Home ҲАМА ДАР РАҚАМ Мақола бо рақам Асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани ҳуқуқ ба дастрасии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани ҳуқуқ ба дастрасии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
3240

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ ба ҳисоб рафта тавассути Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ нигоҳ дошта мешаванд. Санадҳои ҳуқуқии байналхалқие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳвранд бевосита амалӣ мешавад ва аз ин лиҳоз давлат уҳдадор аст, ки онро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. 

Давлат дар асоси Конститутсия, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ барои ҳар як шахс бояд чунин  шароитеро фароҳам оварад, ки инсон дар ҷомеа худро озод ҳис намояд, имконият дошта  бошад, ки тамоми нерӯи зеҳнӣ, ақлӣ ва  ҷисмонии худро пурра истифода бурда тавонад.

Дар асоси моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаи ахбор кафолат дода мешавад. Талаботи моддаи 2 Қонуни ҶТ  муайян менамояд, ки “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” муқаррар намудааст, ки “ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ин ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷӯстуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороянд”. Бо ин тартиб метавон муайян намуд, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ин ҳуқуқи ҳар шахс ба ҳисоб меравад. Аммо дар мавридҳои зарурӣ ин ҳуқуқ метавонад маҳдуд карда шавад. Дар асоси моддаи 23 Конститутсияи ҶТ “дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн намудани маълумот манъ аст”.

Бо назардошти ин меъёрҳо як нуқтаро низ бояд ба назар гирифт, ки таъмини риоя ва бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифз намудани онҳо  маънои онро  надорад, ки дар ҳеҷ як  маврид онҳо маҳдуд карда намешаванд. Конститутсия ва қонунҳо ҳолатҳои  истисноиеро  муайян  кардаанд, ки  дар сурати мавҷудияти  онҳо давлат метавонад ҳуқуқу  озодиҳои шахси алоҳида ё гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандонро  маҳдуд намояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои  зерини  истисноиро муайян  кардааст, ки дар сурати  мавҷудияти онҳо маҳдуд кардани  ҳуқуқу озодиҳои инсон  иҷозат дода  мешавад: бо мақсади таъмини  ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсон, бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бо мақсади ҳимояи сохти конститутсонӣ ва бо мақсади ҳимояи  тамомияти  арзии ҷумҳурӣ.

Ба ин минвол маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳо бояд танҳо бо  тартиби дар  қонунҳо муайянгардида амалӣ  карда шаванд. Дар ин маврид низ бояд ба мавҷуд будани асоси маҳдудкунӣ, ба кадом  мӯҳлат, дар кадом ҳадду ҳудуд ва бо  кадом  тарзу усул  амалӣ  намудани он  диққат дода шавад.

Дар Конститутсия омадааст, ки маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳо танҳо дар  ҳолати мавҷуд  будани ҳамон чаҳор омиле, ки дар боло зикр карда шуд, раво  дониста мешавад. Бо назардошти инҳо метавон хулоса кард, ки қонунҳо ё ин, ки дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  мақомоти  давлатӣ  наметавонанд  ягон асоси  иловагии дигареро барои  маҳдудкунии  ҳуқуқу озодиҳои инсон  пешбинӣ  намоянд. Яъне ҳеҷ сохтори дигар наметавонад бо овардани истисно ва ё асосҳои берун аз конститутсия озодии нафреро маҳдуд намояд. Дар санадҳои байналхалқӣ ва қонунгузории дохилӣ ҳамаи ин шартҳо ба таври мушаххас аниқ шудаанд.

Агар мо ба санадҳои байналмилалӣ нигоҳ кунем, ҳолати маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар моддаи 29 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар чунин пешбинӣ карда шудааст: «Ҳар як инсон зимни амалӣ кардани ҳуқуқ ва озодиҳои худ бояд танҳо ба дараҷае маҳдуд карда шавад, ки аз тарафи қонун фақат бо мақсади таъмини эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва қонеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлоқӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудаҳолии умумӣ дар шароити ҷомеаи демократӣ муқаррар шудаанд».

