Ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили додаҳо. Омӯзиш барои рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

0
3340

Давраи омӯзишии “Ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили додаҳо” дар шаҳри Душанбе идома дорад. Ин чорабинӣ аз 2-4 феврал идома мекунад. Дар он наздики 30 намояндаи ВАО ва сомзонҳои ҷамъиятӣ иштирок доранд. Чанд нафар тавассути онлайн ба ин чорабинӣ пайваст шуда, онро пайгирӣ доранд.

Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” ва Ташкилоти ҷамъиятии “Хома”  дар доираи лоиҳаи “Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ”, ки созмони ACTED амалӣ мекунад, баргузор мешавад. Ҳадафи лоиҳа “фаъолсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини рушди фарогир ва бо далелҳо асосёфтаи иқтисодӣ дар Осиёи Миёна” гуфта мешавад.

Уктам Ҷумаев, коршиноси Шарикии байналмилалии буҷетӣ барои иштирокдорон шеваҳои содаи ҷамъоварии додаҳо, коркард ва дар идома дидорисозии онҳоро, ки барои ҷолибу диданӣ шудани матлабҳо ёрӣ мерасонанд, меомӯзонад. Дар машғулиятҳои амалӣ иштирокдорон бевосита кор бо абзорҳои дидорисозӣ ва коркарди додаҳоро таҷриба мекунанд.

Давраи омӯзишӣ давраи аввали силсилаи тренингҳои марбут ба ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили додаҳо мебошад. Тибқи нақша дар оянда баргузории тренингҳо, марҳилаҳои роҳнамоӣ (менторӣ) ва пешниҳоди стипендияҳо барои таҳия ва таблиғи матлабҳои муаллифӣ дар назар аст.