти иттилоотӣ
Бо мақсади татбиқи қаноатбахши фаъолияти иттилоотӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти хадамоти иттилоотӣ системаҳо, шабакаҳо, манбаъ ва маҳзани маълумот таъсис медиҳанд.
Тартиби таъсис, сохтор, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муайян карда мешавад.
Моддаи 11. Самтҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ
Самтҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ аз соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, экологӣ, илмию техникӣ, байналмилалӣ ва дигар cоҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ иборатанд.
Давлат, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, озодии фаъолияти иттилоотиро дар ин самтҳо ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи ҳуқуқ ва озодӣ, вазифа ва салоҳияти онҳо кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Моддаи 12. Шаклҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848)
Шаклҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ инҳоянд:
– гирифтани иттилоот – ба даст овардан ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ намудани иттилоот дар бораи шахс, ашё, далелҳо, воқеаву падидаҳо ва љайра, сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;
– истифода намудани иттилоот – қонеъгардонии эҳтиёҷоти иттилоотии давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
– паҳн кардани иттилоот – интишор ва мубодилаи иттилоот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ҳифз намудани иттилоот – таъмини ҳолати зарурии иттилоот, ифодакунандагони моддии он ва баҳисобгирии онҳо (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Моддаи 13. Маълумоти касбӣ дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон барои гирифтани маълумоти касбӣ дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ тавассути системаҳои муассисаҳои таълимии он шароит фароҳам оварда мешавад.
Тартиби таъсиси муассисаҳои таълимии самти иттилоотӣ (рўзноманигорӣ, омор, корҳои китобхонавӣ ва бойгонӣ, фаъолияти илмию иттилоотӣ, информатика, техникаи ҳисоббарор ва љайра) ва принсипҳои фаъолияти онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиcтон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Моддаи 14. Ташкили тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ
Барои таъмини фаъолияти самарабахш ва рушди cистемаҳои миллии иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ тадқиқоти ҷустуҷўӣ, бунёдӣ ва амалии илмӣ анҷом дода мешавад.
Бо ин мақсад муассисаҳои илмӣ, сохторҳои илмию истеҳсолӣ, иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо, марказҳои технологияи нави иттилоотӣ ва дигар воҳидхо, аз ҷумла бо иштироки шарикони хориҷӣ, таъсис дода мешавад.
Маблаљгузории тадқиқоти ҷустуҷўӣ ва бунёдии илмӣ, барномаҳои илмӣ, лоиҳаҳои дорои аҳамияти давлатӣ дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ аз ҳисоби маблаљгузориҳои буҷег, маблаљҳои худӣ ва фармоишгарон анҷом дода мешавад.
Маблаљгузории тадқиқоти амалӣ, коркардҳо чун қоида дар асоси шартнома ё қарордод анҷом дода шуда, натиҷаи онҳо метавонад мавзўи муносибатҳои молӣ бошад.
БОБИ 3. НАМУДҲО, МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ ВА НИЗОМИ ВОРИД ШУДАН БА ОН
Моддаи 15. Намудҳои иттилоот
Намудҳои асосии иттилоот иборат аз:
– иттилооти оморӣ;
– иттилооти оммавӣ;
– иттилооти фаъолияти мақомоти давлатӣ;
– иттилооти ҳуқуқӣ;
– иттилоот оид ба шахсият;
– иттиллооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ;
– иттилооти иҷтимоишиносӣ, шиносоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, экологӣ, хизматӣ, истеъмолӣ, бойгонӣ, илмӣ, илмӣ-техникӣ ва љайра.
