Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон. Хома чӣ кореро анҷом дод?

0
132

Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038-ҳамоиши навбатии мо номгузорӣ гардида буд, ки бо ҳузури пурранги намояндагони мақомоти давлатӣ,  вакилони парлумон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар ин конфронс замимаи мобилии “Маърифати ҳуқуқӣ” низ муаррифӣ шуд.

Шаҳло Акобирова, роҳбари ТҶ “Хома

Дар оғози ҳамоиш Шаҳло Акобирова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” аз силсилабарномаҳои омӯзишӣ, ки дар он мутахассисони соҳаи гуногун ҷалб гардида буданд, ёдрас шуд:

– 7 тренинг барои рӯзноманигорон (дар маҷмӯъ 45 рӯзноманигор, 17 иштирокчӣ аз минтақаҳо, 16 зан ва 29 мард) оид ба ҳуқуқи инсон баргузор намудем, аз ҷумла, “Ҳуқуқи инсон ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ”, “Ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судӣ ва ҳуқуқ ба баррасии одилонаи судӣ”, «Ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии инсон», “Ҳуқуқ ба таҳсил”, “Ҳуқуқ ба муҳоҷират”, “Ҳуқуқҳои шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ”, “Баробарии гендерӣ”, “Ҳуқуқи кӯдак”, “Журналистика ва усулҳои таҳлил бо маълумоти кушод”.

Ба таъкиди роҳбари Хома, муҳим ин буд, ки рӯзноманигорон ҳуқуқи инсонро хуб омӯзанд, нақшаи чорабиниҳои миллиро донанд ва масъалаҳои муҳими марбут ба ин мавзӯъро дуруст инъикос кунанд.

Дар ду давра иштирокчиёни тренинг бо дастгирии лоиҳа 40 маводи журналистӣ дар қолабҳои гуногун (телевизион, радио, мақолаҳо, чандрасонаӣ, эксплейнер корт ва ғ.) таҳия намуданд.

Директори Ташкилоти “Хома” аз баргузории омӯзиш барои 12 медиа-продюсер, сенариянавису коргардони кишвар ёдовар шуд, ки дар як давраи 8-рӯза эҷоди видеоролик ва филмҳои кӯтоҳи иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ аз ҳуқуқи инсон фаро гирифта шудаанд. Бо дастгирии грантӣ 15 мавод таҳия гардид (6 ролики аниматсионӣ, 4 филми кӯтоҳ ва 5 ролики видеоӣ), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва дар шабакаҳои телевизионии мустақил намоиш дода шуданд. Наворҳои иҷтимоӣ дар 9 шабакаи телевизионии мустақили кишвар паҳн шудаанд, ки ҳудуди 5 миллион тамошобинро ин телевизионҳо фаро мегиранд.

Шаҳло Акобирова иштироки ташкилотро дар гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ва Қонун дар бораи ВАО низ зикр кард. Ҳамчунин афзӯд, ки дар доираи чанде аз бандҳои Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 корҳои муҳиме анҷом дода шуд, аз ҷумла, бандҳои:

  1. Таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи озодии изҳори ақида бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисони соҳа барои такмили қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мазкур тибқи тавсияҳои ниҳодҳои дахлдори СММ 2023-2025 ВФ, ВКХ, ВА, ММҚ, ВҲИ
  2. Таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани қонунгузорӣ дар соҳаи озодии муттаҳидшавӣ тибқи тавсияҳои ниҳодҳои дахлдори СММ бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисон дар ин соҳа 2023-2025 ВА, ММҚ, ВҲИ, КА
  3. Амалӣ намудани чорабиниҳои маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқод, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа 2023-2025
  4. Чорабиниҳои маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқод, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа
  5. Мутобиқ намудани Тартиб дар бораи аккредитатсияи журналистони хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 2023-2025
  6. Гузаронидани омӯзиши мунтазами намояндагони мақомоти давлатӣ, ВАО ва журналистон оид ба масъалаҳои таъмини дастрасӣ ба иттилоот 2023-2025
Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ

Ҳангоми рӯнамоии замимаи мобилӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, ки муаллифи беш аз 50 таълифот оид ба масоили мухталифи ҳуқуқист, изҳор дошт:

– Бояд гуфт, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба манфиати кор аст. Он яке аз заминаҳои муҳимми пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯз, хушбахтона, мардум ба соҳибкорӣ машғуланд. Омор нишон медиҳад, ки саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар беш аз 70 фисадро дар бар мегирад. Албатта, ин ҳолат пеш аз ҳама донистани доираи муайяни меъёрҳои ҳуқуқиро талаб мекунад. Аксарияти аҳолии кишвар ҷавононанд, ки онҳо дар доираи меъёрҳои қонунҳои амалкунанда бояд тарбият ёбанд, ҳуқуқу озодиҳои худро донанд.Баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо дастоварди бузурге хоҳад шуд. Хуб аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои давлатӣ ва шарикони рушд фаъолиятро пеш бурда, ташаббусҳои созандаеро амалӣ мекунанд.

