Муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ВАО»

0
2038

Бо ташаббуси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти МНМО ҶТ муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи ВАО» баргузор гардид. Муҳокима дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Ин сеюмин муҳокимаи ҷамъиятӣ буд, ки дар он вакилони Парлумон, намояндагони Вазорати фарҳанг, Вазорати адлияи ҶТ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, пахшкунандагон, матбуот ва онлайн нашрияҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳукукшиносони ВАО ва журналистон иштирок мекунанд. Муҳокимаҳо инчунин дар шаҳрҳои Суғду Бохтар баргузор гаштанд ва дар он инчунин намояндагони дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ширкат намуданд.
Моҳи марти соли 2023 дар назди Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти МНМО ҶТ Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи ВАО» таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он вакилон аз Кумитаи номбурда, намояндагони Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Ташкилоти ҷамъиятии “Хома”, ҳуқуқшиносону коршиносони ВАО шомиланд. Дар доираи нақша, давоми сол Гуруҳи корӣ таҳлили қонунҳои амалкунанда оид ба ВАО ва муқоисаи қонунҳои ВАО-и ИДМ-ро гузаронида, инчунин тавсияҳои байналмилалиро дар таҳияи лоиҳаи нави қонун ба инобат гирифтанд.
Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» яке аз принсипҳои асосии фаъолияти қонунгузорӣ ошкорбаёнӣ, шаффофият ва ба инобат гирифтани афкори ҷомеа дар фаъолияти қонунгузорӣ мебошад. Меъёри мазкур дар моддаҳои 5,6 ва 36 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муқаррар карда шудааст, ки ҳангоми татбиқи принсипҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият, муҳокимаи ҷамъиятиро дар истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти қонунгузорӣ дастгирӣ менамояд.
Бар асоси ин, пас аз таҳияи лоиҳаи Қонуни нав “Дар бораи ВАО” аз ҷониби Гуруҳи корӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе муҳокимаҳои ҷамъиятии лоиҳаи қонун баргузор гардид, ки дар онҳо беш аз 70 нафар ширкат варзиданд. Иштирокчиёни муҳокимаҳо ба як қонун муттаҳид кардани ду қонуни соҳавиро, ки тамоми соҳаро танзим мекунад, ҷонибдорӣ карданд. Дар рафти муҳокимаи ҷамъиятӣ иштирокдорон лоиҳаи қонунро муфассал ва бодиққат таҳлил намуда, дар такмили моддаҳои он фаъол буданд ва ба Гуруҳи корӣ таклиф намуданд, ки баъзе моддаҳои лоиҳа равшантар шарҳ дода шаванд. Дар рафти муҳокимаҳо зиёда аз 65 пешниҳод кабул карда шуд.
Гуруҳи корӣ пешниҳодҳоро омӯхтаву таҳлил карда, ба лоиҳаи қонун ворид месозад ва барои баррасӣ ба Парлумони мамлакат ирсол менамояд.