Дар маҳфили навбатии “Тавозун”, ки 25 июл дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ оид ба “Таҳкими ҳамкориҳои муштараки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия” доир гашт, наздики 50 нафар аз ҳисоби кормандони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва 17 намояндаи ВАО иштирок доштанд.
Дар нишаст ду маърӯза пешниҳод гашт, ки дар атрофи онҳо оид ба дастовардҳо дар сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилиҳои ҷойдошта, рушди заминаи ҳуқуқӣ барои пешгирии коррупсия, имкониятҳои нави иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО дар ҷараёни афзоиши шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти васеъ пешниҳод гардида, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ, Палатаи ҳисоби ҶТ, Вазорати молияи ҶТ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон фикру ақидаҳои худро оид ба муқовимат ба коррупсия, усулҳои пешгирии он, ҳамкориҳои идораҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ иброз доштанд ва ба саволҳои зиёди рӯзноманигорон, ки аз шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Тоҷикистон дар чорабинӣ ширкат доштанд, ҷавоб доданд.
Саволҳо атрофи эътимоди мардум ба идораҳои давлатӣ, натиҷагириҳои тадқиқотҳои байналмилалӣ оид ба сатҳи коррупсия дар Тоҷикистон, усулҳои ҳамкорӣ ва робита бо шаҳрвандон ҳангоми муқовимат бо коррупсия, ҷорӣ намудани муроҷиати электронии шаҳрвандон ба мансабдорон, пешгирии ришва ҳангоми гирифтани шиносномаҳои нав, масоили вуҷуддошта дар бахши эъломияи молу мулки хизматчиёни давлатӣ, кодекси одоби хизматчии давлатӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар сатҳи буҷетҳои маҳаллӣ, ки шаффофият дар онҳо ҳамагӣ 12%-ро ташкил мекунад ва дигар масъалаҳои рӯзмарра дар ин самтро дар бар гирифтанд.
Маҳфили “Тавозун” бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» (www.khoma.tj), дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” бо маблағгузории Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.