Сафари матбуотӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ

0
1679

Имрӯз, 28 феврал ТҶ “Хома” рӯзноманигоронро аз расонаҳои мухталифи кишвар дар як сафари матбуотӣ ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ҳамроҳӣ кард. Масъулини Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ҳудуди 20 рӯзноманигорро ба сохтори вазорат, толорҳои гуфтушунидҳои ҳамаҷониба ва дуҷониба, маҷлисгоҳҳҳо, китобхона шинос намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки китобхонаи вазорат бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ таъсис шуда, бо забони мухталиф дар он китобҳои соҳавӣ ва адабиёти ҷаҳон гирдоварӣ шудааст.
Ҳамчунин гуфта шуд,ки қабули шаҳрвандон дар ин ниҳод бидуни сабт аз қабл сурат гирифта, дар рӯзҳои қабул шаҳрвандон бо нишон додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият арзу муроҷиати хешро ба роҳбарияти вазорат мерасонанд.

ТҶ “Хома” сафарҳои матбуотиро қаблан низ ташкил намуда, рӯзноманигоронро ба Парлумон, Суди олӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди конститутсионӣ ва дигар ниҳодҳои муҳими давлатӣ роҳандозӣ кардааст.