Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон якҷо бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» мизи гирдеро дар мавзӯи «Баландбардории самаранокии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гарави рушди ВАО» ташкил намуд, ки дар он намояндагони созмонҳои минтақавию байналхалқӣ, коршиносону роҳбарони ВАО ширкат намуданд.
Чорабинии мазкур 21 сентябр дар шаҳри Душанбе доир гардида, зимни он таъкид шуд, ки номувофиқатҳои қонунгузории соҳаи ВАО-ро дар ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарони ВАО ва ҳокимияти қонунгузор – парламент метавон ҳал кард.
Хайридин Усмонзода, узви Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти МН МО зимни сухаронии хеш қайд намуд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз афзалиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон буда, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гуногунандешии сиёсӣ дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ, манфиатҳои миллӣ ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
Мавсуф қайд кард, ки вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ чандин қонун қабул карда шудааст, ки моҳияти умумии онҳо аз тавсеа ва рушди ин соҳа, дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот мебошанд.
Вакил Хайридин Усмонзода таъкид намуд, ки кумитаи онҳо омода аст бобати таҳияи қонуни мукаммали соҳаи ВАО бо ҷомеаи журналистӣ ҳамкорӣ кунад.
Сарвар Холиқзода, сардори раёсати қонунгузории асосҳои сохтори конститусионӣ, мудофиа ва амнияти Вазорати адлияи Тоҷикистон доир ба ҳуҷҷатҳои стратегӣ, ки ба такмили қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, маърӯза намуд.
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома”, ки натиҷаи таҳлили қонунҳои соҳавии ВАО-ро дар мизи гирд муаррифӣ намуд, илова кард, ки зарурати якҷо кардани қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ба миён омадааст.
Ба таъкиди ин ҳуқуқшинос, инчунин муҳтавои баъзе санадаҳои зерқонунӣ аз қабили санадҳои баҳисобгирии ВАО ва гирифтани аккредетатсия дар қонуни нав бояд ҷой дода шаванд. “Бар замми ин, ҳоло субъектҳои нав ва маҳфумҳои нав ба миён омадаанд, ки дар қонуни таҳияшавандаи оянда бояд ҷой ёбанд.”,-илова кард Р. Ятимов.
Дайнюс Радзявичюс, роҳбари Иттифоқи журналистони Литва дар суханрониаш таъкид кард, ки дар онҳо аллакай тамоми ВАО бо як қонун танзим карда мешавад ва номи он “Қонун дар бораи иттилои омма” аст. Ӯ аз таҷрибаи ин кишвар, рушди бозори рекламмаи Литва, вазъи матбуот ва мушкилоту муваффақияти бадастовардаашон ба иштирокчиёни мизи гирд иттилоъ дод.
Олга Диденко, мушовири минтақавӣ доир ба ҳуқуқи ВАО-и INTERNEWS Қазоқистон зимни суханронии хеш аз таҷрибаи Қазоқистон нақл намуда, ҳамзамон иттилоъ дод, ки айни ҳол ба қонунҳои соҳавӣ зиёд тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд ва ғайр аз ин таҳлилҳо гузаронида шуда, ояндаи наздик қонуни наве таҳия ва қабул хоҳад шуд, ки фарогирандаи тамоми ВАО мегардад.
Карим Баҳриев, ҳуқуқшинос дар саҳаи ВАО бобати таҷрибаи Ӯзбекистон, вазъи ВАО, фаъолияти густурдаи блогерон суханронӣ намуд. Ӯ инчунин қайд кард, ки дар Ӯзбекистон зиёда аз 10 сол мешавад, ки як қонун – “Қонуни ВАО” фаъолияти ҳамаи ин соҳаро танзим мекунад. Ба ғайр аз ин Ҷумҳурии Ӯзбекистон омода аст, ки қонуни амалкунандаашонро вобаста ба рушди технологияҳои коммуникатсионӣ мукаммал гардонад.
Дар интиҳои нишаст муҳокимаи таҳлили қонунҳои соҳаи ВАО аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ, ВАО ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт. Иштирокчиён ба як мақсад омаданд, ки оянда бо дастгирии Парлумони ҶТ ва дигар сохторҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО гуруҳи корӣ ташкил карда шавад, то дар таҳияи консепсия ва сохтори лоиҳаи қонуни нав дар ҳамбастагӣ иштирок кунанд.