Иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон чӣ медиҳад?

0
416

Беҳтар кардани ҳамкорӣ байни рӯзноманигорону марказҳои матбуотӣ ва аз ин тариқ беҳтар кардани дастрасии хабарнигорон ба сарчашмаҳои расмии иттилоот яке аз алавиятҳои фаъолияти мо маҳсуб меёбад. Барои хубтар кардани дастрасӣ ба иттилоъ аз ҷониби мо натиҷаҳои нишастҳои матбуотӣ ва фаъолияти котибони матбуотӣ арзёбӣ шуда ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

9 июли соли равон ТҶ “Хома” боз як омӯзиши муҳимеро барои роҳбарони марказҳои матбуотии ниҳодҳои калидии кишвар баргузор кард, ки дар он намояндагони робита бо ҷомеа аз Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии маводи нашъаовар, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Суди Олӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳо ширкат доштанд. 

Шаҳло Акобирова зимни сухани ифтитоҳӣ


Омӯзиш дар доираи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 баргузор шуд. Шаҳло Акобирова, директори ТҶ “Хома” дар оғози чорабинӣ қайд кард, ки ҳуқуқи инсон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар авлавият қарор дошта, ҳамеша пайгирӣ мешавад, ки санадҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон то куҷо ба таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мусоидат кардааст. Бинобар ин, баъзе ҳолат барои шомил шудан ба ин ё он созмони иқтисодӣ иҷрои уҳдадориҳои ба дӯшгирифта талаб мешавад.

Суҳайлӣ Қодирӣ


Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба иштирокчиён дар бораи Санадҳои универсалии соҳаи ҳуқуқи инсони СММ, ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои оинномавӣ ва шартномавии СММ дар самти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон иттилоъ дод.

Ӯ қайд намуд, ки қабули Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ба омилҳои зерин нигаронида шудааст:

  • таҳияи стандартҳои ягона дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон;
  • мустаҳкам намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ин соҳа;
  • таҳлилу арзёбии вазъи воқеии ҳуқуқи инсон;
  • тарҳрезии чораҳо барои шаклгирии кафолатҳои мавҷудаи амалишавӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон;
  • иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон.
Мубоҳиса бо иштирокчиёни омӯзиш

Нақшаи амали Стратегия ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ аз шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, муқовимат бо савдои одамон ва шаклҳои дигари муосири ғуломӣ, ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, ҳуқуқ ба адолати судӣ ва ҳуқуқ ба баррасии одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба озодии изҳори ақида, муттаҳид шудан, ҷамъомадҳои осоишта ва эътиқоди динӣ, ҳуқуқ ба баробарӣ ва манъи табъиз нигаронида шудааст. 

Татбиқи Стратегияи миллӣ ва нақшаҳо он имкон медиҳад, ки механизмҳои назорат ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳким ёфта, низоми ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва дигар чораҳо оид ба таъмини устувори ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис дода шавад.

Ёдовар мешавем,ки чорабинӣ дар мувофиқа бо котиботи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва дар ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид.