Имрӯз, 22 ноябр Шӯрои машваратӣ тавсияҳои “Нишондиҳандаҳои рушди ВАО”-ро дар Душанбе баррасӣ кард.
Ҷонибҳои манфиатдор, намояндагони парлумон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, устодони риштаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳо, созмонҳои журналистӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои минтақавию, байналмилалӣ дар ҷаласа ширкат намуданд.
Сергей Карпов, намояндаи дафтари ЮНЕСКО дар Алмато зимни сухани ифтитоҳии онлайнии хеш бобати методологияи таҳияи “Нишондиҳандаҳои рушди ВАО” иттилоъ дода, зикр кард, ки минбаъд ба чунин шакл ин ҳуҷҷат дар Тоҷикистон таҳия ва нишондиҳандаи кунунӣ ба оянда қиёс гардида, дигаргуниҳои бамаломада дар соҳа тазаккур мешаванд.
Шаҳло Акобирова, директори ТҶ “Хома” қайд намуд, ҳуҷҷат иборат аз 5 қисмати асосӣ буда соҳаҳои мухталифи медиаро фаро мегирад.
Шӯрои машваратӣ лоиҳаи ин ҳуҷҷати таҳиягардидаро баррасӣ намуда, бо пешниҳоду дархост тавсияҳои иловагӣ ироа кард.
Ёдовар мешавем, ки баъди такмили тавсияҳо, “Нишондиҳандаҳои рушди ВАО” он бо забонҳои англисӣ, тоҷикӣ баргардон шуда, ба ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон дастрас хоҳад шуд ва умед аст, ки пас аз он барои рушди соҳа гомҳои ҷиддӣ гузошта мешавад.
Бори аввал дар Тоҷикистон “Нишондиҳандаҳои рушди ВАО” аз рӯйи меъёрҳои ЮНЕСКО арзёбӣ гардид. Он бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) ва ташаббуси ТҶ “Хома” таҳия гардид.