Моддаи 16. Иттилооти давлатии оморӣ
Иттилооти давлатии оморӣ бояд ба таври мунтазам ошкоро интишор гардад. Озодона ворид шудани шаҳрвандон, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои манфиатдор ба маълумоти омории интишорнашуда, ки таҳти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон қарор нагирифтаанд, таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Системаи иттилооти оморӣ, манбаъҳо ва низоми он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омори давлатӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ин соҳа муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Моддаи 17. Иттилооти оммавӣ
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Воcитаҳои чопии ахбори омма ин матбуоти даврӣ, рўзномаҳо, маҷаллаҳо, бюллетенҳо ва нашрияҳои яквақта бо нусхаҳои муайян ба шумор мераванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Воситаҳои электронии ахбори омма иборатанд аз радио, телевизион, кино, сабти овоз ва сабти видео (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти воситаҳои алоҳидаи ахбори омма тибқи санадҳои қонунгузорӣ оид ба ин воситаҳо муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Моддаи 18. Иттилооти фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ
Иттилооти мақомоти фаъолияти идораи давлатӣ бо роҳҳои зерин ба маълумоти шахсони манфиатдор расонида мешаванд:
– интишори онҳо дар нашрияҳои расмӣ ё паҳн намудани онҳо аз ҷониби хадамоти иттилоотии мақомот ё ташкилотҳои дахлдори давлатӣ;
– интишори онҳо дар воситаҳои чопии ахбори омма ё эълони оммавӣ, аудиоӣ ва аудиовизуалии воситаҳои ахбори омма;
– бевосита расонидани онҳо ба маълумоти шахсони манфиатдор (ба таври шифоҳӣ, хаттӣ ё тартиби дигар) (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848);
– фароҳам овардани имконияти шиносоӣ бо маводи бойгонӣ, ҳисобот, санадҳои натиҷаҳои санҷиш ва љайра;
– ошкор намудани онҳо тавасcути маърўзаҳои оммавии шахсони мансабдор.
Манбаъҳо ва тартиби гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилооти расмии мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимият тибқи асноди қонунгузорӣ ба ин мақомот муайян карда мешавад.
Моддаи 19. Иттилооти ҳуқуқӣ
Манбаъҳои иттилооти ҳуқуқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, иттилооти воситаҳои ахбори омма, маърўзаҳои оммавӣ, дигар манбаъҳои иттилоот оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ давлат интишори расмии онҳоро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ба танзим медарорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Моддаи 20. Иттилоот оид ба шахсият
Маълумоти асосӣ ба шахсият (маълумоти инфиродӣ) иборат аст аз: миллат, маълумот, вазъи оилавӣ, вазъи моддӣ, мансубият ба дин, вазъи саломатӣ, инчунин суроља, сана ва маҳалли таваллуд.
Манбаъҳои иттилооти ҳуҷҷатӣ оид ба шахсият санадҳои ба номи ў додашуда, санадҳои аз ҷониби ў имзогардида, инчунин маълумот оид ба шахсият ба ҳисоб мераванд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳалли ҷамъ овардаанд.
Ҷамъоварӣ, ҳифз, истифода ва паҳн намудани иттилоот оид ба ҳаёти шахсӣ, ҳамчунин иттилооте, ки сирри шахсӣ ва оилавӣ, махфияти гуфтушуниди телефонӣ, муросилоти почта, телеграф ва дигар маълумоти оид ба шахсиятро бидуни розигии ў ошкор месозад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Ҳар як шахc ҳуқуқ дорад бо иттилооти доир ба ў ҷамъовардашуда шинос шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Иттилоот оид ба шахсият ба гурўҳи иттилооти пинҳонӣ марбут буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Моддаи 21. Иттилооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ
Манбаъҳои асосии ин иттилоот энсиклопедия, луљатҳо, маълумотномаҳо, иттилооти рекламавӣ, эълонҳо, роҳнамоҳо, маводи картографӣ, инчунин маълумотномаҳое ба ҳисоб мераванд, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё маҳаллии ба он ваколатдор ва иттиҳодияҳои ҷамъятии шаҳрвандон, ташкилот, муассисаҳои бойгонӣ ва кормандони онҳо, инчунин системаҳои автоматикунонидашудаи иттилоотӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).