Мавсуф фаъол шудани барномаи мобилии “Маърифтаи ҳуқуқӣ” – ро, ки барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа дастрас аст, ба манфиати кор донист. Сохт ва муҳтавои замима, ки фарогири донишҳои ҳуқуқӣ асту забони осонфаҳм дорад, иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ арзёбӣ кард. Ба андешаи Зариф Ализода, пайдо шудани чунин як пойгоҳи рақамӣ барои на фақат насли ҷавон, балки барои кулли ҷомеа судманд хоҳад буд.

Замимаи мобилӣ аз чаҳор бахш – “Ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ”, “Ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ”, Ҳуқуқи кӯдак” ва “Қонунгузори ВАО” иборат аст. Ҳамчунин ҳар бахш дорои саволнома (тест) ҳаст, ки метавонед, худро имтиҳон кунед.

Замима ройгон барои ҳама дастрас аст. Шумо метавонед дар ҳама гуна телефони ҳушманд-Android, iOS онро боргирӣ намоед. Ҳатто нусхаи онро барои Desktop (https://marifatihuquqi.tj) сохта шудааст. Онҳое, ки телефони ҳушманд надоранд, метавонанд тариқи компютер ба ин барнома дастрасӣ дошта бошанд. Бартарияти замима дар он аст, ки бо осонӣ метавонед онро боргирӣ намоед ва қонунҳоро дар шакли pdf ба дигарон фиристед ё дар телефони худ захира намоед.

Зимнан, иштирокдорони ҳамоиш ба созандагони барномаи мобилӣ тавсия доданд, ки бахши вижае, ки дар он рақами телефон ва суроғаи ниҳодҳои дахлдор оид ба ҳуқуқ ҷой мегирад, илова кунанд.

Боз пешниҳод шуд, ки тарҷумаи сурдопедагогии маълумоте, ки дар замима мавҷуд аст, дар дохили барнома ҷойгир созанд.

Маводҳои замима агар бо забони русӣ тарҷума шавад, барои фарогирӣ мусоидат мекунад.

Дар рафти чорабинӣ наворҳои кӯтоҳи иҷтимоие, ки аз ҷониби иштирокчиёни лоиҳа -коргардонҳои шинохтаи кишвар офарида шудаанд, аз қабили: «Натарс» ва «Ба ман имконият деҳ», «Ояндаи дурахшон» ва «Ҳуқуқи кӯдакон». 

Мавзӯҳое чун “Жанру қолабҳои “журналистикаи нав”  барои инъикоси масоили марбут ба ҳуқуқи инсон”, “Сиёсати редаксионии ВАО дар инъкоси  масоили ҳуқуқи инсон” дар конфронс аз ҷониби рӯзноманигорони ҷавон ва шинохтаи кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.

Иршод Сулаймонӣ

Рӯзноманигор Иршод Сулаймонӣ дар бораи мушкилоти дастрасӣ ба иттилоъ ва мушкилоти инъикоси масоили ҳуқуқи инсон ва шеваҳои баррасии он  суҳбат кард.

Ба бовари ин рӯзноманигор, мавзӯи ҳуқуқи инсон метавонад мавзӯи суннатӣ, мавзӯи имруза ва мушкили ояндаи тамоми дунё бошад. Ҳар ниҳоде дар дунё омад, мехост масъаллаи инсон ҳал шавад. Дин бо дағдағаи ҳали ҳуқуқи инсон, фалсафа, адабиёт, ҳукуматҳо, низомҳо, бартариии ин ё он низоми сиёсии ин ҳукумат аз дигар ба он маънидод мекарданд, ки мо мехоҳем, барои зиндагии шаҳрвандонамон хубтар бошад, ҳуқууқи инсон беҳтар бошад. Расонаҳо ҳам бо ҳамин дағдағаҳо барои бартараф шудани мушкилоти ҳуқуқи инсон мусоиадат намоянд, бо вуҷуди ин, мушкили ҳуқуқи инсон як мушкили бузург боқӣ монд.

