Home АХБОР Рӯзи 3-юм: омӯзиш идома дорад

Рӯзи 3-юм: омӯзиш идома дорад

0
1422

Журналистон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рӯзи сеюм аст, ки ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии инсонро дар ТҶ “Хома” меомӯзанд.

Имрӯз иштирокчиён бо ҳуқуқ ба таҳсил ва таҳсили фарогир шинос шуданд ва роҳбари Ассотсиатсияи “Волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд” Сабоҳат Ҳакимзода доир ба ҳуқуқи кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил, мушкилиҳо дар роҳи таҳсилоти фарогир дар маориф, стандартҳои ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маълулият ва таъмини дастрасии баробари ҳамаи кӯдакон ба таҳсил маълумоти васеъ пешниҳод намуд.
Ҳамчунин иштирокчиёни омӯзиш дар нишасти матбуотии Вазорати адлияи ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии ҶТ ширкат карда ба саволҳои худ посух гирифтанд.