Даври омӯзишӣ барои рӯзноманигорон оид ба беҳбудии равонӣ

0
1498

Шумо барои кадом хислатҳоятон худатонро дӯст медоред? Мафҳумҳои “саломатӣ” ва “беҳбудӣ”-ро чи гуна мефаҳмед? Шумо медонед хатар чист? Чӣ гуна бо стресс мубориза бурдан мумкин аст? Вақт вуҷуд дорад ва оё онро идора кардан мумкин аст?
Бо ҳамин гуна саволҳо омӯзиши дурӯзаи ТҶ “Хома” барои рӯзноманигорон оғоз шуд. Коршиноси сатҳи байналмилалӣ дар самти беҳбудии равонӣ Елена Волочай ба рӯзноманигорон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон оид ба меъёрҳо ва муҳити зисти инсон, тафаккури фаъол ва суст, муносибат ба стресс, арзиши инсон, қаноатмандӣ аз зиндагӣ ва дигар ҳолатҳои гуногуни ҳаёт маълумоти нав ва шавқоварро пешниҳод намуд.
Дар рафти тренинг иштирокчиён дар машқҳо ва муҳокимаҳо фаъолона иштирок намуданд. Вобаста ба хислатҳои хубу бади равонӣ, махсусан барои журналистон, баҳсҳои ҷолиб сурат гирифт.
Ба журналистон маълум шуд, ки худбаҳодиҳии мусбат ба шахс имкон медиҳад, ки қарорҳои дуруст қабул кунад ва ба ҳадафҳои худ ноил шавад.

Эътимод калиди муваффақият дар ҳаёт аст: он ба шумо қувват мебахшад, ки шодӣ кунед, ҳаракат кунед, инкишоф ёбед ва ба ҳадафҳои худ ноил шавед. Арзишнокии худи инсон қаноатмандии ӯро аз зиндагӣ ва аз худ муайян мекунад.
Коршинос доир ба ҳифзи худ аз стресс, аз таъсири бади муҳити зист, иттилооти барзиёд маслиҳатҳои муфид дод ва ба масоили стратегияи рушд ва банақшагирии амалҳо барои таҳкими беҳбудии худ рушанӣ андохт.
Аз ҳама муҳим он буд, ки ҳар як иштирокчӣ барои худ собит сохт, ки иваз кардани вазъ, дигар кардани муносибат ба ин ё он шахс ё рӯйдод, диққат додан ба саломатӣ, эҳтиром ва эътимодро ҳамеша бояд аз худ сар кард.
Омӯзиш бо дастгирии молиявии Департаменти давлатии ИМА, Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он” баргузор мешавад.