“Дар Тоҷикистон масоили ҳуқуқи инсон ва марбут ба ҳуқуқҳои инсон як мушкили сиёсӣ аст. Аз ин нуқтаи назар бисёр ҳассос аст ва ҳассосияти бузург дар инҷост, ки  ҷанбаҳои бештари мавзӯҳои марбут ба ҳуқуқи инсон бевосита сиёсӣ ҳастанд ё ба сиёсат бармехӯранд. Аа ин рӯ, ҳама ниҳодҳо боэҳтиёт кор мекунанд, аз ҷумла, журналистон. Вақте дар бораи инъикоси ҳуқуқи инсон дар расонаҳои Тоҷикистон суҳбат мекунем, бештар дар бораи ҳуқуқҳое мехоҳем гап занем, ки бунёдӣ ҳастанд, пеш аз ҳама озодии баён ё ақида. Замонат доданаш аз ҷониби давлат як сӯйи масъалла аст,  вале дар амалия вуҷуд доштани имконият ва мусоид будани шароит барои озодона изҳор кардани масъалла самти дигар. 

Айни замон шабакаҳои иҷтимоӣ барои изҳори ақида имконияти хубест. Арзиши асосиии ҷомеаи  демократӣ ин риоят шудани ҳуқуқи инсон аст. Аз ин хотир расонаҳои мо дар масъаллаи ҳуқуқи инсон ба чанд мушкил бармехӯранд.

Ба бовари ҷаноби Сулаймонӣ, ҷомеаи журналистии мо ниёз ба омӯзишҳои ҳамешагӣ дорад. Масъаллаи донистани чӣ мавзӯҳое, ки марбут ба ҳуқуқи инсон аст. Дар бештари омӯзишҳо ҳуқуқи ақаллиятҳои ҷомеа  ва амсоли ин мавзӯҳо омӯзонда мешавад. Аммо ҳуқуқҳои марбут ба сиёсӣ кам аст. Вақте расонаҳо ба далели онки дар ин мавзӯҳо дониши кофӣ надоранд ё ба далели онки шароит мусоид нест, аз мавзӯъ сарпечӣ мекунанд, ин ба мушкилоти калони ҷомеаи мо табдил мешавад. Ман фикр мекунам, ки дар сурати донишҳои хуб сарфи назар аз онки мавзӯъ ҳассосият дошта бошад, расонаҳо метавонанд ба таври муносиб баррасии мавзӯъро дошта бошанд.

Шералӣ Давлатов иштирокчии дигари омӯзишҳои Хома мегӯяд, баъд аз хатми давраи якуми мактаби ҳуқуқӣ  бобати роҳи навбунёди Темурмалик-Ҳулбук мавзӯъ таҳия кард, ки роҳрави шафати он ба меъёр ҷавобгӯ набуда, зимни азнавсозии роҳ ҳуқуқи истиқоматкунандагони ду тарафи роҳ поймол шудааст. Зеро, баъди кандани роҳу пулҳое, ки хонаҳои сокинон ва кӯчаву маҳаллаҳоро ба роҳи марказӣ мепайваст, дубора барқарор намегардидааст.

Баъди инъикоси ин мавзӯъ ва инъикоси шикояти сокинон ба мақомот ин мушкилӣ то андозае роҳҳал пайдо намуд. Прокуратураи ноҳияи Темурмалик муаллифро даъват карда ваъда намудааст, ки масъалларо баррасӣ менамояд.

Файзуллохон Обидов, иштирокчии дигари омӯзишҳои Хома мегӯяд, хеле хурсанд аст, ки дар Мактаби “Ҳуқуқи инсон ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ” иштирок кард. Аз ин мактаб дар бораи ҳуқуқи инсон, бахусус, ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоӣ маълумоти бештар пайдо кардам. Баъдан аз рӯйи фаҳмиш ва таҷрибаи ками худ дар соҳаи журналистка қарор дошт, ки доир ба ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқ ба таҳсил маводи журналистӣ омода менамояд.

“Интихоби мавзӯъ бароям душвор набуд, ҳуҷҷати Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026, ки фарогири тавсияҳои мушаххас оид ба иҷрои ҳуқуқҳои инсон барои Тоҷикистон аст, роҳ нишон дод. Хостам, ки дар ҳудуди тавсияҳои 12 ва 13, ки ҳуқуқи кўдакон ва ҳуқуқ ба таҳсилро фаро мегирад, мавод омода кунам. Дар натиҷа, 4 мавод омода кардам, ки фарогири масъалаҳои бартарафсозии норасоии кадрҳои педагогӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, таъмини қабули шахсони маъюб ба таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таълимии ҷойи зисти мувофиқ ба худи онҳо, оқибати нохуши номзадкунии бармаҳал, вазъи модарони кӯдакони дорои ниёзҳои махсус мебошад. Дар рафти таҳия кардани матолиби журналистӣ мушоҳида кардем, ки аксарияти волидони кӯдакони дорои маъюбият аз имтиёз ва ҳуқуқҳои худ огоҳӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, агар намояндагони ниҳодҳои дахлдор барои инъикос кардани масоили ҳуқуқӣ ба рӯзноманигорон ҳамкориро ривоҷ диҳанд, фикр мекунам, ба манфиати кор аст.”,-гуфт Ф. Обидов.

