Home АХБОР Ҳисоботдиҳӣ-шаффофияти фаъолият

Ҳисоботдиҳӣ-шаффофияти фаъолият

0
1876

ТҶ “Хома” лоиҳаи “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдори ҳисоботдиҳӣ”-ро натиҷагирӣ кард.

Дар ин чорабинӣ, ки 28 ноябри соли равон  дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, намояндагони Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Агентии омор, шарикони байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, олимону коршиносон ва рӯзноманигорон, ки дар раванди татбиқи лоиҳа саҳм доштанд, ширкат карданд.

Шаҳло Акобирова, директори ТҶ “Хома”

Шаҳло Акобирова, директори ТҶ “Хома” зимни сухани ифтитоҳӣ қайд кард, ки ҳадафи лоиҳа омӯзиши рӯзноманигорон ва ба воситаи нашри дата-маводҳо саҳм гузоштан барои баланд бардоштани дарки аҳолӣ дар мавзӯҳои иқтисодӣ, махсусан “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030”, “Ислоҳоти андоз ва андозбандӣ дар Тоҷикистон”, “Механизми таъин ва пардохти Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (КУИ) дар ҶТ” ва мусоидати мақомоти давлатӣ барои ҳисоботдиҳӣ дар назди ҷомеа мебошад.

Ҷафар Усмонов

Ҷафар Усмонов, шахси мутассадии Барномаи “EGED” аз ташкилоти байналмилалии FCDO зимни суханрониаш муҳим будани ҳамкорӣ бо ВАО ва ҳамин тариқ, бо ҷомеаи шаҳрвандиро ишора намуд.

Ян Севера

Ян Севера, директори ташкилоти байналхалқии “ACTED” дар Тоҷикистон илова кард, ки ТҶ “Хома” яке аз шарикони калидии барномаи “Идоракунии босамар барои рушди иқтисодӣ” ба ҳисоб меравад ва таҷрибаи зиёдӣ ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатию созмонҳои байналмилалиро дорад.

“Рушди рӯзноманигории иқтисодӣ барои барномаи “EGED” муҳим аст ва мақсади асосии ин барнома низ тақвияти ин бахш ва ҳамин тариқ, тавассути нашри мақолаҳо баланд бардоштани даркӣ аҳолӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, махсусан Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва Ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон аст.”,-ишора кард ӯ

Мазҳаб Ҷумъа, ҳамоҳангсози дар бораи лоиҳа ҳисобот медиҳад

Зимни натиҷагирии лоиҳа қайд гардид, ки дар доираи лоиҳа беш аз 20 дата-мавод таҳия шуд, ки беш аз ду миллион бинандаву хонанда аз он баҳра бурдаанд. Тибқи нақша 10 мавод (5 мавод дар мавзӯи КУИ ва 5 мавод дар мавзӯи ИСЛоҳоти андоз дар ҶТ) бодя омода ва нашр мегардид.

12 рӯзноманигор  (6 нафар аз вилояти Хатлон, 6 нафар аз шаҳри Душанбе) ба омӯзишҳо ҷалб шуда буданд.

Дар доираи лоиҳа 4 тренинг-2 тренинг ба мавзӯи КУИ ва Ислоҳоти андоз ва 2 тренинг оид ба ҷамъоварӣ ва визуализастяи рақамҳо бахшида шуда буд.

Ҳамчунин, баъди ҳар як давраи омӯзишии соҳавӣ 2 маҳфили иқтисодии “Тавозун” гузаронида шуд, ки дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат ва бо ҳам мубодилаи афкор карданд.

Баъди ҳар як маҳфили иқтисодии “Тавозун” ҳудуди 20 хабару гузориш, дар расонаҳо нашр шуд, ки ҳар як ин хабару гузоришҳо аз ҳазор то ним миллион хонданда дошт…

Баъди нашри яке аз мақолаҳо дар доираи ин лоиҳа, масъулини шуъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ба қаҳрамони мақола, ки маъюб буду оила аз кумакҳои иҷтимоӣ бебаҳра, ба ин маъюб аробачаи маъюбӣ ва маводи озуқаворӣ тақдим гардида, оилаи онҳоро ба рӯйхати гирандагони КУИ ворид шуд.