Системаи ин иттилоот, ворид шудан ба он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Моддаи 22. Иттилооти иҷтимоишиносӣ
Манбаъҳои асосии иттилооти иҷтимоишиносӣ маълумоти ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншудае ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо натиҷаҳои пурсиши иҷтимоӣ, мушоҳидаҳо ва дигар тадқиқотҳои иҷтимоӣ инъикос ёфтаанд.
Тадқиқотҳои иҷтимоишиноcӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, сурат мегиранд.
Моддаи 23. Манбаъҳои иттилоот
Манбаъҳои иттилоот аз ифодакунандаҳои моддии қайдшудаи иттилоот бо маълумотҳо (реквизитҳо), ки ба ҳаммонандкунии он имкон медиҳанд, инчунин аз хабарҳои воситаҳои ахбори омма ва маърўзаҳои оммавӣ иборат мебошанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Моддаи 24. Низоми ворид шудан ба иттилоот
Низоми ворид шудан ба иттилоот ин тартиби гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Иттилоот аз рўи воридшавӣ ба иттилооти ошкоро ва иттилооти воридшавии маҳдуд ҷудо карда мешавад.
Давлат низоми воридшавӣ ба иттилоотро назорат мекунад.
Вазифаи назорати низоми воридшавӣ ба иттилоот аз таъмини риояи талаботи қонунҳо дар бораи иттилот аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва.ташкилотҳо, роҳ надодан ба беасос мансуб донистани маълумот ба гурўҳи иттилооти воридшавии маҳдуд иборат мебошад.
Назорати давлатии риояи низоми муқаррарнамуда аз ҷониби мақомоти махсусе, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, сурат мегирад.
Моддаи 25. Воридшавӣ ба иттилооти ошкоро
Воридшавӣ ба иттилооти ошкоро бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:
– нашри мунтазами он дар нашрияҳои расмӣ (бюллетенҳо, маҷмўаҳо);
– паҳн намудани он тавассути ахбори омма (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848);
– бевосита додани он ба шаҳрвандони манфиатдор, мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ.
Тартиб ва шартҳои мувофиқи дархост ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва намояндагони аҳли ҷомеъа додани маълумот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Маҳдуд сохтани ҳуқуқ барои гирифтани иттилооти ошкоро манъ аст. Аз ҳуқуқи гирифтани иттилоот он шаҳрвандоне истифода мебаранд, ки чунин иттилоот барои иҷрои ўҳдадориҳои касбиашон зарур аст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Моддаи 26. Иттилооти дастрасиаш маҳдуд
Иттилооти дастрасиаш маҳдуд тибқи низоми ҳуқуқӣ ба пинҳонӣ ва махфӣ ҷудо карда мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дорои иттилооти пинҳонии касбӣ, корӣ, истеҳсолӣ, бонкӣ, тиҷоратӣ ва хусусияти дигар дошта мебошанд, онҳоро тавассути маблаљҳои худӣ ба даст оварданд ё натиҷаи амали касбӣ, корӣ, истеҳсолӣ, бонкӣ, тиҷоратӣ ё дигар манфиатҳои онҳо буда, сирри мувофиқи қонун пешбининамударо вайрон накарда, низоми дастрасӣ ва ҳифзи онро муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Мансуб донистани иттилоот ба гурўҳи маълумоти махфии дорои сирри давлатӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” сурат мегирад.
Тартиби муносибат бо иттилооти махфӣ ва ҳифзи он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бо шарти риояи талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Қонун муайян карда мешавад.
Тартиб ва мўҳлати ошкор намудани иттилооти махфӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Моддаи 27. Дастрасии шаҳрвандон ба маълумот дар бораи худ
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд:
– дар давраи ҷамъоварии иттилоот донанд, ки кадом маълумот, аз тарафи кӣ дар бораи онҳо ва бо кадом мақсад ҷамъ гардид, чӣ тавр, кай ва бо кадом мақсад мавриди истифода қарор мегирад;
– иттилооти мансуб ба худро дастрас намоянд, бо он шинос шаванд, пуррагӣ ва мувофиқии онро талаб намоянд.
Мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо (ҳукуматҳо), муассисаҳои бойгонӣ, ки системаи иттилоотии онҳо маълумотро оид ба шаҳрвандон дар бар мегирад, вазифадоранд бо талаби шахсоне, ки ин иттилоот ба онҳо дахл дорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, бидуни монеа онро пешниҳод намоянд, инчунин ҷиҳати пешгирии љайриқонунии ба даст овардани он тадбирҳо андешанд. Дар сурати вайрон кардани ин талабот, қонун ҳифзи шаҳрвандонро аз зарари вобаста ба истифодаи чунин иттилоот расониданшуда кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Дастрасии шахсони бегона ба маълумоти оид ба дигар шахсе, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор ҷамъоварӣ шудааст, дар мавриди набудани розигии шахсе, ки нисбат ба ў чунин маълумот ҷамъоварӣ гардидааст ва агар ў дар қайди ҳаёт набошад, бидуни розигии ворисони ў манъ аст. Дар мавриди набудани ворисон дастрасӣ ба чунин иттилоот бо иҷозати мақомоти давлатӣ, ташкилот ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ки молики иттилоот мебошанд, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Ҳамаи ташкилотҳое, ки оид ба шаҳрвандон маълумот ҷамъоварӣ менамоянд, бояд то ољози кор бо онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии манбаъҳои дахлдори маълумотро анҷом диҳанд.
Теъдоди зарурии маълумот оид ба шаҳрвандон, ки онро метавон бо роҳи қонунӣ ба даcт овард, бояд то ҳадди ақал маҳдуд карда шавад ва танҳо бо мақсадҳои қонунан муқарраргардида мавриди истифода кунад.
Ради додани иҷозат дар бораи дастрасӣ ба чунин иттилоот, пинҳон кардани он, ҷамъоварии љайриқонунӣ, истифода, ҳифз ё љайриқонунӣ паҳн намудани он метавонад ба суд шикоят кунад.
Моддаи 28. Дархосг дар хусуси дастрасӣ ба санадҳои расмӣ ва додани иттилооти хаттӣ ё шифоҳӣ
Таҳти мафҳуми дархости иттилоотӣ (минбаъд дархост) дар хусуси дастрасӣ ба санадҳои расмӣ дар Қонуни мазкур муроҷиат бо талаботи фароҳам овардани имконияти шиносшавӣ бо санадҳои расмӣ дар назар дошта шудааст. Дархост метавонад инфиродӣ ё умумӣ бошад. Он дар шакли хаттӣ пешниҳод карда мешавад.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намуда, пешниҳоди ҳамагуна санади расмиро, сарфи назар аз мансубияти ин ҳуҷҷат ба ў талаб намояд, ба истиснои ҳолатҳои маҳдудияти дастрасӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Таҳти мафҳуми фароҳам овардани иттилооти хаттӣ ё шифоҳӣ дар Қонуни мазкур муроҷиат ба талаби фароҳам овардани иттилооти хаттӣ ё шифоҳи оид ба фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони мансабдори он оид ба масъалаҳои алоҳида дар назар дошта шудааст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, мақомоти давлатӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон (минбаъд – дархосткунанда) ба мақоми дахлдори қонунгузорӣ, иҷроия, ҳокимияти судӣ ва бойгонӣ, шахсони мансабдори онҳо дархост пешниҳод менамоянд.
Дар дархост насаб, ном, номи падари дархосткунанда, ҳуҷҷат, маълумоти хаттӣ ё шифоҳие, ки ба ў зарур аст ва нишонии худ, ки ҷавобро мехоҳад ба даст орад, бояд зикр гардад.
Мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд оид ба иттилооти марбут ба фаъолияти онҳо ба таври хаттӣ, шифоҳи, тавассути телефон ё бо истифодаи маърўзаҳои оммавии шахсони мансабдори худ иттилоот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Моддаи 29. Мўҳлати баррасии дархост дар бораи дастрасӣ ба асноди расмӣ
Мўҳлати барраcии дархост вобаста ба имконияти қонеъ намудани он набояд аз cӣ рўзи тақвимӣ бештар бошад.
Дар мўҳлати зикргардида муассисаи давлатӣ ба таври хаттӣ ба маълумоти дархосткунанда мерасонад, ки дархости ў қонеъ гардонида мешавад ё санади дархостшавандаро наметавон барои шиносшавӣ дод (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Моддаи 30. Рад ва ба таъхир гузоштани қонеъгардонии дархост дар хусуси дастрасӣ ба асноди расмӣ
Радди қонеъгардонии дархост ба маълумоти дархосткунанда дар шакли хаттӣ бо тавзеҳи тартиби шикоят намудан аз қарори қабулгардида расонида мешавад. Дар раддия бояд инҳо зикр гарданд:
1) шахси мансабдори муассиcаи давлатие, ки қонеъгардонии дархостро рад намудааст;
2) санаи раддия;
3) аcосноккунии раддия.
Ба таъхир андохтани қонеъгардонии дархост дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар санади дархостшавандаро дар мўҳлати як моҳ барои ба шиносоӣ пешниҳод намудан имконнопазир бошад. Огоҳонӣ дар мавриди ба таъхир гузоштани дархост ба маълумоти дархосткунанда дар шакли хатти ба тавзеҳи тартиби шикоят намудан аз қарори қабулгардида расонида мешавад. Дар ахбор дар хусуси ба таъхир андохтани иҷрои дархост ин ҳолатҳо бояд зикр гарданд:
1) шахси мансабдори муаcсисаи давлатие, ки қонеъгардонии дархостро дар мўҳлати як моҳи муқарраргардида рад намудааст;
2) санаи ирсол ё додани ахбор дар бораи ба таъхир гузошгани дархост;
3) сабабҳое, ки вобаста ба он санади дархостшавандаро наметавон дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун дод;
4) мўҳлате, ки дархост қонеъ гардонида хоҳад шуд. Раддия ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост оид ба додани иттилооти хаттӣ низ ба ҳамин тартиб сурат мегирад.
Моддаи 31. Норизоӣ аз рад ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост оид ба дастрасӣ ба асноди расмӣ
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Дар сурати рад намудани дархости ҳуҷҷат барои шиносшавӣ ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост дархосткунанда ҳуқуқ дорад нисбат ба раддия ё батаъхиргузорӣ ба мақомоти болоӣ ё суд шикоят кунад.
Агар ба шикояти ба мақомоти болоӣ додашуда ҷавоби манфӣ ирсол гардад, дархосткунанда ҳуқуқ дорад нисбати ин раддия бо тартиби суди шикоят намояд.
Суд ҳуқуқ дорад барои таъмини пуррагӣ ва объективии баррасии парванда санадҳои расмиеро, ки имконияти шиносшавӣ бо онҳо рад шуда буд, талаб кунад ва пас аз омухтани онҳо дар мавриди асоснокии (ё беасосии) амали шахсони мансабдори муаcсисаи давлатӣ қарор қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Агар рад ё батаъхиргузорӣ беасос бошад, суд муассиcаи давлатиро вазифадор менамояд, ки ба дархосткунанда имконияти шиносоӣ бо санадҳои расмиро фароҳам оварад ва нисбат ба шахсони мансабдоре, ки ба дархосткунанда ҷавоби рад додаанд, таъиноти хусусӣ барорад.
