ММТ баробарҳуқуқиро барои дарёфти таҳсилот таъмин менамояд

0
890

Имрӯз, 4 июни соли 2021 ТҶ “Хома”ҳудуди 20 нафар аз хабарнигорони расонаҳои миллии кишварро ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоӣ намуд.   

Шаҳло Акобирова, директори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” барои қабул ва пазироии намояндагони ВАО аз роҳбарияти Маркази миллии тестӣ изҳори сипос намуда, ҳамзамон дар мавриди зарурат ва аҳамияти ҳамкории ВАО бо мақомоти давлатӣ таъкид дошт. Директори ТҶ “Хома” қайд намуд, ки ҳадаф аз ин пресс-турҳо ошно намудани хабарнигорон ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ буда, зеро, гоҳо зимни инъикос аз хабарнигорони ҷавон ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. ВАО, ки ташаккулдиҳанди афкор маҳсуб мешавад, бояд маълумоти саҳеҳу санҷидашударо пешниҳод намояд, на баръакси онро.

Хуршед Икромӣ, Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯнамоии мухтасаре дар бораи Маркази миллии тестӣ, нақшу аҳамияти он дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, тафовути низоми нав аз низоми қаблӣ, чи гуна коркарди маълумоти довталаб аз ҷониби марказ маълумоти ҷолиберо ироа кард, ки барои иштирокчиёни пресс-тур иттилои наве буд.

Директори Маркази миллии тестӣ таъкид намуданд, ки баъди таҷдиди сохтор ва тағйири тобеияти идорӣ, таъсири нерӯи инсонӣ дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ қариб аз байн рафта, таҳлилу натиҷагирӣ бо ёрии техналогия анҷом мешавад. Бинобар ин, ҳар нафаре, ки ба довталабон ваъдаи дохил кардан дар дилхоҳ факултаро медиҳад, бовар набояд кард.

Рӯнамоӣ саволҳои зиёдеро халқ кард, ки ба ҳамаи онҳо хабарнигорон посӯх гирифтанд.

Сипас Хуршед Икромӣ, Директори Маркази миллии тестӣ хабарнигоронро ба бахшҳои муҳими ин сохтор- бойгонӣ, утоқи нигаҳдории сервер, утоқи назорати камераҳои мушоҳидавӣ ва ғайра роҳнамоӣ намуда, бобати аҳамияти ин бахшҳо маълумот дод.

Бояд гуфт, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшу аҳамияти баландеро дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дошта, арзёбии объективӣ, шаффоф ва одилонаи дониши довталабон, баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёнаю олии касбиро таъмин менамояд.