Home АХБОР Эълони озмун барои иштирок дар тренинг вобаста ба ҳуқуқҳои рақамӣ

Эълони озмун барои иштирок дар тренинг вобаста ба ҳуқуқҳои рақамӣ

0
924

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» озмуни интихобӣ барои иштирок дар тренинги вобаста ба ҳуқуқҳои рақамӣ эълон мекунад.

Тренинг оид ба ҳуқуқҳои рақамӣ ин омӯзиши оффлайнӣ буда, дар он коршиносони байналмиллалӣ ва миллӣ оид ба меъёрҳои байналмилалии озодии сухан ва баёни андеша, ҳуқуқҳои дастрасӣ ба имкониятҳои рақамӣ, дастрасӣ ба иттилоот, баҳсҳои диффаматсионӣ, ҳуқуқи муаллиф, ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ ва ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ, ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон дар ВАО, ҳифзи маълумоти шахсӣ, меъёрҳои ахлоқӣ  ва ғайра (ҳам онлайн ва ҳам оффлайн) маълумоти васеъ пешниҳод мекунанд.

Дар озмуни интихобӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ ва рӯзноманигории донишкадаҳои олӣ, ҳуқуқшиносони таҷрибаи кор бо ВАО дошта, ҳуқуқшиносони иттиҳодияҳову фондҳое, ки бо ВАО кор мекунанд ва инчунин ҳуқуқшиносон/адвокатҳо ва журналистони амалкунанда метавонанд иштирок намоянд.

Тренинг оид ба ҳуқуқҳои рақамӣ аз 17 то 22 январи соли 2022  гузаронида мешавад.

Хоҳишмандон барои иштирок дар омӯзиш метавонанд дархости онлайниро то 15 январ соли 2022 пур кунанд.

Барои маълумоти иловагӣ ба рақамҳои 227-34-78 аз соати 09:00 то 17:00 рӯзҳои корӣ занг занед ва ё ба суроғаи электрони nisaim2008@gmail.com нависед.

Мактаби ҳуқуқии ВАО дар доираи лоиҳаи «Ҳифзи ҳуқуқҳои рақамӣ дар Осиёи Миёна» бо дастгирии ташкилоти байналмилалии “Артикл 19” амалӣ мегардад.