Озмун барои таҳияи замимаи мобилӣ

0
1285

ТҶ  “Хома” барои сохтани замимаи мобилӣ озмун эълон менамояд.

Барномаи мазкур барои намояндагони соҳаи ВАО ва ҳамаи донишҷӯён пешбинӣ шуда, ҳамчун роҳнамо бояд хидмат намояд.

Замимаи мобилӣ иборат аз чор бахши асосӣ мебошад:

1. Ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ
2. Ҳуқуқҳои сиёсӣ
3. Ҳуқуқи кӯдак
4. Ҳуқуқҳои дигар

Дар ҳар бахш маҷмӯи қонунҳои соҳавӣ, тафсир ва тест пешбинӣ шуда, таҳиякунандаи замимаи мобилӣ ин замимаро  ҷолиб таҳия карда, корбурди онро бояд содда созад.

Таҳиякунанда инчунин муваззаф мешавад, ки замимаро дар барои систмеаи IOS, Android ва Web эҷод карда, дар App Store – Apple ва Google Play ҷой диҳад.
Барномасозон барои иштирок дар озмун дархостҳои хешро тариқи почтаи office@koma.tj ё officekhoma@gmail.com ирсол намоянд.

Дархостҳо аз 12 феврали соли 2024 то 12 марти соли 2024 қабул карда мешаванд.

Акс аз шабакаи интернет