Пойгоҳи нави ҷавонон фаъол шуд!

0
612

ТҶ “Хома” пойгоҳи нави ҷавонон https://jom.tj/  “ҶОМ – Ҷавонон Ояндаи Миллат” –ро фаъол кард! Ин пойгоҳ комилан ба инъикоси рӯйдодҳои фарҳангӣ, варзишӣ, расму оинҳо, иҷтимоъ, ва иқдомҳои накӯ дар ҷомеа бахшида шудааст!

Матлабҳои сомона аз ҷониби журналистони навқалам ва ҷавонони фаъоли минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон омода ва пахш мешаванд.

Дар оғоҳи кор ТҶ “Хома” бо дастгирии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои ҳудуди 50 нафар журналистони навқалам ва ҷавонони фаъоли Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Рашт ва Душанбе доир ба асосҳои кор бо қолабҳои аудио ва видео тренингҳои амалӣ баргузор намуд.

Баъди даврҳои омӯзишӣ 3 гуруҳи журналистони ҷавон ва фаъолони синни аз 18 то 25-сола ташаккул ёфт. Ҷавонон қолабҳои нави сохтани матлабро омӯхта, доир ба муҳим будани матлабҳои чандрасонаӣ, асосҳои гузориши видеоӣ ва техникаи сабти видео/ Caption video, подкаст, банаворгирӣ ва танзим дар телефони хушманд, навъҳои матн барои жанрҳои гуногун, танзими сабти навор дар барномаи KineMaster, сабту танзими овоз дар барномаи Adobe Audition ва дигар самтҳо донишҳои нав пайдо карданд.

Журналистони ҷавон мустақилона сари матлабҳои худ кор карда, якҷоя бо устодон хатогиҳои ҷойдоштаро муҳокима менамуданд.

Иштирокчиёни лоиҳа 41 матлаби таълимӣ сохтанд, ки аз онҳо 21-тоаш подкаст ва 20 кепшн-видео дар мавзӯҳои гуногун вобаста ба раму оинҳо, табиат, боду ҳаво ва мушоҳидаҳои шахсӣ буданд.

Барои иштирокчиёни барномаи таълимӣ пойгоҳи нав “ҶОМ” коркард ва фаъол карда шуд  – https://jom.tj/.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳзанҳое, ки тариқи он навгониҳои пойгоҳи мазкур паҳн мешаванд, дар зер оварда шудаанд:

https://t.me/jomtj

https://www.instagram.com/jomtojikiston/

https://www.youtube.com/channel/UCW3UHgXK0MkuuP7xifRKxkg

https://twitter.com/JOM39472011

https://www.facebook.com/jomtojikiston

https://anchor.fm/jom1/episodes/ep-eq6u6t/a-a4jkgdc