Қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ”: кумак ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ

0
180

Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи охир лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ”-иро баррасӣ ва қабул намуд.

Парвиз Шодизода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ зимни муаррифии лоиҳа гуфт, мақсад аз қабули қонун баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа, расонидани кумак ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ барои соҳибкории иҷтимоӣ мебошад.

Шараф Каримзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон ба вакилон иттилоъ дод, ки дар таърихи кишвар аввалин бор ин қонун вобаста ба танзими соҳибкории иҷтимоӣ қабул мешавад ва аввалин бор дар қонунгузории Тоҷикистон маҳфуми соҳибкориии иҷтимоӣ ҷорӣ гардид, ки барои дастгирии гуруҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир равона шудааст.

Ҳамчунин аввалин бор дар қонунгузории кишвар гуруҳҳои осебпазир дар шакли муназзам гирд оварда шуда, дар маҷмӯъ номгуи онҳо ба 11 қисм ҷудо шудааст.

Тибқи қонуни мазкур кафолати рушди соҳибкории иҷтимоӣ пешбинӣ шуда, зимни ҳама гуна санҷишҳо мақоми ваколатдорро уҳдадор мекунад, ки  аз доираи санҷишҳои дар қонунгузорӣ пешбинигардида набояд берун бароянд.”,-таъкид намуд ин намояндаи вазорат

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки механизмҳои мусоидат ба шуғли гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё ба истилоҳ соҳибкории иҷтимоӣ зарур аст.

Қабули қонуни “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” саҳми Тоҷикистон дар раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид буда, ба ин васила иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ташаккули симои мусбати мамлакатро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун иштирокчии фаъоли рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ гуфта мешавад.

Акс аз шабакаи интернет