Зулфия Голубева

Зулфия Голубева низ як иштирокчиёни дигари мо буд, ки баъд аз омӯзишҳо ба ин масоил бештар таваҷҷуҳ кард.

“Дар доираи мактаби ҳуқуқии Хома матолиби калонеро дар бораи механизми тахриби манзилҳо навиштам. Мо бо Шоира Давлатова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятӣ, ки дар ин самт кор мекунад, муфассал маълумот додем, ки чӣ бояд кард, сохтмончӣ чӣ чизҳоро пешниҳод кунад. Чунки вақте барои тахриби хонаи шумо меоянд, танҳо дар бораи уҳдадориҳои ту мегӯянд. Вале дар бораи ҳуқуқҳои ту чизе намегӯянд. Шаҳрвандон шикоят мекунанд, ки чӣ бояд кунанд, кадом ҳуҷҷатҳоро бояд имзо гузоранд, чӣ қадар вақт дода мешавад. Рақами телефони ҳуқуқшиносро гузоштем. Зеро, мустақилона зуд омӯхтани ин мавзӯъ аз ҷониби шаҳрвандон мушкил буд.”,-гуфт Зулфия Голубева.

Ин рӯзноманигор самти худро интихоб кардаву бештар ба бобати ҳуқуқҳои маишӣ ба хонанда маълумот медиҳад.

“Ҳуқуқ ба ҳавои тоза, ҳуқуқ ба оби тоза, хизматрасонии коммуналӣ аз мавзӯҳое ҳастанд, ки дар ин бобат ман менависам. Дар матолиби, худ видеоҳои худ мегӯям, ки вақте сари вақт партови шуморо берун намекунанд, ба куҷо муроҷиат кард. Вақте ман мегӯям, ки шумо муваззаф нест, ки ба хоҷагии манзилию коммуналӣ маблағ надиҳед то харҷномаву шартномаро пешниҳод накунанд. Вақте мардум дар ин бора маълумот  пайдо мекунанд, дар аввал ҳайратзада мешаванд ва сипас мехоҳанд муроҷиат кунанд. Бароят гуворост вақте мефаҳмӣ, ки матлабат кумак кардааст… Ду мушкилот ҳоло ҷой дорад. Ҷомеаи журналистӣ ва блогерон гоҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд ё тамғагузори ин ё он гуруҳ дида мешавад. Мушкилоти дигар аст, ки вақте шаҳрвандон оддитарин ҳуқуқҳои худро намедонанд ва ин ё он ниҳод аз ин ҳолат истифода мекунад. Барои мисол, вақте нархномаҳои берун кардани партовро нашр кардам, шаҳрвандон ба ҳисоб кардани расидҳои худ шурӯъ карда маълум карданд, ки маблағи зиёд пардохт карданд… Донистани ҳуқуқ ба ту боварӣ мебахшад, ки ту барҳақӣ. Вақте як мансабдор мебинад, ки ту бо ӯ бо забони қонун гап мезанӣ, кушиш мекунад, ки ҳуқуқҳои туро поймол насозад.”

Зулфия Голубева ба ин назар аст, ки журналистон, блогерон, созмонҳои ҷамъиятӣ бояд дар бораи қонунҳо бигӯянд. Зина ба зина фаҳмонанд. Чунки надонистани қонун дар ҷомеа мушкил боқӣ мондааст. Вале вақте бештар мардум ҳуқуқҳои худро медонанд, ин бехтараии ҷомеа ва давлатро таъмин мекунад.

Баҳманёр Нодиров, мудири таҳририяи “Азия-Плюс” бобати  жанру қолабҳои “журналистикаи нав” гуфт, ки барои инъикоси масоили марбут ба ҳуқуқи инсон муассиранд. Аз ҷумла, қайд кард, ки дар масоили ҳуқуқӣ аз қолабҳои нав, ба монанди қиссаи видеоӣ, storytelling ва корт истифода кардан ба мақсад мувофиқ аст. Зеро, бо ин форматҳо фарогириро метавон васеъ ва матлабро ҷолиб намуд. бо ин форматҳо метавон нишон дод, ки мавзӯъ чӣ қадар муҳим аст.