Хабарнигорони ҷавони Хуҷанд журналистикаи телевизиониро меомӯзанд

0
829

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ҳамкориҳоро бо шӯъбаю факултаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои мамлакат сол аз сол густариш мебахшад.

Дар ин раванд таи ду ҳафта аст, ки барои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд машғулияти онлайнӣ оид ба журналистикаи телевизионӣ, мусоҳиба дар ТВ, матни телевизионӣ, стендап, маҳорати наворбардорӣ, танзим ва дигар ҷузъиёти кори телевизионӣ идома дорад.

Дар доираи машғулият ба журналистони ҷавон маълумоти васеро оид ба асосҳои журналистикаи телевизионӣ, манбаҳои хабарӣ, навиштани матн, қироати матни эфир ва сабти овоз пешниҳод менамоянд. Коршиноси бахши расонаҳо, тележурналисти шинохта Шаҳло Акобирова ва тренери ВАО, наворбардори ботаҷрибаи ТВ Варзиш Маҳрам Холов кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки иштирокчиёни омӯзиш донишҳои андухтаашонро бо истифода аз имкониятҳои техникии студияи таълимии телевизионии донишгоҳ – “Фурӯғ” бо корҳои амалӣ мустаҳкам намоянд.

Машғулият бо дастгирии Сафортаи Амрико дар доираи лоиҳаи “Ҷараёни озоди иттилоот тариқи рушди журналистикаи касбӣ ва мустақил” амалӣ мегардад.