Home АХБОР Рӯзноманигорони ҷавони шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт қолабҳои нави журналистикаро омӯхтанд

Рӯзноманигорони ҷавони шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт қолабҳои нави журналистикаро омӯхтанд

0
548

Аз санаи 21 то 26 декаби соли 2020 рӯзноманигорони ҷавони шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт дар дафтари ТҶ “Хома” дар як давраи омӯзишии панҷрӯза қолабҳои нави журналистикаи муосирро омӯхтанд.          

Иштирокчиёни омӯзиш тафовути гузоришҳои телевизионӣ аз матбуотӣ, аҳамияти маводҳои чандрасонаӣ, техникаи наворбардорӣ, танзими видео тариқи телефони ҳушманд, таҳияи caption- video, кор бо барномаи  “KineMaster”, “Adobe Audition”, чи гуна беҳтар кардани кайфияти садо, танзими подкаст ва ҷой кардани он дар платформаҳои ройгонро аз худ карданд.

Инчунин бо роҳнамоии устодон рӯзноманигорони ҷавон донишҳои гирифтаашонро бо корҳои амалӣ тақвият доданд.