Кӯдак кист?
Мувофиқи моддаи 1-и Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамаи шахсони то синни 18-сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи қонуне, ки нисбати ин кӯдак истифода мегардад, он пештар ба синни балоғат нарасида бошад. (агар тибқи қонун кӯдаки ба синни 18-сола нарасида, болиғ эътироф шуда бошад).
Мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” кӯдак- шахсест, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст.
Дар даврони кӯдакӣ натанҳо равандҳои рӯҳии инфиродӣ (ҳиссиёт, дарк, хотира, тафаккур) рушд мекунанд, балки шахсияти кӯдак дар маҷмӯъ ташаккул меёбад, эътиқод қобилият ва манфиатҳояш ташаккул меёбанд.
Хусусиятҳои шахсият аз рӯзи таваллуд дар шакли «тайёр» ташаккул намеёбанд. Хусусиятҳои асосии хосси системаи асаби инсон дар тӯли ҳаёташ доимӣ намемонанд, балки дар зери таъсироти беруна тағйир меёбанд.
Санадҳои асосӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак инҳоянд:
-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»;
-Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошанд.
Мувофиқи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», кӯдак ба озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ ҳуқуқ дорад.
Мувофиқи моддаи 14-и ҳамин қонун ҳар як кӯдак ба озодии сухан ва изҳори ақидаи худ, озодии виҷдон ва инкишофи фаъолнокии ҷамъиятӣ, ба гирифтан ва интишор кардани иттилооти ба синни ӯ мувофиқ ҳуқуқ дорад.
Дар моддаи 3-и Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак оварда шудааст, ки дар тамоми амалҳо нисбати кӯдак, сарфи назар аз он, ки онҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ ё хусусӣ машғул ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ, суд, мақомоти маъмурӣ ё қонунгузорӣ андешида мешаванд, ба таъмини ҳарчи хубтари манфиатҳои кӯдак таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад. Яъне, дар рафти қабули қарор аз ҷониби калонсолон бояд фикр намоянд, ки ин қарори онҳо ба кӯдакон чӣ гуна таъсир хоҳад расонд.
Дар моддаи моддаи 16-и Конвенсия дарҷ гардидааст, ки ягон кӯдак наметавонад объекти дахолати худсарона ё ғайриқонунӣ дар татбиқи ҳуқуқҳои ӯ ба ҳаёти шахсӣ, ҳаёти оилавӣ, дахлнопазирии манзил ё сирри мукотибот ё дахолати ғариқонунӣ ба шаъну шараф ва эътибори ӯ бошад.
Тибқи барномаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон «Дар бораи иштироки наврасон дар қабули қарорҳои марбут ба онҳо» дар моддаи 13 оварда шудааст, ки кӯдакон ҳуқуқ доранд озодона маълумот оид ба фикр кардан ва ҳис намудан, новобаста дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ ва инчунин бо расмҳо (агар онҳо ба дигар нафарон зарар намерасонида бошанд) баён намоянд. Ин модда оид ба озодона фикри худро изҳор намудан аз ҷониби кӯдакро нишон медиҳад.
Моддаи 17 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқи кӯдаконро барои гирифтани маълумот аз интернет, радио, телевизион, маҷалла, китоб ва дигар сарчашмаҳо баён медорад.
Дар моддаи 40-и Конвенсияи мазкур оварда шудааст, ки кӯдакони дар қонунвайронкунӣ айбдоршаванда, ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибати одилонаро доранд.
Аксарияти воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳангоми нашри мақолаҳои худ, оид ба ҳодисаҳои аз ҷониби кӯдакон содир шудани ягон намуди ҷиноят, бисёр вақт баъзе ҳолатҳои воқеаро ба пуррагӣ нафаҳмида, онро нодуруст шарҳ медиҳанд. Ин боиси ба миён омадани баҳс дар сомонаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма мегардад. Бинобар ин, воситаҳои ахбори омма ва журналистонро зарур меояд, ки пеш аз нашри мақола дар бораи кӯдакон ҳодисаро таҳқиқ намуда, ҳолатҳои ба рӯҳия ва шахсияти кӯдак зараррасонандаро нашр накунанд.
Моддаи 42-и Конснитутсияи ҶТ ҳар шахсро вазифадор мекунад, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Моддаи 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ҳолатҳои махсуси фош накардани ахборро пешбинӣ кардааст, ки воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳуқуқ надоранд бе розигии ноболиғ ва намояндаи қонунии вай хабареро интишор кунанд, ки боиси зикри шахсияти ноболиғи қонунвайронкунанда гардад.
