Home АХБОР Омӯзиш оид ба ҳуқуқи инсон

Омӯзиш оид ба ҳуқуқи инсон

0
3322

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» такя ба Стратегия оид ба ҳуқуқи инсон ва Нақшаи миллии амалишавии он барои солҳои 2023-2026 (бо амри Президенти ҶТ аз «1» апрели соли 2023, №АП 350 тасдиқ шудааст) аз моҳи маи соли равон силсилаи тренингҳоро барои рӯзноманигорони ВАО доир ба ҳуқуқи инсон баргузор мекунад. Ба омӯзиш рӯзноманигорон аз расонаҳои давлатию мустақили Тоҷикистон даъват мешаванд, ки дар баррасиву инъикоси мавзӯҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ таҷриба доранд.

Тибқи барномаи таълимӣ рӯзноманигорон донишҳои худро оид ба инъикоси ҳуқуқи инсон, озодии баён ва ҳуқуқҳои асосӣ, асноди асосии байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид, ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳамчунин бехатарии рақамӣ такмил медиҳанд.

Дар доираи омӯзиш сафарҳои матбуотӣ ба идораҳои дахлдори давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин озмунҳои грантӣ дар назаранд, ки дар доираи онҳо иштирокчиён метавонанд дар мавзӯҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон барои ВАО матлабҳои касбӣ созанд.

Иштирокчиён дар асоси озмуни интихобӣ муайян мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд дархости онлайниро то 10 майи соли 2023 пур кунанд.

Барои маълумоти иловагӣ ба рақамҳои 227-34-78 аз соати 09:00 то 17:00 рӯзҳои корӣ занг занед ва ё ба суроғаи электрони lolamerganova8@gmail.com  нависед.

Омӯзиш бо дастгирии молиявии USAID ва ҳамкорӣ бо Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (IPHR) баргузор мешавад.