Чунин маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ дар дигар санадҳои байналмилалӣ низ ба назар мерасад. Аз ҷумла дар моддаи 19 ПБҲШС, ки ҳуқуқи ҳар як инсонро барои пайравии бемамониати ақидаҳои худ ва изҳори шифоҳӣ, хаттӣ ё шаклҳои дигари изҳор тибқи интихоби вай муқаррар менамояд, пешбинӣ гаштааст. Дар б.3 м.19 ПБҲШС қайд карда мешавад, ки истифодаи ин гуна ҳуқуқҳо масъулият ва уҳдадориҳои махсусро тақозо менамоянд: «Истифодаи ҳуқуқи мазкур метавонад аз маҳдудиятҳои муайяне иборат бошад, ки бояд тавассути қонун муқаррар карда шаванд ва иҷрои онҳо бо мақсадҳои зерин зарур мебошанд:

а) барои эҳтироми ҳуқуқ ва эътибори дигарон;

б) барои ҳифзи амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ;».

Ба ин монанд талаботҳо дар моддаҳои 21 ва 22 ҳамин Паймон пешбинӣ гаштаанд. Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон муқаррароти дар моддаҳои зерин дарҷгаштаро ба тариқи зайл маънидод менамояд: “Чунин маҳдудиятҳо бояд «тавассути қонун муқаррар карда шаванд» (б.3 м.19), «мутобиқи қонун бошанд» (м.21), ва ё «дар қонун пешбинӣ гарданд» (б.2 м.22). Инчунин маҳдудиятҳо бояд «зарур бошанд» (б.3 м.19) ва ё «дар ҷомеаи демократӣ зарур бошанд» (м.21 ва м. 22). Зиёда аз ин, маҳдудиятҳо бояд барои расидан ба яке аз ҳадафҳои қонунии дар б.3 (а) ё (b) м.19, м. 21 ё б.2 м. 22 ПБҲШС муқарраргашта, мусоидат намоянд.

Конститутсияи ҶТ низ маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф менамояд. Аз ҷумла, дар м. 14 -и он омадааст, ки «маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».

Мавҷудияти чунин истисноҳо барои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон маънои онро надорад, ки ҳамаи ҳуқуқҳоро метавон маҳдуд кард. Дар қатори ҳуқуқҳои инсон, танҳо ҳуқуқҳои мутлақ (ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва ҳуқуқ ба озодӣ аз ғуломӣ) дар ягон ҳолат маҳдуд карда намешавад ва дигар ҳуқуқҳои нисбии инсон метавонад маҳдуд карда шавад. Тибқи меъёрҳои қонунӣ, ҳуқуқ ба дастрасии иттилоот ин ҳуқуқи мутлақ ба ҳисоб намеравад ва ин ҳуқуқи шахс метавонад тибқи тартиби муқарраршуда маҳдуд шавад.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма (ВАО) низ маҳдуд намудани ҳуқуқи шахс ба дастрасии иттилоот пешбинӣ карда шудааст, ки ҳар яки онро дар алоҳидагӣ мавриди таҳлил қарор додан мумкин аст.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” аз 9 марти соли 2013, №961 чунин маҳдудиятҳо оиди дастрасӣ ба иттилоот муқаррар карда шудааст:

  1. Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ[1] ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст (моддаи 6).
  2. Радкунии пешниҳоди иттилооти дархостшаванда дар мавриде имконпазир аст, ки он дорои маълумоти дар моддаи 6 қонуни мазкур зикргардида бошад. Хабарнома дар бораи радкунӣ ба воситаи ахбори омма дар муддати се рӯзи баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот супорида мешавад (моддаи 24).
  3. Воситаҳои ахбори омма ва журналист ҳуқуқ надоранд:

– насаб, ном ва номи падари шахсеро, ки бо шарти ифшо нанамудани номаш ахбор додааст, зикр намоянд, ғайр аз мавридҳое, ки онро суд талаб мекунад;

– маълумоти тафтишоти пешакиро бе иҷозати хаттии прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда, ошкор намоянд; 

– дар ахборашон натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз рӯи он қарор эътибори қонунӣ пайдо накардааст, мавриди муҳокима қарор диҳанд;

– бе розигии ноболиғ ва намояндаи қонунии вай хабареро интишор кунанд, ки боиси зикри шахсияти ноболиғи қонунвайронкунанда гардад (моддаи 26).

Инчунин қонунгузорӣ барои дастрасӣ ба иттилоот низ маҳдудиятҳоро ҷорӣ намудааст, ки онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот” аз 10 майи соли 2002, №55 ба таври зерин оварда шудааст:

  1. Ҷамъоварӣ, ҳифз, истифода ва паҳн намудани иттилоот оид ба ҳаёти шахсӣ, ҳамчунин иттилооте, ки сирри шахсӣ ва оилавӣ, махфияти гуфтушуниди телефонӣ, муросилоти почта, телеграф ва дигар маълумоти оид ба шахсиятро бидуни розигии ӯ ошкор месозад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст (моддаи 20).
  2. Иттилооти дастрасиаш маҳдуд тибқи низоми ҳуқуқӣ ба пинҳонӣ ва махфӣ ҷудо карда мешавад.

-Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дорои иттилооти пинҳонии касбӣ, корӣ, истеҳсолӣ, бонкӣ, тиҷоратӣ ва хусусияти дигар дошта мебошанд, онҳоро тавассути маблағҳои худӣ ба даст оварданд ё натиҷаи амали касбӣ, корӣ, истеҳсолӣ, бонкӣ, тиҷоратӣ ё дигар манфиатҳои онҳо буда, сирри мувофиқи қонун пешбининамударо вайрон накарда, низоми дастрасӣ ва ҳифзи онро муайян мекунанд.

-Мансуб донистани иттилоот ба гуруҳи маълумоти махфии дорои сирри давлатӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» сурат мегирад (моддаи 26).

Дар баробари ин маҳудиятҳо Қонуни Ҷумҳурии Ҷоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” аз 18 июни соли 2008, №411 муайян мекунад, ки:

Иттилооти дорои маълумоти зеринро пешниҳод кардан мумкин нест:

а) иттилооти дорои сирри давлатӣ ё хизматӣ;

б) дар бораи ҳаёти хусусии шахс бе розигии ӯ (маълумоти шахсӣ), ба шарте, ки дар қонунҳои ҷорӣ тартиботи дигар пешбинӣ нашуда бошад;

в) дар бораи бо тартиби муқаррарнамудаи қонун анҷом додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишот;

г) дар бораи баррасии парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ, хоҷагӣ ва мавод оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мавридҳое, ки  фош кардани ин маълумот бо Қонун манъ карда шудааст ё метавонад боиси риоя нашудани ҳуқуқи инсон ба баррасии холисонаи судии парванда гардад, ба ҳаёт ва ё саломатии шаҳрвандон таҳдид намояд;

д) дастрасии он бо қонунҳои дигар маҳдуд карда шудааст (моддаи 14).

Бо назардошти ин қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки дастрасии иттилоотҳои дигар ба монанди,

– Дастрасӣ ба иттилоот наметавонад маҳдуд карда шавад, агар он  барои қонеъ гардонидан, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсоне зарур бошад, ки барои дастрас намудани иттилооти мазкур муроҷиат кардаанд, ба шарте, ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи сирри давлатӣ ба гуруҳи иттилооти дастрасиаш маҳдуд мансуб набошад. Ба маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот нисбати ҳуҷҷату иттилооти зерин роҳ дода намешавад:

а) қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман нашр гарданд;

б) дар бораи ҳолатҳои фавқулоддае (ҳодисот, фалокат, офатҳои табиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгӯиҳои расмии онҳо: иттилооти экологӣ, метеорологӣ, демографӣ, санитарию эпидемиологӣ ва иттилооти дигаре, ки барои таъмини бехатарии шаҳрвандон, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои истеҳсолӣ ва ғайра зарур аст; – маҳдуд карда намешавад.

Дар ин зимн мо метавонем, талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”-ро аз  3 августи соли 2018, №1537 дар ин ҷо зикр намоем:

  1. Дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ бо шартҳои розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ, ки ба доранда, оператор ва шахси сеюм барои ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо дода шудааст. Муроҷиати (дархости) субъект ё намояндаи қонунии ӯ дар хусуси дастрасӣ ба маълумоти шахсии худ ба доранда, оператор ва шахси сеюм дар шакли муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (моддаи 10)
  2. Доранда, оператор ва шахси сеюм, ки ба маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд дастрасӣ пайдо намудаанд, махфияти онро бо роҳи риояи талаботи роҳ надодан ба паҳн гардидани он бе розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ таъмин менамоянд. Шахсоне, ки ба онҳо маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд дар робита бо эҳтиёҷоти касбӣ, хизматӣ, инчунин муносибатҳои меҳнатӣ маълум гардидааст, уҳдадоранд махфияти онро таъмин намоянд (моддаи 13)
  3. Инчунин дар қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин ба паҳн кардани маълумоти шахсӣ иҷозат дода мешавад, агар ҳуқуқ ва озодиҳои субъект поймол карда нашаванд, инчунин ба манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар зарар нарасад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Паҳн кардани маълумоти шахсӣ дар ҳолатҳое, ки аз доираи қаблан эълоншудаи мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркарди он мебароянд, бо розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад. (моддаи 16)

