Home АХБОР Натиҷаи нишастҳои матбуотӣ ва фаъолияти котибони матбуотӣ арзёрбӣ шуд

Натиҷаи нишастҳои матбуотӣ ва фаъолияти котибони матбуотӣ арзёрбӣ шуд

0
591

12 марти соли 2021 ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” ҳамоишеро бо иштироки котибони матбуоти сохторҳои муҳими давлатӣ, рӯзноманигорон ва коршиносони ВАО доир намуд.

Дар қисмати аввалӣ чорабинӣ Асел Қарақулова, президенти Пресс-Клуби Қазоқистон, роҳбари Шӯрои Миллии Анҷумани робита бо ҷомеа дар бораи чӣ гуна боло бурдани эътибори ниҳод маърӯза намуда, аз таҷрибаи давлатии Қазоқистон мисолҳо овард.

Мирзо Олимов, коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи банақшагирии стратегӣ бобати тартиб ва  ва таҳияи ҳуҷҷатҳои милллӣ аз ҷумла, иҷроиши Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Сипас натиҷат назарпурсиҳо оид ба раванди нишастҳои матбуотӣ ва фаъолияти котибони матбуотӣ эълон гардида, дар қисмати охири чорабинӣ натиҷаи таҳлили 7 нишасти матбуотии сохторҳои муҳими давлатӣ: Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Вазорати молияи Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон пешниҳоди иштирокчиён шуданд.

Баррасии нишастҳои матбуотии ҳафт сохтори зикршуда  маълум кард, ки 138 савол ва 19 пешниҳод аз ҷониби намояндагони ВАО дар нишастҳои фавқуззикр ироа гардида, инчунин дархостҳо низ ҷой доштаанд.

Шаҳло Акобирова, директори иҷроияи ТҶ “Хома” таъкид намуд, ки мақсади мо аз таҳлилу баррасии нишастҳои матбуотӣ ин буд, ки журналистон то куҷо имкони дастрасӣ ба иттилоъро доранд. Оё потенсиали зеҳнӣ ва қобилияти касбии онҳо барои ба даст овардани маълумоти зарурӣ аз шахсони аввали сохторҳои давлатӣ дар нишастҳои матбуотӣ кифоят мекунад. То куҷо роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҳавасманд ҳастанд, ки иттилоъ тавассути ВАО ба ҷомеа дастрас бошад. Оё нишастҳои матбуотӣ василае  барои дастрасӣ ба иттилоот ҳастанд ё не?

Мушоҳидаи мо дар нишастҳои матбуотӣ  нишон дод, ки вазъ рӯ ба беҳбудӣ дорад, аммо мушкилиҳои қаблӣ бартараф нашудаанд. Аз қабили пешниҳоди саволҳои умумӣ, сарфи вақти зиёд барои пешниҳоди ҳисобот аз ҷониби роҳбарони бархе сохторҳо дида мешаванд.

Дархостҳои хусусӣ ё гурӯҳӣ аз ҷониби рӯзноманигорон дар нишастҳо (махсусан дар мақомоти қудратӣ ва МИҲД), тамаллуқкорӣ, гӯш надодан ба ҳисоботи ироакардаироҳбари ниҳод ва дубора додани суол дар он хусус.

Дар ҳамин ҳол коршиноси соҳаи ВАО Иззатманд Саломов изҳори хушнудӣ намуд, ки  дар муқоиса бо  нишастҳои матбуотии қаблӣ суолҳои аксарият дар маҷмӯъ касбӣ буданд:

“Имсол  гуфтан метавон гуфт, ки саволҳои берун аз мавзӯъ набуданд, ба истинои баъзе   пешниҳодҳо, ки онҳоро берун аз маҳдудаи саволҳо меҳисобам: агар шумораи саволҳои бемавқеъ, такрорӣ, кушода нимсолаи 2020 агар 6-7 дарсад буд, дар нишастҳои ҷамъбасти соли 2020 на бештар аз  2 дарсадро ташкил дод”.

Ба андешаи И. Саломов, риоя  нашудани   тартиби як саволу як  ҷавоб, “пайиҳам додани саволҳо роҳе барои  мусоид ба гурез аз ҶАВОБ аст, ё ба қадри кофӣ посух  надодан. Ҳамчунин дар чунин маҳдудаи  вақт аз эҳтимол дур аст, ки рӯзноманигор (бо иллати  мавқеъ,  вазъият ва имкони  ба дигарон фурсат додан ва ғ.) барои тавзеҳ дубора муроҷиат кунад. Падидаи номатлуби тамалллуқи ноҷост, хусусан дар  музофотҳо, ки аксар рӯзноманигорон суханро аз ташаккур ва тамҷиди корҳои  раис шурӯъ мекунанд. Албатта,   қадршиносӣ ҳеҷ  бадие  надорад. Вале  ҷойи худро дорад. Ин ҷо сухан аз мавқеъшиносӣ ва  зоеъ шудан вақт меравад, ки метавонист барои чанд саволи хуби дигар фурсат фароҳам орад.

Дар охир аз ҷониби котибони матбуотии сохторҳои давлатӣ  барои боз ҳам беҳтар гардидани раванди нишастҳои матбуотӣ ва хубтар гардидани дастрасӣ ба иттилоъ пешниҳоду тавсияҳо ироа гардид.