Омӯзиши журналистикаи ҳассос ба низоъ аз ҷониби журналистони Бохтар

0
819

Созмони ҷамъиятии “Хома” амалисозии лоиҳа таҳти унвони “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Миёна”-ро идома медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, он ба тақвияти  талошҳо, чӣ дар минтақа ва чи дар кишварҳо, ба хотири  пешгирӣ аз тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ равона шудааст.

Имрӯз дар шаҳри Бохтар омӯзиши серӯзаи амалӣ дар  мавзӯи “Журналистикаи ҳассос ба низоъ” кори худро оғоз кард. Дар доираи ин омӯзиш ба 14 рӯзноманигори ВАО Бохтар маълумоти мукаммал оид ба фаҳмиши низоъ ва навъҳои он, нақши расонаҳо чун миёнарав дар инъикоси низоъ, абзорҳои асосии рӯзноманигорӣ ҳангоми инъкоси масоили низоъангез ва усулҳои бехатарии шахсии рӯзнаманигорон пешниҳод мешавад.

Дар ҷараёни омӯзиш иштирокчиён бояд нақши истисноии худро дар ҷомеа дарк намоянд ва ба кори худ боз ҳам бештар бо ҳисси масъулият муносибат намоянд. Созмондиҳандагони семинар умедворанд, ки пас аз омӯзиш рӯзноманигорон қоидаҳои  ҳирфавии таҳияшуда ва меъёрҳои усулиро риоя  намуда, ниҳоят корҳои сараи рӯзноманигорӣ анҷом медиҳанд, ки  дар он беғаразӣ, дақиқият ва масъулиятпазирӣ ба мушоҳида хоҳад расид. Аз ин хотир иштирокдорон бо маводи мустақили худ кор хоҳанд кард, ки бояд пас аз анҷоми семинар дар муддати як моҳ ба нашр расанд.