Home Пешгирии инъикоси мавзуҳои ҳасос Қонунгузорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”

0
695

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №11, мод. 275; соли 2005, № 3, мод. 116; соли 2007, №5, мод.355; соли 2008, №10, мод.802)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Фасли I. Муқаррароти умумӣ

Моддаи1. Мақсади қонуни мазкур

Мақсади қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:

тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;

тадбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;

танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;

ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;

ошкор, ва пешгирӣ ва қатъ намудани фаьолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм. 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 Моддаи 3.Мафҳуми терроризм

Терроризм – яьне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектҳои моддии шахсони воқеьӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таьсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамьиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таьсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеь шудан ба фаьолияти сиёси ё ҷамьиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояаи байналмилалӣ қарордошта ё аьзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.

Моддаи 4.Мафҳумҳое, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд

Мафҳумҳое, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд, маьнои зеринро доранд:

амволи террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиактивӣ, биологӣ, таксикӣ, заҳрнок сахттаьсир, заҳролуд; нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар обьектҳо; сӯиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ҷамьиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳои аҳолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам; бавуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеъии ташкили чунин хатар; паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна воситаҳо; содир намудани дигар амволҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро доранд; расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатҳои барои ҷамъият вазнин;

ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ-ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179-82; 185; 187; 310 ва 410 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ мумкин аст, дигар ҷиноятҳое, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар ҳолати ба мақсади террористӣ содир намудани онҳо дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин ҷиноятҳо мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;

гурӯҳи террористӣ- шахсоне, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ муттаҳид шудаанд;

террорист- шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияи террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд;

ташкилоти террористӣ – ташкилоте, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таьссис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот – террористӣ ба ҳисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томҳои дохилии ташкилот ё бо огоҳии аққалан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи он фаъолияти террористиро анҷом медиҳад;

мубориза бар зидди терроризм – фаъолият оиди ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудан, то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ;

амалиёти зиддитеррористӣ – чораҳои махсус, ки барои пешгирии амали террористӣ, таъмини амнияти шахсони воқеъӣ, безарар гардонидани террористон, инчунин то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолитяи террористӣ анҷом дода мешавад;

минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ – қитъаҳои алоҳидаи маҳал, воситаҳои нақлиёт, бино, иморат, иншоот, хона ва қаламрави дар атрофи онҳо, ки дар ҳудудашон амалиёти мазкур гузаронида мешавад;

гаравгон- шахси воқеъӣ, ки бо мақсади маҷбур кардани давлат, ташкилот ё шахсони алоҳида барои содир намудани ин ё он ҳаракат ё худдорӣ намудан аз содир намудани ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод намудан дастгир ё боздошта шудааст;

субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда – субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамчунин субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда.

 Моддаи 5. Ҳамкории байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди террористзм

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналхалқӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷӣ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналхалқии бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамкорӣ менамояд.

 Фасли II. Субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда

 Моддаи 6. Субъектҳои бар зиддитеррори муборизабаранда

Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функцияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.

Субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд.

Роҳбарии умумии мубориза бар зидди терроризм ба зиммаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.

 Моддаи 7. Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда

Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз ҷумла амнияти зиддитеррористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мақомоти зерин мебошанд:

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Номгӯи субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда танҳо тавассути қонун тағйир дода ё илова карда мешавад.

 Моддаи 8. Ваколати субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда

Субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки:

бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаҳои давлатӣ, консепсияи мубориза бар зидди терроризмро таҳия ва пешниҳод менамояд;

бо тартиби муқараргардида ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолати мубориза бар зидди терроризм ахборот медиҳад;

фаъолияти субъектҳои бар зидди терроризм муборизабарандаро мутобиқ мегардонад;

иттилоотро оиди ҳолат ва тамоили терроризм, аз он ҷумла иттилооти аз субъектҳои зидди терроризм муборизабаранда ба нуқтаи (банки) мутамарказии байниидоравии маълумот доир ба проблемаҳои терроризм дохил мешаванд, ҷамъ меоваранд, таҳлил ва ҷамъбаст менамояд;

бо тартиби муқараргардида оиди такмили қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, таклифҳо пешниҳод менамояд.

Ба ғайр аз ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм тавассути инҳо амалӣ менамояд:

ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ки мақсади сиёсӣ, миллӣ, нажодӣ ё ифроти динӣ доранд;

ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ;

таъмин намудани амнияти муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, коркунон ва аъзоёни оилаи коркунони ин муассисаҳо;

таъмини амнияти объектҳои муҳофизати давлатӣ ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда;

ошкор, пешгирӣ ва қатъ кардани кӯшиши рахна намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби террористон;

қатъ намудани ғайриқонунӣ ба воситаи Сарҳади давлатӣ гузаронидани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда,заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки бо мақсади террористӣ истифода шуданашон мумкин аст.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризмро тавассути ошкор намудан, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ки мақсади ғаразнок доранд, амалӣ менамояд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти зиддитеррористии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар мавридҳои зарурӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ доир ба тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ кӯмак мерасонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти амнияти давлтӣ ва субьектҳои дигари бар зидди терроризм муборизабаранда ҳангоми барҳамдиҳии оқибати ҳолатҳои фавқулодда амнияти зидитеррористии маҳалли корҳои анҷомдиҳӣ ва садамаю барқарокуниро таьмин менамояд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм мубориза мебарад.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм муборизаро тавассутӣ:

иштирок дар таьмин намудани амнияти зиддитеррористии обьектҳои муҳофизатидавлатӣ ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда;

иштирок дар тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ, амалӣ менамояд.

 Моддаи 9. Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда

Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки номгӯи онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Иштирок дар мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби инҳо ба амал бароварда мешавад:

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути назорат ба фаьолияти иттиҳодияҳои ҷамьиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки бо тартиби муқаррарӣ сабти ном шудаанд;

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатҳои хориҷӣ ҳангоми ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналхалқи ва дар шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;

Кумитаи гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қать намудани ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки мумкин аст ба мақсадҳои террористӣ истифода шаванд, инчунин бо расондани ёрӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ дар мубориза бар зидди фаьолияти террористии байналхалқӣ.

Мақомоти прокуратура ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм бо шартҳо ва тартиби пешбиникардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст иштирок менамоянд.

 Фасли III. Фаъолияти террористӣ ва зиддитеррористӣ

 Моддаи 10. Фаъолияти террористӣ

Фаъолияти террористӣ фаъолиятест, ки инҳоро дар бар мегирад:

ташкил, банақшагирӣ, тайёр кардан ва содир намудани амали террористӣ;

иғво андохтан ба амали террористӣ, зӯроварӣ ба ашхоси воқеъӣ ё маҷбур кардани ташкилот, несту нобуд сохтани амвол ва дигар объектҳои моддӣ бо мақсадҳои террористӣ;

ташкили воҳидҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, иттиҳоди ҷинояткорӣ (ташкилоти ҷинояткори), гурӯҳҳои муташаккил барои содир кардани амали террористӣ, ҳамчунин иштирок дар чунин амал;

ҷалб кардану мусаллаҳ гардондан, таълим додан ва истифода бурдани террористҳо;

бо маблағ таъмин кардани ташкилоти бараъло террористӣ ё гурӯҳи террористӣ ё кӯмаки дигар ба онҳо.

 Моддаи 11. Фаъолияти террористии байналхалқӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадориҳои байналхалқии худро ба асос гирифта, чунин фаъолияти террористиро фаъолияти террористии байналхалқӣ эътироф менамояд, ки он ба амал бароварда мешавад:

аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар қаламрави бештар аз як давлат;

аз ҷониби шаҳрвандони як давлат нисбати шаҳрвандони давлати дигар ё дар қаламрави давлати дигар;

дар ҳолатҳое, ки ҳам террорист, ҳам ҷабрдидаи терроризм шаҳрвандони ҳамон як давлат ё давлатҳои гуногун буда, вале ҷиноят дар хориҷи қаламрави ин давлатҳо содир шудааст;

бо мақсади вайрон кардани тартиботи ҳуқуқии байналхалқӣ.

Моддаи 12. Фаъолияти зиддитеррористӣ

Фаъолияти зиддитерроистӣ фаъолиятест, ки бо мақсади ҳимояи шахс, ҷамъият ва давлат аз фаъолияти террористӣ ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 13. Принсипҳои фаъолияти зиддитеррористӣ

Фаъолияти зиддитеррористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

1) қонуният;

2) эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

3) ногузирии ҷазо барои фаъолияти террористӣ;

4) бо ҳам пайвастани усулҳои ошкор ва пинҳонии мубориза бар зидди терроризм;

5) афзалиятнокии муҳофизати ҳуқуқи шахсоне, ки дучори хатар гардидаанд;

6) қонунӣ будани расонидани зарар ба террорист;

7) яккасардорӣ дар роҳбарии оперативӣ ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиётҳои зидди террористӣ;

8) пинҳонкории қатъӣ ҳангоми гузаронидани амалиётҳои махсуси зиддитеррори

 Фасли IV. Мубориза бар зидди терроризм

 Моддаи 14. Ошкор кардани фаолияти террористӣ

Субектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда бо мқсади ошкор намудани фаолияти террористӣ ӯҳдадоранд бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ аз тамоми қувваю воситаҳо ва шаклу усулҳои муқарраркардаи қонунро, ки дар ихтиёр доранд, истифода баранд.

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд ба мақомоти амнияти давлатӣ ва (ё) мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳамаи ҳодисаҳое, ки аломатҳоионҳо дар хусуси терроризми тайёркардашаванда ё содиршуда гувоҳӣ медиҳанд, фавран хабар диҳанд.

Давлат муҳофизат ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди терроризм кӯмак мерасонанд, кафолат медиҳад. Бо мақсади ошкор, пешгирӣ ва қать намудани фаьолияти террористӣ бо тартиби муайянкардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди махсус таьсис мешавад, ки аз маблағи он барои суьектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда додани ахбороте, ки тадбиқи он боиси ба ҳабс гирифтан ё маҳкум намудани шахсони иштирокчии фаьолияти террористӣ ё пешгирӣ ё қать кардани амали террористӣ гардидааст, мукофотпулӣ дода мешавад.

Фош кардани маьлумот дар бораи шахсоне, ки чунин ахборотро додаанд, танҳо бо розигии онҳо мумкин аст.

 Моддаи 15. Пешгири намудани фаьолияти террористӣ

Бо мақсади пешгирӣ намудани фаьолияти террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мань аст:

таьсис додан, сабти ном кардан ва амал намудани ташкилотҳое, ки фаолияти террористиро мақсади худ қарор додаанд;

фаъолияте, ки ба тарғиби терроризм вобастагӣ дорад;

вориду хориҷ шудан ё бо транзит тавассути қаламрави ҷумҳурӣ гузаштани шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;

додани ҳуҷҷати зист ба шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;

ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;

аз ҷониби кормандони автовакзалҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва аэровокзалҳо аз мусофирон ба амонат қабул намудани бағоҷ, бори дастӣ (ба ғайр аз кормандони ба ин мақсадҳо ваколатдори бағоҷхонаҳо);

гузаронидани гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ё пикеткунӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда.

Ба мақсади пешгирӣ намудани фаъоляти террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инҳо роҳ дода мешавад:

ҳангоми гузарондани чорабиниҳои ҷамьиятию сиёсӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муҳофизати тартиботи ҷамьиятӣ ҷалб намудани қувваю воситаҳои иловагии субьектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда;

мустаҳкам намудани чорабиниҳои муҳофизатию режимӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, дар корхонаҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон ва муҳити хист хатари калон доранд;

бо дархости мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ тибқи меьёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ супурдани шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ дар қаламрави ин давлатҳо иштирок намудаанд;

ҷамьоварӣ, таҳлил, ҷамьбаст намудани маьлумотҳо доир ба ташкилотҳои террористӣ ва шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок мекунанд (иштирок кардаанд) ва ба нуқтаи мутамарказии байниидорави маьлумот доир ба проблемаҳои терроризми назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани онҳо;

дар назди субьектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда таьсис додани ҷузьу томҳои махсус.

Пешгирӣ намудани фаьолияти террористӣ, инчунин амалӣ гардонидани дигар чорабиниҳоро низ дар бар мегирад, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст пешбинӣ кардаанд.

 Моддаи 16. Қать гардонидани фаьолияти террористӣ

Хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони субьектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ҳангоми қать гардонидани фаьолияти террористӣ умуман ё дигар амали алоҳидаи террористӣ ӯҳдадоранд бо тартиби пешбини кардаи қонунгузорӣ ҳамагуна чораҳои муқаррар кардаи қонунро истифода баранд.

 Моддаи 17. Тафтиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ

Таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ аз ҷониби субьектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ва муфатишони ин субьектҳо бо шартҳо ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 Моддаи 18. Истеҳсолоти судӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ

Парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, инчунин парвандаҳои гражданӣ дар бораи ҷуброн кардани зарар, мумкин аст бо қарори суд дар маҷлисҳои пушидаи судӣ барраси карда шаванд.

 Фасл V. Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ

 Моддаи 19. Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ

Амалиёти зиддитеррористӣ аз ҷониби субьектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда гузаронида мешавад.

Барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони махсус тайёркардашудаи субьектҳое, ки дар моддаи 7 ҳамин қонун номбар шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ ҳайати шахсӣ, қувваю воситаҳои субъектҳои дар қисми якуми моддаи 9 ҳамин қонун номбаршуда ҷалб карда мешаванд.

Амалиёти зиддитеррористӣ бевосита таҳти роҳбарии ситод, ки бо ҳамин мақсад таъссис дода мешавад, гузаронида мешавад. Дар айни ҳол ҳамаи шахсоне, ки ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ҷалб карда мешаванд, аз лаҳзаи оғози амалиёти мазкур ба роҳбари ситод итоат мекунанд.

Дахолати ҳар гуна шахс ба роҳбарии оперативии амалиёти зиддитеррористӣ, манъ аст.

 Моддаи 20. Минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ ва режими ҳуқуқии он

Сарҳади минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро роҳбари ситод вобаста ба миқёс ва дараҷаи оқибатҳои хатари ҷмъиятии амали террористӣ муайян менамояд.

Дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ шахсоне, ки ин амалиётро мегузаронанд, ҳақ доранд:

дар мавриди зарури бароӣ муваққатан маҳдуд кардан ё манъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ё пиёдагардҳо дар кӯчаҳо ва роҳҳо чораҳо бинанд;

ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунад тафтиш кунанд, дар ҳолати набудани чунин ҳуҷҷатҳо бо мақсади муқаррар кардани шахсияти онҳо ин шахсонро дастгир намоянд;

шахсонеро, ки ҳуқуқро вайрон кардаанд ё вайрон мекунанд, ё дигар амале зоҳир менамоянд, ки он ба талаботҳои қонунии шахсони гузаронандаи амалиёти зиддитеррористӣ халал мерасонад, инчунин амале, ки бе иҷозат барои ворид шудан ё кушиши ворид шудан ба минтақаи гузарондани амалиёти зидди террористӣ иртибот доранд, дастгир намоянд ва ба мақомоти корҳои дохилӣ баранд;

ба биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои шаҳрвандон, ба ҳудуд ва биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият, воситаҳои нақлиёт ҳангоми қатъ намдани амали террористӣ, таъқиб кардани шахсоне, ки ба содир кардани амали террористӣ гумонбар мешаванд, агар сусткорӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон хатари воқеӣ ба вуҷуд оварад, бемамониат ворид шаванд;

ҳангоми гузаштан (савора гузаштан) ба минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ва ҳангоми даромадан ба (баромадан аз) минтақаи мазкур воситаҳои нақлиётро ба истиснои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва барои дар онҳо кашондашаванда, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникӣ тафтиш намоянд;

бо мақсадҳои хизматӣ воситаҳои алоқа, аз ҷумла воситаҳои алоқаи махсуси шаҳрвандон инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро новобаста ба шакли моликият истифода баранд;

бо мақсадҳои хизматӣ воситаҳои нақлиётро, ки ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият ман субанд, истифода баранд, ба истиснои воситаҳои нақлиётии намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, дар ҳолатҳои таьҷилӣ бошад, воситаҳои нақлиётии шаҳрвандонро низ барои пешгирии амали террористӣ таькиб ва дастгир намудани шахсоне, ки амали террористӣ содир кардаанд ё барои ба муассисаи табобатӣ бурдани шахсоне, ки ба ёрии таьҷилии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, инчунин барои рафтан баҷои воқеьа, истифода баранд. 

Моддаи 21. Маҳдудятҳои дигар ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ

Роҳбари ситод дар минтақаи гузаронидани амали зиддитеррористӣ ҳақ дорад ба манфиати таьмини амнияти шахсӣ роҳ додани кормандони васоити ахбори оммаро ба ин минтақа, инчунин фаолияти онҳоро дар бораи додани ахбор ба аҳли ҷамьият оид ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ бо рад кардани додани ахбороти зерин, ки;

тактика ва методикаи гузаронидани амалиётро ошкор менамояд;

ба тарғиб ва ҳақбаровардани терроризм мусоидат мекунад;

маьлумотро дар бораи шахсони иштирокчии амалиёт ошкор менамояд;

маьлумотро, ки сирри давлатӣ мебошад, ошкор менамояд;

маьлумотро, ки ошкор кардани он шаьну шарафи гаравгонро паст мезанад, маҳдуд гардонад.

 Фасли VI. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи амали террористӣ расонда шудааст.

Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки аз амали терористӣ зарар дидаанд

 Моддаи 22. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи амали террористӣ расонда шудааст

Ҷуброни зараре, ки ба шахсони воқеьи ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи амали террористӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ ба амал бароварда, баьдан он ба тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахси зараррасонида ситонида мешавад.

 Моддаи 23. Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки дар натиҷаи амал терористӣ зарар дидаанд

Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки дар натиҷаи амали терористӣ зарар дидаанд, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ бо мақсади баргардонидани онҳо ба ҳаёти мӯьтадил ба амал бароварда мешавад ва он ёрии ҳуқуқӣ, психологӣ, тиббӣ, барқарорсозии касбӣ, дар ҳолатхои зарурӣ ба кор барқарор кардан, ба онҳо додани манзилро дар бар мегирад.

Тартиби барқарорсозии иҷтимоии шахсонеро, ки аз амали терористӣ зарар дидаанд, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 Фасли VII. Ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок кардаанд

 Моддаи 24. Шахсоне, ки ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дахл доранд

Ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ инҳо дахл доранд;

1) хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ бевосита иштирок кардаанд;

2) шахсони ба мақомоти давлатии барандаи мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирӣ, ошкор ва қать намудани фаьолияти террористӣ ва то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои он дар асоси доимӣ ё муваққатӣ кӯмак мерасонанд;

3) шахсони дар бораи фаьолияти террористӣ ва ҳар гуна дигар вазьият маълумот додаанд ва ахбороти онҳо барои пешгирӣ, ошкор ва қать намудани фаьолияти террористӣ мусоидат намудааст;

4) аьзоёни оилаҳои шахсоне, ки дар бандҳои 1-3 ҳамин модда номбар шудаанд, агар зарурати таьмини ҳимояи онҳоро иштироки шахсони номбаршуда дар мубориза бар зидди терроризм ба миён оварда бошад.

 Моддаи 25. Ҷуброни зарари шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок менамоянд ва барқарорсозии иҷтимоии онҳо

Зараре, ки ба саломатӣ ё амволи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда расонда шудааст, ба тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. Дар сурати ҳалок гардидани ин шахсон ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ё маъюб шудан ё маҷруҳ (захмин) шудан, ки боиси маъюбӣ нашудааст, чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ бо назардошти статуси ҳуқуқии чунин шахсон, ки қонуҳои дахлдор ва дигар санадҳои меьёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, тадбиқ карда мешаванд.

Зараре, ки ба саломатӣ ё амволи шахсони дар бандҳои 2-3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда бинобар иштироки онҳо дар мубориза бар зидди терроризм бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Дар сурати ҳалок гардидани шахсони дар бандҳои 2 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ё маъюб шудан ё маҷруҳ (захмин) шудан, ки боиси маъюбӣ нашудааст, чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори фаьолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» пешбинигардида, тадбиқ карда мешавад.

Дар сурати ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ маҷруҳ (захмин) шудани шахсони дар бандҳои 3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда, ки боиси маъюбӣ нашудааст, ба онҳо кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо; ҳангоми маҷруҳ(захмин) шудани онҳо ки боиси маъюбӣ шудааст,- дар ҳаҷми панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода мешавад, дар сурати ҳалок шудан ба аъзоёни оилаи онҳо дар ҳаҷми якҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо кӯмакпулӣ дода, нафақа бо сабаби гумкардани саробон таьин карда мешавад.

