Рӯзноманигорон механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро омӯхтанд

0
1335

Дар доираи амалигардонии “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” дар Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» омӯзиш барои рӯзноманигорон дар мавзӯи “Ҳуқуқи инсон ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ” баргузор шуд.

Иштирокчиёни омӯзиш – 20 рӯзноманигор аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонанд таи чор рӯз доир ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи Конститутсияи ҶТ, асосҳои қонунгузорӣ оид ба ёрии ҳуқуқӣ ва низоми он, ҳокимияти иҷроия ва  механизмҳои асосии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳокимияти судии ҶТ, механизмҳо дар самти ҳуқуқи инсон дар доираи қонунгузории ҶТ, механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва татбиқи нақшаҳои миллии амалҳо маълумоти васею амиқро аз худ карданд.

Барои ба рӯзноманигорон мавзӯҳои номбаршударо равшану возеҳ фаҳмонидан ба омӯзиш коршиносон аз Парлумони ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Суди олии ҶТ ва ташкилотҳои ҷамъиятии самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷалб шуда буданд.

Иштирокчиёни омӯзиш оид ба арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, татбиқу таъмини онҳо, роҳу восита ва тарзу усулҳои ҳуқуқие, ки тавассути онҳо ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз ҳар гуна кирдорҳои таҷовузкорона ҳимоя карда мешаванд маълумоти васеъ гирифта, аз коршиносон ба саволҳои сершуморашон ҷавобҳои амиқ шуниданд.

Барои рӯзноманигорон аз ҷониби намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” муаррифӣ гардид. Бо сохтору фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” иштирокчиёнро намояндагони Вазорати адлияи ҶТ шинос намуданд.

Дар назар аст, ки барои иштирокчиёни омӯзиш, ки таи соли равон идома меёбад, озмуни дастгирии грантӣ эълон мегардад.

Омӯзиш бо дастгирии молиявии Департаменти давлатии ИМА, Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат (DRL) дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он” баргузор мешавад.