Дар ҷараёни фаъолияти рӯзноманигорӣ ва ё дар маҷмӯъ кор бо иттилоот баъзе вақт ҳолатҳотҳои риоя нагаштани талаботҳои қонунгузорӣ бо омилҳои гуногун аз ҷумла огоҳ набудан, иттилооте ки дар асоси қонунгузории ҶТ дастрасии он маҳдуд карда шудааст ба монанди паҳн кардани иттилооти дорои сирри давлатидошта, иттилоот дар бораи ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ ва дигар намуди иттилооте, ки қонунгузории ҶТ муайян кардааст, ба миён меояд. Дар ин ҳолат нисбати шахси паҳнкунандаи иттилоот ҷавобгарии ҳуқуқӣ (ҷавобгарии гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ) пешбинӣ шудааст.  

Дар асоси модда 172 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ), 174/1 (ҳифзи шаъну шараф) ва 175 (ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ) ба ҷавобгарии гражданӣ кашида шуда, дар асоси моддаи 171 КГҶТ ҷуброни зарари маънавӣ кафолат дода шудааст.

Тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахс ҳангоми паҳн кардани иттилооте, ки дастрасии он маҳдуд шудааст ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Дар асоси муқаррароти моддаи 373 (риоя накардани қонунгузории ҶТ дар бораи воситаҳои ахбори омма),  374 (тайёр кардан, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл ва паҳн намудани маҳсулоти мамнуи ВАО, дигар маҳсулоти чопии манъшуда дар ҳудуди ҶТ) ва 374/1 (паҳн намудан маълумоти бардурӯғ бо истифодаи ВАО, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ) шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Дар таҷрибаи ҶТ моддаи 374/1 КҲМ ҶТ аз 4 июли соли 2020 барои бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва чораҳои дигари вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар карда шудааст.

Кодекси ҷиноятии ҶТ низ барои паҳн намудани итилооте, ки дастрасии он маҳдуд шудааст ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар менамояд. Ҳангоми паҳн кардани чунин иттилоот дар асоси моддаҳои 144 (ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ), 145 (ошкор намудани сирри тиббӣ), 173 (ифшои сирри писархондӣ/духтархондӣ) ва 311 (ифшои сирри давлатӣ) ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.

Барои ҳар як ҷомеа махсусан ҷомеаи демократӣ озодии баён яке аз унусрҳои муҳим ва аввалиндараҷаи устувории сохтори давлтадорӣ ва шаффофият ба ҳисоб меравад. Ҷомеаи имрӯза бисёр ҳассос мебошад ва дар баробари набардҳои сиёсӣ ва таҳаввулотҳои мухталиф, инчунин иттилоот низ яке аз унсурҳои муҳими мубориза ва фазосоз ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки ибораи нав яъне “ҷанги иттилоотӣ” ба миён омада, он дар баробари силоҳу аслиҳа яке аз неруҳои муҳим дониста мешавад.

Бо назардошти паёмадҳои ногувори он арзишҳои давлатӣ, устувории сохти ҷомеа ва дигар манофеъи миллӣ, ки бояд ҳифз карда шавад, ҳар як ҷомеа дар баробари ҳуқуқ ба озодии баён инчунин маҳдудиятҳоеро, низ ҷорӣ намудааст, ки дар боло тибқи талаботҳои муайянгашта шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Ин омилҳо маънои онро надоранд, ки ҳуқуқи шаҳрвандон маҳдуд карда мешавад, бо ягон мақсадҳои дигар ё манфиати гуруҳҳо, балки давлат дар асоси муқаррарот ва талаботҳо бо назардошти арзишҳои давлатӣ ва устувории ҷомеа маҳдудиятҳоро ҷорӣ менамояд.

 © Зикруллоев  Хусрав

[1] Сирри давлатӣ – маълумоти аз тарафи давлат ҳифзшаванда, ки ифшо ё гум кардани он ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад (моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”).