Барқарорсозии иҷтимоии шахсони дар бандҳои 2-3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар натиҷаи иштироки онҳо дар амалиёти зиддитеррористӣ зарар дидаанд, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ пардохта мешавад.

Тартиби барқарорсозии иҷтимоии ин шахсон, инчунин дар ҳолати ба амнияти онҳо таҳдид кардани хатар, тағйир додани маьлумотҳои шиноснома, ҷои истиқомат, кор (таҳсил), тағйир додани андоми ин шахсон бо роҳи тиббӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 Фасли VIII. Ҷавобгарӣ барои фаьолияти террористӣ ва озод кардан аз ҷавобгарӣ

 Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои фаьолияти террористӣ

Шахсоне, ки ба фаъолияти террористӣ машғул мешаванд ё бо террористҳо ва ташкилотҳои террористӣ ёрӣ мерасонанд, инчунин фаъолияти онҳоро тарғиб менамоянд, мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Шахсоне, ки аъзои ташкилоти террористӣ набуда, аммо аз номи онҳо амали террористӣ содир кардаанд ё дар ташкили он, таъмини маблағ, таъмин ва мусаллаҳ гардонидани он иштирок менамояд, баробари аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ҷавобгар мебошанд.

Шахсоне, дар бораи мавҷудияти ташкилоти террористӣ ё шахсони алоҳида ба фаъолияти террористӣ шарик буда, маълумот дошта, аммо дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар надодаанд, тибқи Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 Моддаи 27. Ҷавобгарии ташкилот барои фаъолияти террористӣ.

Дар сурати аз ҷониби суд террористӣ эътироф карда шудани ташкилот, он бо қарори суд барҳам дода, амволаш мусодира шуда, ба даромади давлат гузаронида мешавад.

 Моддаи 28. Озодкунӣ аз ҷавобгарӣ.

Шахсоне, ки ба субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ёрӣ мерасонанд, барои шуғл варзидан бо фаъолияти террористӣ мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд, агар дар давраи дар ташкилоти террористӣ будани онҳо қасдан ҷиноят содир накарда бошанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда барои зарари маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ расонданашон ба террористон бинобар истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, ки онҳоро қонун пешбинӣ кардааст, мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар нестанд.

Шахсоне, ки бо хоҳиши намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё дигар мақомоти давлатӣ, командирони киштиҳои ҳавоӣ барои қать ё пешгирӣ кардани амали террористӣ ёри расонидан, барои амали ба муқобили террористон истифода бурдаашон мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар намебошанд.

 Фасли IХ. Муқарароти хотимавӣ

 Моддаи 29. Ҳисоботи имтиёзноки хизмати дарозмуддат ва иловапулиҳо ба маоши хизматӣ

Ба хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки дар ҷузьу томҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда (муборизабурда) хизмат менамоянд (намудаанд), ба мӯҳлати хизмати дарозмуддат барои таъмини нафақа як рӯзи хизмат ҳамчун ду рӯз ва ҳангоми иштирок дар гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ- як рӯзи хизмати ҳачун се рӯз (агар ин мӯҳлатҳо тибқи қонунгузорӣ барои онҳо ба андозаҳои бештар ҳисоб карда нашаванд) ҳисоб карда мешавад ва мутобиқи маоши вазифавӣ ва маоши рутбавӣ меафзояд.

 Моддаи 30. Ҳавасманд гардонидани шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок менамоянд (иштирок намудаанд)

Барои иштирок дар амалиёти мушаххаси зиддитеррористӣ хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки хизматро дар ҷузъу томҳои бевосита бар зиддитерроризм муборизабаранда адо менамоянд, инчунин шахсоне, ки дар гузаронидани ин амалиёт ёрӣ расонидаанд, мумкин аст аз ҷониби роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ бо мукофоти яквақтаи пулӣ ба андоза ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шаванд.

 Президент

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 16 ноябри соли 1999

№ 845

 

Манбаъ: ВКД