Имрӯз 22 июл дар Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” тренинги панҷрӯза дар мавзӯи «Сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заминаи ҳуқуқӣ дар самти пешгирии амалҳои коррупсионӣ» оғоз шуд.
Мақсад аз омӯзиш ҷалби журналистон ба масоили вобаста ба мубориза бо коррупсия, шиносоӣ бо қонунгузорӣ дар ин самт ва стратегияи давлатии зиддикоррупсионии ҶТ баҳри дурусту амиқ инъикос намудани масоили вобаста ба ин зуҳуроти номатлуб дар ВАО-и ватанӣ мебошад. Дар доираи барномаи таълимӣ аз ҷониби коршиносон ва мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ, Палатаи ҳисоби ҶТ ба иштирокчиён маълумоти дуруст оид ба мафҳуми коррупсия, пайдоиш ва хатари он ба ҷомеа, маълумотҳои тадқиқотҳои ватанӣ ва байналмилалӣ оид ба коррупсия дар Тоҷикистон, тадбирҳои мубориза бо коррупсия дар ҶТ, пешгирии коррупсия дар соҳаҳои мухталиф ва дигар масоили мубрам пешниҳод мегардад.
Рӯзи чоруми омӯзиш рӯзноманигорон дар маҳфили журналистикаи иқтисодии “Тавозун”, ки дар он мавзӯи «Таҳкими ҳамкориҳои муштараки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» баррасӣ мешавад, иштирок намуда, бо коршиносону матахассисони идораҳои дахлдори давлатӣ, ки дар самти мубориза бо коррупсия фаъолият доранд, шинос мешаванд ва дар муҳокимаҳои маҳфил иштирок мекунанд. Ин чорабинӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки дониши андухтаашонро мустаҳкам намоянд ва оид ба мавзӯи матлаби мустақилонаашон маълумоти бештарро ба даст оранд.
Рӯзи ниҳоии тренинг – 26 июл иштирокчиён матлабҳои худро муаррифӣ мекунанд ва соҳиби сертификат мегарданд.
Лоиҳа бо маблағгузорӣ аз ҷониби Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.