ТҶ “Хома” аз лоиҳаи 4-солааш доир ба рушди дата-журналистика натиҷагирӣ кард

0
725

ТҶ “Хома” аз моҳи декабри соли 2015 то охири соли 2019 бо дастгирии Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон (DFID) ва Институти Ҷамъияти Кушода, Бунёди Мадад дар Тоҷикистон қисмати бо ВАО вобастабудаи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” – ро амалӣ намуд.  

Яке аз ҳадафҳои асосии ин қисмати лоиҳа рушди дата-журналистика дар Тоҷикистон буд, ки тавассути омӯзиши масоили буҷа, асосҳои идоракунии молияи давлатӣ, инчунин воситаҳои мултимедиа, визуализатсияи маълумот барои фарогирии додаҳои мураккаби молиявӣ ва иқтисодӣ дар ВАО сурат гирифт.

Барои иштирок дар тренингҳои амалии лоиҳа намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон, донишҷӯён, блогерҳо ва фаъолони шаҳрвандӣ дар асоси озмун даъват карда шуда буданд.

Ба лоиҳа 50 коршиноси ватанӣ ва хориҷии соҳаи молия, журналистикаи телевизионӣ, чопӣ ва чандрасонаӣ ба сифати тренерон ҷалб карда шуданд. Аз онҳо зиёда аз 20 нафарашон мутахассисони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коршиносони соҳаи иқтисод, андоз ва идоракунии молияи давлатӣ буданд.

Дар тренинг беш аз 70 иштирокчӣ, аз ҷумла рӯзноманигорони расонаҳои мухталиф, хизматчиёни давлатӣ, блогнависҳо ва намояндагони ташкилотҳои чамъиятӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд. 16 тренинги амалӣ гузаронида шуд, ки пас аз онҳо иштирокчиёни лоиҳа дар соҳаи молия ва буҷа ва инчунин воситаҳои чандрасонаӣ дониш ва малакаи амалӣ гирифтанд. Онҳо тарзи эҷоди тасвирҳои визуалии мафҳум, содда кардани дарки масъалаҳои мураккаби иқтисодиро тавассути инфографика, диаграммаҳо, харитаҳои интерактивӣ ва дигар воситаҳои визуаликунонии маълумот ёд гирифтанд.

Иштирокчиёни лоиҳа тақрибан 500 маводро дар шаклҳои мухталиф – мултимедия, телевизион, радио ва рӯзнома таҳия намуданд, ки бештар аз 350-тои он дар ВАО чоп шуда, инчунин дар блогҳои иштирокчиён гузошта шудаанд.

Дар доираи лоиҳа сомона оид ба дата-журналистика https://khoma.tj/datajournalism/ ба кор дароварда шуд, ки дар он маводҳои иқтисодӣ, аз ҷумла матлабҳои рӯзноманигорони дар лоиҳа иштиронамуда дар шакли маводи дата-журналистӣ ба нашр расиданд.

Маҳфили журналистикаи иқтисодии “Тавозун” таъсис дода шуд, ки 15 ҷамъомади худро давоми 4 сол гузаронид. Дар доираи “Тавозун” зиёда аз 600 нафар намояндагони ВАО, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо ва коршиносони мустақили иқтисодӣ ширкат варзида, масъалаҳои мубрами иқтисодиро вобаста ба идораи молияи давлатӣ ва буҷаи давлатӣ баррасӣ намуданд.

Дар тӯли лоиҳа бо ТҶ “Хома” вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, тандурустӣ фаъолона ҳамкорӣ карданд ва мутахассисону коршиносони худро барои омӯзиши рӯзноманигорон ва иштирок дар кори маҳфили журналистикаи иқтисодии “Тавозун” пешниҳод намуданд. Ба лоиҳа инчунин мутахассисони Агентиҳои идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, андоз, Палатаҳои ҳисоб, савдо ва саноат, Шӯрои машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ва ниҳодҳои дигар ҷалб карда шуданд.        

Иштирокчиёни лоиҳа аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон баромад карда, бардошти худро аз он иброз доштанд ва изҳори умед намуданд, ки чунин иқдомҳои муфид дар самти рушди дата-журналистика идома меёбанд.

Дар мизи мудаввар зиёда аз 50 нафар аз вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ВАО ширкат намуданд.