Home АХБОР Пресс-тур ба КҲФ

Пресс-тур ба КҲФ

0
832

12 ноябри соли 2020 ҳайати 17 –нафараи хабарнигорон аз ВАО-и маҳалӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Пресс-тури мазкур бо мусоидати Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” доир гардида, ҳайати рӯзноманигоронро директори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ҳамроҳӣ намуд. Аксари хабарнигорон қайд намуданд, ки бори аввал дар пресс-тур ширкат меварзанд ва ҳавасмандӣ зоҳир карданд, ки дар дигар сохтори давлатӣ низ чунин пресс-турҳо доир гардад. 

Ин пресс-тур аз нишасти матбуотӣ ё брифинг ба куллӣ тафовут дошт. Ба ҷуз онки хабарнигорон дар бораи вазифаи сохтори ниҳоди мазкур дар ҳудуди толор маълумот ба даст оварданд, ҳамзамон, роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ техника ва таҷҳизоти махсуси дар ихтиёрдоштаашонро низ ба намоиш гузошта,  дар бораи вазифаи ҳар як техника маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.  Полковник М.Салимзода, муовини Раиси КҲФ тариқи як рӯнамоӣ дар бораи вазифаҳо, сохтор, ҳамкориҳои байналмилалӣ, парки техникӣ ва дурнамои рушди Кумита муфассал маълумот ироа намуд. 

Шаҳло Акобирова, директори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” барои қабул ва пазироии намояндагони ВАО аз роҳбарияти КҲФ изҳори сипос намуда, ҳамзамон дар мавриди зарурат ва аҳамияти ҳамкории ВАО бо мақомоти давлатӣ таъкид намуд.

Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкориро бо ВАО боз ҳам тақвият мебахшанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо пресс-тур бозтоби васеъ ёфта, ҳамчунин,  Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз раванди ин пресс-тур гузориши аксӣ ва видеоиро тариқи сомонаи кумита (https://www.khf.tj/node/2707) пахш намуд.

Телевизиони Ҷаҳоннамо

 аз ҷараёни ин пресс-тур гузориш пахш кард.