Радди беасос оид ба фароҳам овардани имконияти шиносоӣ бо санадҳои расмӣ ё вайрон кардани мўҳлати муайяни фароҳам овардани он бидуни сабабҳои узрнок тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии шахсони мансабдори муассисаҳои давлатӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Шикоят нисбат ба рад ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост дар хусуси иттилооти хаттӣ бо тартиби дар ҳамин модда зикршуда сурат мегирад.
Моддаи 32. Тартиби ҷуброни хароҷот оид ба қонеъгардонии дархостҳои вобаста ба дастрасӣ ба асноди расмӣ ва пешниҳоди иттилооти хаттӣ
Дархосткунанда бояд пурра ё қисман хароҷоти вобаста ба иҷрои дархостҳо оид ба дастрасӣ ба асноди расмӣ ва пешниҳоди иттилооти хаттиро ҷуброн намояд.
Тартиби пардохти нусхаи асноди дархостшаванда аз ҷониби муаcсисаи давлатӣ муайян карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва андози пардохти корҳоро вобаста ба ҷамъоварӣ, ҷустуҷў, таҳия, таъсис ё пешниҳод намудани иттилооти хаттии дархостшаванда, ки набояд аз хароҷоти воқеии вобаста ба иҷрои дархост бештар бошад, муайян мекунад.
Корҳои оид ба ҷустуҷўи асноди расмӣ пардохта намешаванд.
Моддаи 33. Ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки тибқи дархост барои шиносшавӣ дода намешаванд
Аз рўи дархости иттилооти санадҳои расмии дорои мазмуни зайл мавриди пешниҳод барои шиноcшавӣ қарор намегиранд:
– иттилооте, ки тибқи тартиби муқарраргардида дорои сирри давлатӣ эътироф гардидааст;
– иттилооти пинҳонӣ;
– иттилоот дар бораи корҳои фаврию тафтишотии мақомоти таҳқиқ ва суд дар ҳолатҳое, ки ошкор намудани онҳо метавонанд ба чорабиниҳои фаврӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ зарар расонад, ҳуқуқи инсон барои баррасии одилона ва объективии парвандаи судии ў вайрон гардад, ба ҳаёт ва саломатии ягон шахc таҳдид ба миён оварад;
– иттилооти марбут ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон;
– ҳуҷҷатҳое, ки муросилоти хизмати дохилиидоравиро ташкил медиҳанд (маълумотномаҳо, муросилоти байни воҳидҳои сохторӣ ва љайра), агар онҳо бо коркарди самти фаъолияти муассиса, ҷараёни қабули қарорҳо алоқаманд буда, барои қабули онҳо замина гардидаанд;
– иттилооте, ки тибқи дигар қонунҳо ё санадҳои меъёрӣ набояд ошкор карда шававд. Муассисае, ки ба он дархост пешниҳод шудааст, метавонад ҳуҷҷати дорои иттилоотеро, ки дар асоси санади меъёрии дигар муаcсисаи давлатӣ бояд ошкор карда нашавад, барои шиносшавӣ пешниҳод накунад ва он муаcсисаи давлатие, ки дархостро баррасӣ менамояд, ҳуқуқ надорад масъалаи ошкор намудани онро арзёбӣ кунад;
– иттилооти муассисаҳои молиявӣ, ки барои идораҳои тафтишу молиявӣ таҳия гардидаанд.
Моддаи 34. Ҳуқуқи моликият ба иттилоот
Иттилоот объекти ҳуқуқи моликияти давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Иттилоот метавонад ҳам дар ҳаҷми пурра ва ҳам танҳо вобаста ба соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдорӣ объекти ҳуқуқи моликият бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Асосҳои ба миён омадани моликият ба иттилоот аз инҳо иборатанд:
– ташаккули иттилоот бо қувваи худ ва аз ҳиcоби худ;
– шартнома дар бораи ба даст овардани иттилоот;
– шартномае, ки шартҳои ба дигар шахc гузаштани ҳуқуқи моликият ба иттилоотро дар бар мегирад.
