Сафари матбуотӣ ба Маркази миллии қонунгузорӣ ва Палатаи ҳисоб

0
1429

17 майи соли равон ТҶ “Хома” рӯзноманигоронро ба Маркази миллии қонунгузорӣ ва Палата ҳисоб роҳнамоӣ кард. Қисмати аввали рӯз пресс-тур ба Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ сурат гирифт.
Ҳадафи сафарҳои матбуотӣ ё пресс-турҳо ин аст, ки рӯзноманигорон дар бораи ниҳодҳои мазкур, фаъолияти онҳо аз наздик ошно гардида, робитаашонро бо ин сохторҳо мустаҳкам ва ҳамкориҳоро беҳтар намоянд.
Зимни сафари матбуотӣ ба Маркази миллии қонунгузорӣ директори марказ Иззатулло Саидзода, ва ноиби аввали марказ Муҳаммадҷон Соҳибзода рӯзноманигоронро пазируфта, дар бораи вазифаҳои асосӣ, сохтор ва идоракунии марказ маълумоти мукаммалеро ироа намуда, ҳамчунин ба саволҳои якояки хабарнигорон посух доданд.

Иззатулло Саидзода қайд намуд, ки Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи давлатии илмию таҳқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ буда, ба Президенти кишвар тобеъ мебошад.

Вазифаи асосии марказ таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, консепсияи лоиҳаҳои қонунҳо, пешниҳод намудаии онҳо тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ, таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, пешбурди феҳристи ягонаи таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ, гузаронидани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили он, мусоидат ба инкишофи илми ҳуқуқ, пешниҳоди таклифҳо ба ташкилотҳои дахлдор оид ба мавзӯъҳои таҳкиқотӣ дар соҳаи ҳуқуқ, таҳияи тавсияҳо дар бораи истифодаи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва мусоидат ба татбиқи амалии онҳо, гузаронидани таҳқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба инкишофи таҳқиқотҳои илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои ҳуқуқ ва ғайра масъалаҳои ба марказ вогузоргардида мебошанд.

Дар сохтори Маркази миллии қонунгузорӣ – шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, шӯъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ, шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ, шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ, шӯъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ, шӯъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ амал мекунанд. 

Нимаи дуюми рӯзи 17 май ТҶ “Хома” рӯзноманигоронро ба Палати ҳисоб роҳнамоӣ кард.

Бо ибтикори ТҶ “Хома” ҳудуди 20 рӯзноманигор аз саросари кишвар ба ин ниҳод роҳнамоӣ шуданд.
Аҳмадзода Файзалӣ, муовини Раиси Палатаи ҳисоб, сараудиторон Маҳмурод Маҳмадализода, Аслиддин Ҳасанзода, роҳбари дастгоҳи ин ниҳод ҳайати рӯзноманигоронро пазируфта, дар бораи сохтор, вазифаву рисолати он маълумоти муфассул пешниҳод карданд. 

Роҳбарияти Палатаи ҳисоб аз рӯзноманигорон даъват намуд, ки зимни инъикоси масъаллаҳои молиявӣ мавзӯҳоро омӯзанд. Дар ғайри сурат, масъаллагузорӣ дуруст ва касбӣ нахоҳад шуд.

Муовини Палатаи ҳисоби ҶТ Аҳмадзода Файзалӣ афзӯд, ки дар сомонаи Палатаи ҳисоб ҳисоботҳои зиёдеро ҷой медиҳанд ва барои рӯзноманигорон сарчашмаи чандин мавзӯҳо хоҳад буд. Дар сурати навиштани матлабҳои босифати таҳлиливу тадқиқотӣ Палатаи ҳисоб омодааст ба рӯзноманигорон иттилои бештарро пешниҳод намояд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки моҳи июни соли 2023 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул шуд, ки мушаххасан принсипҳо, самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои ин ниҳодро мушаххас менамояд.

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии аудити давлатӣ мебошад, ки аудити берунаи мустақили давлатиро оид ба баҳодиҳӣ ба лоиҳаи буҷети давлатӣ, ҳисоботи маҷмуии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳо ва захираҳои давлатиро анҷом медиҳад.

Палатаи ҳисоб ба Президенти Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба фаъолияти худ ҳисобот медиҳад. Принсипҳои фаъолияти Палатаи ҳисоб “мустақилият”, “масъулиятнокӣ”, “беғаразӣ”, “эътимоднокӣ ва поквиҷдонӣ” маҳсуб мешавад. Тибқи қонун вазифаҳои Палатаи ҳисоб “пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва беғаразона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ, ҳисоботи солонаи маҷмуии Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва идоракунии захираҳои давлатӣ” мебошад.