Поёни омӯзиши “Ҳуқуқи инсон дар низоми адлияи ҷиноӣ ва инъикоси бехатари нақзи ҳуқуқи инсон”

0
1965

Омӯзиш барои рӯзноманигорон дар мавзӯи “Ҳуқуқи инсон дар низоми адлияи ҷиноӣ ва инъикоси бехатари нақзи ҳуқуқи инсон” ба анҷом расид.
Иштирокчиён дониши худро диор ба мурофиаи одилонаи судӣ, принсипҳои асосии мушоҳидаи мурофиаҳои судӣ, иштироки журналистон дар мурофиаҳо, мониторинги мурофиаҳои судӣ, дастрасӣ ба иттилооти судӣ, адолати судӣ нисбат ба ноболиғон ва дигар паҳлуҳои мавзӯъ мукаммал намуданд. Давоми омӯзиш рӯзноманигорон бо корҳои амалӣ ва мустақилонаи гуруҳӣ фаро гирифта шуданд.
Баъди анҷоми барномаи омӯзишӣ иштирокчиёни он дар доираи ду пресс-тур бо фаъолияти Суди Олии ҶТ ва Суди конститутсионии ҶТ аз наздик шинос шуданд.
Омӯзиш бо дастгирии молиявии Департаменти давлатии ИМА, Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат (DRL) дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он” баргузор мешавад.