Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Носир Саид, роҳбари МД “Сафина” ба ин мансаб таъйин гардид.
Нуриддин Саид 5 соли охир роҳбари ин кумита буд. Ӯ январи соли 2020 раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуда буд.
Раиси нави Кумитаи телевизион ва радиоро Абдулло Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муаррифӣ намудааст.