Назирҷон Назирзода дар байн

Назирҷон Назирзода, сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ зимни натиҷагирии лоиҳа дар мавзӯи “Нақши ВАО дар раванди татбиқи ислоҳоти андоз дар ҶТ” суханронӣ кард.

Ӯ гуфт, мақомоти андоз ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон аст ва ин ниҳод ҳавасманд аст, ки тавассути мақолаву гузориши онҳо ҷомеа дар бораи ислоҳотҳои андоз, ки дар кишвар ҷорӣ мешавад, огоҳ бошанд.

Ин масъули Кумитаи андоз ба маводҳое ки дар бахши Ислоҳоти андоз ва андозбандӣ дар ҶТ дар доираи лоиҳа навишта шудаанд баҳои баланд дод.

Назирзода гуфт, роҳбарияти мақомоти андоз ҳар яки ин маводҳоро омӯхта, ба аксари онҳо вокуниш кардааст.

Соима Муҳаббатова

Соима Муҳаббатова, сардори шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ зимни суханронии худ дар мавзӯи “Ҳамкорӣ бо ВАО вобаста ба маълумотнокии аҳолӣ оид ба КУИ” аз тарҷибаи ҳамкории Вазорат бо ТҶ “Хома” ёдовар шуда, афзуд, ки тули чанд сол ин ҳамкориҳо идома дорад.

Ӯ низ ба сатҳи сифати мақолаҳои нашршуда дар мавзӯи КУИ баҳои баланд дода, зикр кард, ки ин маводҳо ба онҳо кумак мекунад, ки механизми таъин ва пардохти КУИ дар кишвар дуруст назорат  ва амалӣ шавад.

Ӯ аз яке аз маводҳо мисол овард, ки дар бораи тақаллуби ҳуҷҷатҳо ҳангоми таъини КУМ ва дороро ҳамчун камбизоат навиштан сухан мерафт. Ӯ гуфт, воқеан дар баъзе ҳолатҳо чунин мушкилиҳо ҷой дорад ва рӯзноманигорон мушкилоти мавҷударо бармаҳал баррасӣ карданд.

Обиди Муҳаммадсаид

Обиди Муҳаммадсаид, сардори шуъбаи хидматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андоз гуфт, баъди муроҷиати зиёди рӯзноманигорон, махсусан онҳое ки дар доириа ин лоиҳа кор курданд,  дар сомонаи расмии Кумитаи андоз бахши омор кушода шуд, ки бархе омори аввалиндараҷа, аз ҷумла шумораи соҳибкорон, шумораи соҳибкорони қарздор, онҳое ки эъломияи худро электронӣ месупоранд дар он ҷой дода шудааст ва рӯзноманигорон метавонанд аз он истифода кунанд.

Насима Назриева

Насима Назриева, ҳамоҳангсози минтақавии ташкилоти байналмилалии АКТЕД низ ишора кард, ки онҳо ҳавасманди ҳамкорӣ бо рӯзноманигоронанд ва эҳтимол соли дигар низ онҳо ҳамкориро идома диҳанд.

Дар идома, чанде аз рӯзноманигорон бобати малакаҳои наве, ки дар доираи лоиҳа касб карданд, ишора намуданд. Ҳамчунин изҳори умедворӣ карданд, ки дар оянда ин лоиҳа идома меёбад

Низомиддин Исоев, рӯзноманигор аз вилояти Хатлон, ки дар доираи лоиҳа 3 гузориши телевизионӣ омод карда буд, пешниҳод намуд, ки дар доираи лоиҳа нав омода кардани инфографика барои маводҳои телевизионӣ низ омӯзонида шавад.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии “ACTED” дар доираи лоиҳаи “Идоракунии самаранок барои рушди иқтисодӣ (EGED)” амалӣ  гардид.