Иттилооте, ки аз ҷониби якчанд шаҳрванд ё шахсони ҳуқуқи таъсис шудааст, моликияти умумии муассисон мебошад. Тартиб ва қоидаҳои истифодаи чунин моликият мувофиқи шартномаи байни моликон басташуда муайян карда мешавад.
Иттилооте, ки аз ҷониби ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ) таъсис шудааст, ё бо роҳи дигари қонунӣ ба даст дароварда шудааст, моликияти ин ташкилотҳо мебошад.
Иттилооте, ки аз ҳиcоби маблаљҳои буҷети давлатӣ ҳосил шудааст, моликияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Иттилооте, ки дар асоси ҳуқуқи моликияти инфиродӣ ҳосил шудааст, дар ҳолати дар асосҳои шартномавӣ барои нигоҳдорӣ супурдани он ба махзанҳои дахлдори маълумот, фондҳо ва бойгониҳо метавонад ба моликияти давлатӣ мансуб дониста шавад.
Молики иттилоот ҳуқуқ дорад шахси амалкунандаи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории иттилоотро таъйин намуда, қоидаи коркарди иттилоот ва дастрасӣ ба онро муайян карда, инчунин дигар шартҳоро нисбат ба иттилоот муқаррар намояд.
Моддаи 35. Иттилоот ҳамчуи мол
Маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасонии иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, ки ба фаъолияти иттилоотӣ машљуланд, метавонад объекти муносибатҳои молӣ гардад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Нарх ва нархгузорӣ ба маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасонии иттилоотӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, тибқи шартнома муқаррар карда мешавад.
БОБИ 4. ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БА ИТТИЛООТ, РОҲ НАДОДАН БА СЎИИСТИФОДА АЗ ҲУҚУҚ БА ИТТИЛООТ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848)
Моддаи 36. Ҳифзи ҳуқуқ ба иттилоот
Ҳуқуқ ба иттилоот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад. Давлат ба ҳама иштироккунандагони муносибатҳои иттилоотӣ ҳуқуқҳои баробар ва имконияти баробар барои дастрасӣ ба иттилоот кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 33 Қонуни мазкур ҳуқуқи шахсро дар интихоби шакл ва манбаи гирифтани иттилоот маҳдуд созад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Субъекти ҳуқуқ ба иттилоот метавонад рафъи ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳои нисбат ба ў рухдодаро талаб намояд.
Мусодираи нашрияҳо, нигораҳо, махзанҳои иттилоотӣ, ҳуҷҷатҳои фондҳои бойгонӣ, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва несту нобуд кардани онҳо дар заминаи мавқеи идеологӣ ва сиёсӣ манъ аст.
Моддаи 37. Роҳ надодан ба сўиистифода аз ҳуқуқ ба иттилоот
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848)
Истифодаи иттилоот ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ба муқобили амнияти иттилоотӣ, барои барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ҷанг, зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, хусумати иҷтимоӣ, таҷовуз ба шахсият, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таблиљи фаҳшу фуҷур (порнография) манъ аст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Моддаи 38. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Шахсон дар ҳолатҳои зерин барои вайрон намудани қонунгузорӣ дар бораи иттилоот ҷавобгар мебошанд:
– беасос рад намудани пешниҳоди иттилоотӣ дахлдор;
– пешниҳод намудани иттилооте, ки ба ҳақиқат мувофиқат намекунад;
– сари вақт пешниҳод накардани иттилоот;
– дидаю дониста пинҳон доштани иттилоот;
– маҷбурсозӣ ба паҳн намудан ё муқобилат ба паҳн намудан, ё радди беасоси паҳн намудани иттилооти дахлдор;
– паҳн намудани иттилооте, ки ба ҳақиқат мувофиқ набуда, обрую эътибори шахсро паст мезанад;
– истифода ва паҳн намудани иттилоот оид ба ҳаёти шахсии шаҳрванд, бидуни розигии ў аз ҷониби шахсе, ки вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳои хизматии шахсӣ молики иттилооти дахлдор мебошад;
– ошкор намудани сирри давлатӣ ё дигар сирри қонунан ҳифзшаванда аз ҷониби шахсе, ки бояд ин сирро ҳифз намояд;
– вайрон кардани тартиби нигоҳ доштани иттилоот;
– дидаю дониста несту нобуд кардани иттилоот, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун;
– беасос ба гурўҳи маълумотӣ воридшавии маҳдуд марбут донистани навъҳои алоҳидаи иттилоот.
