Дар доираи амалишавии Стратегия оид ба ҳуқуқи инсон ва Нақшаи миллии амалишавии он барои солҳои 2023-2026” ва “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” омӯзиши навбатиро таҳти унвони “Журналистика ва усулҳои таҳлил бо додаҳои боз” барои рӯзноманигорон доир намуд.
Иштирокчиён дар доираи барнома пойгоҳҳои додаҳои боз, абзорҳои таҳлилӣ, тартиб додани фарзия/гипотеза, усулҳои санҷиши он дар манбаъҳои боз, манбаҳои гуногуни иттилоъ ва таҳлилҳо дар асоси додаҳои бозро меомӯзанд. Ҳамзамон ба иштирокчиён доир ба таҷассуми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Конститутсияи ҶТ, дар бораи ҳамроҳ шудани ҶТ ба Нақшаи амалиёти Истанбулӣ оид ба мубориза бо коррупсия ва гузаронидани мониторинг аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи нақшаи мазкур маълумоти васеъ пешниҳод гардид.
Омӯзиш бо дастгирии молиявии Департаменти давлатии ИМА, Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат (DRL) дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он” баргузор мешавад.