ЮНИСЕФ барои рӯзноманигороне, ки мушкилиҳои кӯдаконро пайгирӣ мекунанд, дастурамале таҳия кардааст. Яъне, ВАО ҳангоми инъикоси мавзӯҳои кӯдакон ва ҷавонон, набояд ҳеҷ гоҳ ин афродро зери хатар қарор диҳад. ЮНИСЕФ принсипҳо ва дастурҳоро таҳия кардааст, ки чӣ гуна рӯзноманигорон метавонанд дар бораи кӯдакон ба услубе гузориш диҳанд, ки манфиати ҷамъият бидуни вайрон кардани ҳуқуқҳои кӯдак инъикос гардад. Онҳо аз шаш принсипи умумӣ, шаш дастури мусоҳиба бо кӯдакон ва ҳафт принсипи фарогирандаи мушкилоти кӯдакон иборатанд.
Шаш принсипи умумӣ:
-Дар ҳама ҳолатҳо шаъну шараф ва ҳуқуқи ҳар як кӯдакро эҳтиром кунед;
-Ҳангоми мусоҳиба бо кӯдакон (ҳангоми инъикоси мушкилоти онҳо), махсусан ҳуқуқи ҳар як кӯдакро ба дахлнопазирӣ ва махфият, ба шунида шудани фикри ӯ, иштирок доштанаш дар вақти қабули қарорҳои ба ӯ дахлдор риоя карда, аз зарар ва интиқом муҳофизат бояд намуд;
-Пеш аз ҳама манфиатҳои ҳар як кӯдакро ба инобат гирифта, аз ҷумла ҷонибдори ҳалли мушкилоти кӯдакон ва пешбурди ҳуқуқҳои онҳо бошед;
-Дар назар доштани беҳтарин манфиатҳои ин ё он кӯдак, ҳуқуқҳояш, ба эътибор гирифтани ақидаи ӯ аз рӯи синну сол ва камолоти онҳоро фаромӯш накунед;
-Барои оқибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳама гуна репортажҳо, аз нафароне, ки бо вазъи кӯдак пештар алоқамандаст ва метавонанд онро беҳтар арзёбӣ намоянд, муроҷиат кунед;
-Матнҳо ва тасвирҳоеро, ки метавонанд ба худи кӯдак, бародарон хоҳарон ё ҳамсолонаш хатар эҷод кунанд, нагузоред, ҳатто агар маълумоташ тағйир ёфта, симояшон дигар шуда бошад.
Шаш дастури мусоҳиба бо кӯдакон:
-Ба ягон кӯдак осеб нарасонед, аз саволҳо, рафтор ва ё шарҳҳое, ки арзишҳои фарҳангии ӯ аз мадди назар дур мебошад ва кӯдакро ба хатар мегузоранд ё ӯро таҳқир мекунанд, дар хотираи ӯ дард вобаста ба ҳолатҳоро меоварад, канорагирӣ кунед;
-Ҳангоми интихоби кӯдакон барои мусоҳиба аз табъиз, аз рӯи ҷинс, нажод, синну сол, мазҳаб, мақом, маълумот ва қобилияти ҷисмонӣ худдорӣ намоед;
-Бе ягон намоиш аз кӯдакон оид ба ҳодиса ва иҷрои рафтор, ки худи онҳо таҷриба накардаанд, напурсед;
-Боварӣ ҳосил намоед, ки кӯдак ё намояндаи қонуниаш медонанд, ки ӯ бо хабарнигор сӯҳбат мекунад. Фаҳмонед, ки ин мусоҳибаро чӣ гуна ва бо кадом мақсад истифода карданӣ ҳастед;
-Барои мусоҳиба, сабти видео ва дар сурати имконпазир барои аксбардории ҳуҷҷат, ҳамеша аз кӯдак ва намояндаи қонунии ӯ розигӣ гиред. То ҳадди имкон ва дар ҳолатҳои зарурӣ, ин розигӣ дар шакли хаттӣ бошад. Чунин ризоят бояд шароите ба даст оварда шавад, ки кӯдак ва намояндаи қонунӣ ба ҳеҷ ваҷҳ маҷбур карда нашудаанд ва онҳо дарк мекунанд, ки маводҳои дар бораи онҳо гирифташуда, метавонанд дар ҷомеаи маҳаллӣ ва дар саросари ҷаҳон паҳн карда шаванд. Барои ин розигӣ бояд ҳатман бо забони модарии кӯдак аз ӯ пурсида шавад ва кӯдак бояд бо калонсоле, ки ба онҳо эътимод дорад, машварат намояд;
-Дар хотир доред, ки дар куҷо ва чӣ гуна бо кӯдак мусоҳиба гузаронида мешавад. Шумораи мусоҳибон ва суратгиронро маҳдуд кунед. Кӯшиш кунед, то боварӣ ҳосил намоед, ки кӯдак бароҳат бошад ва қобилияти саргузашти худро бидуни фишори беруна, аз ҷумла шахси муҳосибаро мегирифта, нақл кунад. Ҳангоми эҷоди филмҳо, мусоҳибаҳои видеоӣ ва радиоӣ ба назар гиред, ки чӣ гуна заминаи интихобкардаи визуалӣ ё садоӣ метавонад ба дарки ҷомеавии ин кӯдак, ҳаёт ва таърихи ӯ таъсир мерасонад. Боварӣ ҳосил кунед, ки намоиши муҳити хона, маҳалли зист ё ҷои умумии кӯдак ба ӯ таҳдид намекунад ё таъсири манфӣ намерасонад.