Шикоят аз рўи амали љайриқонунии шахсони мансабдор ба мақомоти сатҳи болоие, ки ин шахсони мансабдор ба он тобеанд, пешниҳод карда мешавад.
Дар сурати ба шаҳрванд, шахси ҳуқуқӣ ва ба мақомоти давлатӣ расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ ва дар ҳолати қонеъ нагардонидани шикояте, ки ба мақоми болоӣ кардааст, шаҳрванд ва шахси ҳуқуқӣ ҳақ дорад нисбат ба амали љайриқонунии шахси гунаҳкор ба суд шикоят кунад.
БОБИ 5. ФАЪОЛИЯТИ ИТТИЛООТИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, ҲАМКОРӢ БО ДИГАР ДАВЛАТҲО, ТАШКИЛОТҲОИ ХОРИҶӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ИТТИЛООТ
Моддаи 39. Фаъолияти иттилоотии байналмилалӣ
Фаъолияти иттилоотии байналмилалӣ аз таъмини шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ бо иттилооти расмӣ ё ба таври оммавӣ эълонгардида оид ба фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеа ва падидаҳое, ки дар дигар кишварҳо рух медиҳанд, инчунин мақсаднок берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн намудани иттилооти ҳамаҷониба дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озодона ва бемамониат ба даст овардани иттилоот тавассути манбаъҳои хориҷӣ, аз ҷумла пахши мустақими телевизион, радио, матбуот ва системаҳои иттилоотӣ ҳуқуқ доранд.
Вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбии хабарнигорони хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин фаъолияти иттилоотии намояндагони дипломатмӣ, консулгарӣ ва дигар намояндагони расмии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, танзим мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои муштарак дар соҳаи иттилоот бо иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, танзим мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Моддаи 40. Ҳамкории байналмилалӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар cоҳаи иттилоот оид ба масъалаҳои дорои манфиати муштарак дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқии машљул ба фаъолияти иттилоотӣ ба имзо расонидаанд, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Моддаи 41. Воридот ва содироти маҳсулоти (хизматрасонии) иттилоотӣ
Воридот ва cодироти маҳсулоти (хизматрасонии) иттилооти тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти иқтиcодии хориҷӣ анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 848).
Моддаи 42. Мустақилияти иттилоотӣ
Асоси мустақилияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ моликият ба захираҳои миллии иттилоотӣ мебошад.
Ба захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иттилооти марбутаи он, сарфи назар аз мазмун, шакл, вақт ва макони ташаккул, дохил мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави худ захираҳои иттилоотиро мустақилона ташаккул дода, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ, онро озодона ихтиёрдорӣ менамояд.
Моддаи 43. Кафолатҳои истиқлоли иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлоли иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъмин мегардад:
– бо ҳуқуқи мустаснои моликии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба захираҳои иттилоотие, ки аз ҳисоби маблаљҳои буҷети давлат ташаккул меёбанд;
– бо ҳифзи системаҳои миллии иттилоотӣ;
– бо муқаррар кардани низоми дастрасии дигар давлатҳо ба захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– бо истифодаи захираҳои иттилоотӣ дар асоси ҳамкориҳои баробарҳуқуқ бо дигар давлатҳо.
Моддаи 44. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,
аз 10 майи соли 2002 № 55