Поёни омӯзиш. Иштирокчиён филм месозанд

0
2031

Даври омӯзишӣ вобаста ба эҷоди видеороликҳо ва филмҳои кӯтоҳи иҷтимоӣ барои 12 нафар медиа-продюсерон, сенариянависону коргардонони тоҷик ба итмом расид.
Иштирокчиён дар доираи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 дониши ҳуқуқии худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, занон, қурбониёни хушунати хонаводагӣ, маъюбон, шахсони гирифтори ВНМО ва ҳуқуқҳои инсон дар робита ба баробарӣ ва бидуни табъиз такмил дода, ҳамзамон хусусиятҳои филми иҷтимоӣ ва видеороликҳоро оид ба ҳуқуқи инсон аз худ намуданд.
Тренери байналмилалӣ Юлия Комо (Ҳоланд) тариқи усулҳои интерактивӣ, гузаронидани машқҳои эҷодии гурӯҳӣ ва таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ дар кор бо мавзӯи ҳуқуқи инсон донишҳои иштирокчиёнро васеътар намуд ва намунаи беҳтарин видеоҳои иҷтимоии ҷаҳониро намоиш дод.
Бо кумаки Юлия Комо дар давоми ҳашт рӯз марҳила ба марҳила иштирокчиён синопсис ва сенарияҳои мавзӯҳои интихобнамудаашонро таҳия ва муаррифӣ карданд. Интизор меравад, ки ҳамаи иштирокчиён аз рӯи сенарияҳои таҳиянамудаашон видеомаводи иҷтимоӣ месозанд.