Ҳафт принсипи фарогирандаи мушкилоти кӯдакон:
Барои доғдоркунии кӯдакон мусобиқа накунед, аз гурӯҳбандӣ ва тавсифҳое, ки кӯдакро ҳадафи вокуниш қарор медиҳанд, канорагирӣ намоед, аз ҷумла расонидани зарари ҷисмонӣ ё равонӣ, муносибати бад барои ҳаёт, табъиз ё ради ҷомеаҳои маҳаллӣ.
Ҳамеша дурустии калимаҳои дар матнбударо, ки дар бораи таърих ё расми кӯдак мегӯяд, таъмин намоед;
-ҳамеша дар ҳолатҳои зерин номи кӯдакро иваз намуда, тасвири ӯро пинҳон намоед:
-қурбонии таҷовузи ҷинсӣ ё истисмори ҷинсӣ мебошад;
-мавриди зӯроварии ҷисмонӣ ё ҷинсӣ қарор гирифта бошад.
Агар натиҷаи ташхиси ВНМО мусбат бошад, ба шарте, ки худи кӯдак, волидон ё намояндаи қонунии ӯ барои ифшои маълумот розигии комилан огоҳонида шудааст;
– дар содир намудани ҷиноят айбдор карда мешавад ё маҳкум мегардад.
Дар ҳолатҳои муайяне, ки хавфи воқеӣ, зарар ё қасосгирии эҳтимолӣ вуҷуд дорад, номи кӯдакро тағйир диҳед ва симои кӯдакро, ки маълум аст, хира намоед:
– дар ҷангҳои мусаллаҳона иштирок мекунад ва ё иштирок кардааст;
– паногоҳ мепурсад, гуреза аст ё муҳоҷир мебошад;
Дар баъзе ҳолатҳо ифшои маълумотҳо дар бораи шахсияти кӯдак (ном ва ё тасвири шинохташаванда) метавонад ба манфиати ӯ бошад. Аммо дар ин ҳолат кӯдак набояд осеб бинад ва бояд дар ҳолатҳои доғдорӣ ё интиқом, дастгирӣ кафолат дода шавад. Намунаи чунин ҳолатҳо:
– худи кӯдак бо хабарнигор дар тамос шуда, мехоҳад, ки аз ҳуқуқаш дар самти озодии баён ва ҳуқуқ барои шунида шудани фикраш истифода барад;
– кӯдак дар барномаи фаъолон ва барномаи сафарбаркунии иҷтимоӣ ҳамеша иштирок кунад ва мехоҳад, ки ин ҳолат нишон дода шавад;
– кӯдак дар барномаи психологӣ иштирок мекунад ва талабот дар бораи пешниҳоди маълумоти шахсии ӯ ё нишон додани симояш қисми ҷудонашавандаи рушди солимии ӯ мебошад.
Ҳамеша дурустии маълумоте, ки кӯдак медиҳад тасдиқ кунед: ё аз дигар кӯдакон, ё аз калонсолон ва беҳтараш аз ҳарду ҷониб.
Агар шумо боварӣ надошта бошед, ки ба кӯдак таҳдид вуҷуд надорад, мушкилии умумиро инъикос намоед, новобаста аз он ки то чӣ андоза хабар ҷолиб бошад.
Ҳангоми мусоҳиба бо кӯдаконе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор шудаанд ё ҷабрдидаи ҷиноят мебошанд, бо иштироки равоншинос сурат гирад то ба ҳолати руҳии онҳо таъсири манфӣ нарасонд.
Агар кӯдак бо забоне ҳарф занад, ки онро мусоҳибакунанла нафаҳмад, он бо иштироки тарҷумон гузаронида шавад. То рӯзноманигор дақиқ ва ба пуррагӣ мақсади кӯдакро дарк намуда, зимни инъикос ба иштибоҳ роҳ надиҳад.
Ҳукукшинос: Фаридун Маҳмудов