Мулоқоти нахустини Шоҳиён бо студияҳои маводи аудиовизуалӣ

0
727

Рӯзҳои наздик раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Маҳмадсаид Шоҳиён бо роҳбарони студияҳои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ вохӯрии корӣ анҷом дод.

Ин мулоқоти ошкоро ва пурмаҳсул, кибо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» сурат гирифт, дар таърихи телевизион ва кинои тоҷик бори аввал иттифоқ афтод. Воқеан ҳам, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди танзимкунанда якумин маротиба буд, ки бевосита бо студияҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ сӯҳбат кунаду фикру мулоҳизаҳои онҳоро оид ба рушди бозори маводи аудиовизуалӣ, мушкилиҳои ин соҳа, вусъатдиҳии ҳамкориҳо миёни студияҳо ва телевизионҳо ва дигар масаъалаҳои кориро баррасӣ намояд.

Маҳмадсаид Шоҳиён дар оғози вохӯрӣ оид ба рушди соҳаи телевизион дар мамлакат ибрози андеша намуда, ҳамзамон таъкид намуд, ки 60% амалишавии барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ иҷро шудааст. Ҳамакнун бо пахши бисёрканала ва пешниҳоди босифату кафолатноки шабакаҳои ҳатмии телевизионии дастраси умум барои бинандагон таъмин хоҳад шуд.

-Дар ин шароит хеле муҳим аст, ки муҳтавои ин шабакаҳо низ босифату замонавӣ ва тарғибкунандаи анъанаву фарҳанги миллати тоҷик бошанд. Зимнан, барои вусъат ёфтани ин корҳо шаклҳои нави ҳамкориро бояд миёни студияҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои телевизионӣ ба роҳ бояд монем”,- таъкид карда раиси Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҶТ.

Ҷаноби Шоҳиён дар навбати худ ба ширкатдорони мулоқот дар бораи амалишавии “Барномаи давлатии рушди кино барои солҳои 2018-2022” муфассал иттилоъ дода, ба самъи ҳозирин расонд, ки ба наздикӣ онҳо ният доранд шабакаи нави мусиқии шабонарӯзиро бо номи ТМТ “Шаҳнавоз” фаъол гардонанд.

Пас аз ин, миёни роҳбарияти кумита ва истеҳсолкунандагон сӯҳбати ошкоро сурат гирифт. Бархе аз роҳбарони студияҳои истеҳсолӣ оид ба мушкилоти худ, хоса ҳангоми тамдиди иҷозатнома барои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ ва дар маҷмӯъ гирифтани иҷозатнома арзи ҳол намуданд.

Зимни баррасии ин мавзӯъ директори ТҶ Хома Шаҳло Акобирова таъкид кард, ки иҷозатнома барои истеҳсолот беҳтар мебуд бардошта шавад:

– Зеро ҳар қадар истеҳсолкунанда эҷод кунад, ҳамон қадар бозори маводи аудиовизуалии ватанӣ ғанӣ гардида, рушд мекунад. Албатта манзури ман иҷозатномаҳо барои дубляж ва фурӯш нест, чун ин ҷараён назорати хосро тақозо менамояд, – илова намуд Шаҳло Акобирова.

Ӯ ҳамзамон ба иштирокчиёни вохӯрӣ дар асоси тадқиқотҳо маълумот дод, ки студияҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ иқтидори хуби техникӣ ва эҷодӣ доранд, аммо, мутаассифона, эфири телевизионҳои тоҷик аз ин зарфиятҳо маҳрум аст. Шаҳло Акобирова аз таҷрибаи телевизиони ҷамъиятии ОРТ-и Россия ҳамчун мисол овард, ки барои ин шабака зиёда аз 100 студияҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалии ин давлат барномаҳои телевизионии гуногунмавзмун, филмҳои мустанад, бадеӣ ва илмию маъоифатӣ, филмҳои тасвирӣ ва шоу-барномаҳо таҳия ва пешкаш менамоянд.

Дар замина бархе аз роҳбарони студияҳои истеҳсолкунанда қайд намуданд, ки бисёри кормандони студияҳои истеҳсолӣ ва худи телевизионҳо, бахусус наворбардорон, танзимгарон, режиссёрон, продюсерон ва мутахассисони овоз эҳтиёҷ ба омӯзиши изофӣ доранд, то сатҳи касбии худро сайқал диҳанду маводи аудиовизуалии таҳиянамудаашон ҷавобгӯи замон бошад.

Аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод гардид, ки студияҳои истеҳсолкунанда бояд муттаҳид шаванд ва як пойгоҳеро ба вуҷуд биёранд, ки дар он имкони табодули назар, тамошо ва муҳокимаву машварати маводи якдигар имконпазир бошад. Ҳамчунин тавсияе садо дод, ки барои рушди соҳа ва беҳтару зиёдтар шудани муҳтаво (контент) беҳтар мебуд аз сохтани филмҳои кӯтоҳметраж шурӯъ намуд, то ба ин васила дар инъикоси расму оини мардумӣ саҳмгузор шуд.

Дар вохӯрӣ оид ба ҳаҷман калон будани бахшҳои рекламавӣ дар телевизионҳо низ масъалагузорӣ шуд, ки яке аз сабабҳои аз даст додани тамошобин шудааст.

Роҳбарони студияҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ шикоят карданд, ки дар кинотеатрҳо филмҳои онҳоро ба намоиш намегузоранд ва ин ба мушкилии ҷиддие табдил ёфтааст. Ҳамзамон истеҳсолкунандагон пешниҳод карданд, ки нархи чиптаҳо ҳам бояд танзим шавад.

-Ҳоло дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла чор ноҳияи шаҳри Душанбе сохтани кинеотеатрҳои замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон бояд мунтазам системаи “кинопрокат” низ ворид гардад, – дар посух гуфт Шоҳиён.

Зимни ин мулоқоти ошкор бо раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ҳамчунин мавзӯъҳои созмон додани фондҳои махсус барои рушди кинои тоҷик, вусъати контенти тоҷикӣ тариқи интернет, гузаронидани фестивали миллии маводи аудиовизуалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва изҳори умед карда шуд, ки аксари масъалаҳои муҳокимашуда роҳи ҳали мусбаташонро пайдо хоҳанд кард.