Home АХБОР Ҳуқуқи инсон-омӯзиши чаҳоррӯза барои рӯзноманигорон

Ҳуқуқи инсон-омӯзиши чаҳоррӯза барои рӯзноманигорон

0
1937

Дар доираи Нақшаи миллии амалишавии ҳуқуқи инсон барои солҳои 2023-2026” (Амри Президенти ҶТ аз «1» апрели соли 2023, №АП 350) ва “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” дар ТҶ “Хома” омӯзиши навбатӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқи инсон ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ” баргузор мегардад.

Шаҳло Акобирова дар бораи муҳиммияти омӯзиш мегӯяд

    Механизмҳои миллии ҳуқуқи инсон, мақомоти асосии ҳуқуқи инсон дар системаи СММ, Шарҳи универсалии даврӣ, санадҳои асосии ҳуқуқию меъёрии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, кафолатҳои дастрасӣ ба вакили дифоъ, Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқ ба меҳнат ва шароити мусоиди меҳнат, ҳуқуқи маъюбон ва дигар ҳуқуқҳои асосии инсон доираи мавзӯҳоест, ки рӯзноманигорон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон таи чор рӯзи омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд.
Барои иштирокчиёни омӯзиш – рӯзноманигорони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон намояндагони Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Прокуратураи генералии ҶТ оид ба кори Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва нақши прокуратура дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон маълумоти васею ҷолиб пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон намояндаи СММ оид ба ҳамкориҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳамкории созмон бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумот дода, оид ба сохтору механизмҳои ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ маълумоти васеъ пешниҳод кард.

Намояндаи СММ дар Тоҷикистон

Намояндаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон доир ба фаъолияти адвокатҳо, ҳуқуқу уҳдадоришояшон, қонунгузорӣ доир ба фаъолияти адвокатҳо ва дигар маълумотҳоро ба рӯзноманигорон пешкаш кард ва аз таҷрибаи кории худ мисолҳо овард.

Адвокат Дилшод Ҷураев

Рӯзҳои баъдӣ Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба журналистон имкон медиҳад, ки бо принципҳои асосии ҳуқуқҳои кӯдак тибқи меъерҳои байналмилалӣ шинос шаванд.

Намоняндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад ба иштирокчиёни омӯзиш доир ба ҳамкории СММ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумот дода, саҳми худро низ дар татбиқи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон шарҳ медиҳанд.

Дар доираи омӯзиш барои рӯзноманигорон ду сафари матбуотӣ пешбинӣ шудааст, яке ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Парлумони ҶТ ва дуюм ба дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Омӯзиш бо дастгирии молиявии Департаменти давлатии ИМА, Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат (DRL) дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он” баргузор мешавад.