Home АХБОР Дар Мактаби ҳуқуқии ВАО таҳсил кардан мехоҳед?

Дар Мактаби ҳуқуқии ВАО таҳсил кардан мехоҳед?

0
1076

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» озмуни интихобӣ барои иштирок дар Мактаби ҳуқуқии ВАО эълон мекунад.

Мактаби ҳуқуқии ВАО ин омӯзиши оффлайнӣ буда, дар он коршиносони байналмиллалӣ ва миллӣ оид ба меъёрҳои байналмилалии озодии сухан ва баёни андеша, ҳуқуқҳои дастрасӣ ба имкониятҳои рақамӣ, дастрасӣ ба иттилоот, баҳсҳои диффаматсионӣ, ҳуқуқи муаллиф, ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ ва ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ, ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон дар ВАО, ҳифзи маълумоти шахсӣ, меъёрҳои ахлоқи  ва дигар ҳуқуқҳои озодии сухан ва баёни андеша маълумоти васеъ пешниҳод мекунанд.

Дар озмуни интихобӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ ва журналистикаи донишкадаҳои олӣ, ҳуқуқшиносон ва журналистони ҷавон, ҳуқуқшиносони таҷрибаи кор бо ВАО дошта, ҳуқуқшиносони иттиҳодияҳову фондҳое, ки бо ВАО кор мекунанд ва инчунин адвокатҳо метавонанд ширкат намоянд.

Мактаби ҳуқуқии ВАО аз 30 май то 3 июни соли 2022 дар ТҶ “Хома”, бо суроғаи ш.Душанбе, куч. Академик Раҷабовҳо, гузаргоҳи – 1, хонаи 7 гузаронида мешавад.

Барои иштирок дар Мактаби ҳуқуқии ВАО бояд то 20 майи соли 2022 дархости онлайниро пур кунанд.

Шитобед!  Хоҳишмандон зиёданд!

Барои маълумоти иловагӣ ба рақамҳои 227-34-79 аз соати 09:00 то 17:00 рӯзҳои корӣ занг занед ва ё ба суроғаи электронии nisaim2008@gmail.com нависед.

Мактаби ҳуқуқии ВАО дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти фазои ҳуқуқӣ дар соҳаи ВАО”-и барномаи  Media CAMP тавассути Internews Тоҷикистон бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад.