Мактаби ҳуқуқи ВАО дар Душанбе ба кори худ шурӯъ кард

0
898

Дар Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» Мактаби ҳуқуқи ВАО ба кори худ оғоз бахшид. Мактаб дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти фазои ҳуқуқӣ дар соҳаи ВАО”-и барномаи Media CAMP аз ҷониби Internews Тоҷикистон бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад.

Мақсади лоиҳа беҳдошти фазои ҳуқуқии ВАО-и Тоҷикистон тариқи устувор намудани иқтидори ҳуқуқшиносон ва журналистон мебошад, ки тавонанд дар ҷараёни қонунгузориҳо иштирок кунанд ва дар пешбурди санадҳои меъёрии мутараққӣ саҳм гузоранд.

Дар Тоҷикистон масоили вобаста ба соҳаи ВАО кам нест ва онҳоро метавон тавассути рушди институти ҳуқуқи ВАО ҳал намуд.
Тавре маълум аст дар мактабҳои олии мамлакат курсҳои махсус дар соҳаи ҳуқуқи ВАО вуҷуд надоранд, барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ чунин барномаи таълимӣ ва омӯзгорони ин ришта низ нест. Теъдоди ҳуқуқшиносони амалкунандаи соҳаи ВАО дар масъалаҳои сатҳи судӣ ва тосудии ҳифзи ВАО (диффаматсия, моликияти зеҳнӣ, ҳифзи ҳаёти шахсӣ) хеле каманд. Набудани ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО гувоҳи он аст, ки онҳо дар ҷараёнҳои таҳияи қонунҳои иттилоотӣ, дастрасӣ ба иттилоот, мониторинг ва таҳлили фазои ҳуқуқӣ, таҷрибаи байналмилалӣ да соҳаи озодии сухан ва баёни андеша ҷалб карда намешаванд.

Масоиле ҳаст, ки омӯзиш ва таҳлилҳои махсусро аз ҷониби ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО талаб мекунанд. Вобаста ба ин устувор намудани институти ҳуқуқи ВАО теъдоди масъалаҳоро ба монанди мушкилиҳо дар низоми бақайдгирии ВАО дар қаламрави мамлакат, қоидаҳо ва тартиби аккредитатсияи журналистони хориҷӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ, махсусиятҳои кор дар интернет ва ворид намудани тағйиротҳо ба қонунгузории ВАО-ро метавонад ҳал намояд.

Яке аз мақсадҳои калидии лоиҳа мусоидат намудан ба пайдо шудани насли нави ҳуқуқшиносони ВАО ва ҷалби онҳо барои кор дар ин соҳа мебошад. Бо ин мақсад ТҶ “Хома” гузаронидани Мактаби ҳуқуқи ВАО-ро дар нақша дорад, ки ба он 15 нафар ҳуқуқшиносони ҷавон ва донишҷӯёни курсҳои болоии факултаи ҳуқуқшиносӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Хатмкунандагони Мактаб ба гузаронидани корҳои аналитикӣ оид ба таҳлили санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ (СМҲ) дар соҳаи ҳуқуқи ВАО ва инчунин омода кардани нашри мақолаҳо доир ба вазъи имрӯзаи СМҲ дар соҳаи ВАО дар Тоҷикистон ҷалб мегарданд. Инчунин дар доираи лоиҳа додани машваратҳои ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО ва фаъолони шаҳрвандӣ дар назар аст.

Шахсоне, ки Мактаби ҳуқуқи ВАО-ро мегузаранд ба ҳайси таҳлилгарон ва коршиносони ҳуқуқи ВАО дар самти беҳдошти базаи қонунгузорӣ дар соҳаи ВАО ба кори ташкилот ҷалб карда мешаванд.

 

 

В Душанбе начала свою работу Школа медиаправа

В Общественной организации «Хома» началась Школа медиаправа, реализуемая Internews Таджикистан при поддержке Агентства США по международному развитию (USAID) в рамках проекта «Улучшение правовой среди в медиа сфере» программы Media CAMP. Целью данного проекта является улучшение правовой среды для СМИ в Таджикистане через укрепление потенциала юристов и журналистов, с их участием в законодательном процессе и продвижении прогрессивных нормативных актов.
В Таджикистане есть много вопросов связанных с медиа-сферой, которые можно решить через развитие института меди-права.

Как известно не в одном ВУЗе страны нет специальных курсов по медиа-праву, для студентов юридического факультета не существует подобной учебной программы и нет преподавателей этого направления. Очень мало действующих медиа-юристов в вопросах защиты СМИ на судебном и досудебном уровнях (диффамация, интеллектуальная собственность, защита частной жизни). Отсутствие медиа-юристов говорит о том, что они не участвуют в законотворческой деятельности, в сфере доступа к информации, мониторинге и анализе правовой среды, международной практики в области свободы выражения мнения.

Есть проблемы, которые требуют специального изучения и анализа со стороны медиа-юристов. В этой связи укрепление института медиа-права может помочь решить ряд вопросов и недоработок, которые, например, существуют в порядке регистрации СМИ в РТ, аккредитации иностранных журналистов на основе международных норм, специфике работы в интернете и внесении изменений в законодательство СМИ.

Одна из ключевых задач проекта состоит в содействии появления нового поколения медиа юристов в стране и их активное привлечение к работе в медиа-сфере. Для этого будет проведена Школы медиа-права для 15 молодых юристов и студентов старших курсов юридических факультетов вузов страны.

Выпускники Школы будут задействованы для проведения аналитических работ по анализу нормативно правовых актов (НПА) в сфере медиа права, а также подготовки публикаций по сегодняшнему состоянию НПА в области СМИ в Таджикистане. В рамках проекта также будет предоставляться юридическая консультация представителям медиа и гражданским активистам.

Лица, окончившие Школу медиа-права, будут вовлечены в работу организации в качестве аналитиков и экспертов медиа-права по улучшению законодательной базы в медиа-сфере.