Дар Душанбе Мактаби ҳуқуқии ВАО ба кори худ оғоз кард

0
697

Дар Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳома” Мактаби ҳуқуқии ВАО оғоз гардид.
Дар Мактаб ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва устодони донишгоҳҳои кишвар, ки дар асоси озмун интихоб шудаанд, иштирок мекунанд.

Дар доираи барномаи Мактаб, коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ ба иштирокчиён доир ба стандартҳои байналмилалии озодии ақида ва баён, қонунгузории рақамӣ, дастрасӣ ба иттилоот, баҳсҳои диффаматсионӣ, ҳуқуқи муаллиф, ҳуқуқ ба тасвир ва ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ, ҳимояи ҳуқуқи ноболиғон дар ВАО, ҳифзи маълумоти шахсӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва дигар ҳуқуқҳо доир ба озодии ақида ва баён маълумоти васеъ пешниҳод мекунанд.

Рӯзи аввали Мактаб санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ВАО, ҳуқуқи инсон ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байналмилалии озодии баён, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, моликияти зеҳнӣ мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, худтанзимкунии ВАО ва механизмҳои татбиқи он муҳокима карда шуданд.

Ба ҳайси устодон коршиносон ва мутахассисони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”, Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист», Иттифоқи ҳуқуқшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони байналмилалӣ ва ҳуқуқшиносони таҳлилгар ҷалб шудаанд.

Мактаби ҳуқуқии ВАО дар доираи лоиҳаи “Беҳдошти фазои ҳуқуқӣ дар соҳаи ВАО” -и барномаи Media CAMP, ки аз ҷониби Интернюс Тоҷикистон бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад, гузаронида мешавад.