ҲУҚУҚ БА ТАСВИРИ ШАХСӢ

0
3797

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба тасвири шахсиро дар моддаи 176-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам мекунад. То имрӯз мафҳуми аниқи “тасвири шахсӣ” ба таври пурра дода нашудааст.

Дар асоси танзими гражданиӣ-ҳуқуқӣ ҳуқуқ ба тасвири шахсиро ба ду маъно фаҳмидан мумкин аст.

Аввалан, ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ ин ҳуқуқи субъекте фаҳмида мешавад, ки онро офаридааст: сурат гирифтааст, расм кашидааст, навори видеоӣ сохтааст ва ғайра. Ҳуқуқи мазкур ба ҳуқуқҳои муаллифӣ тааллуқ дошта, ҳуқуқи бегонанашавнда мебошад. То солҳои наздик ҳуқуқи истифодаи тасвири шахсӣ танҳо ба ҳуқуқҳои муаллифӣ мутааллиқ буду халос. Имрӯз бошад, ҳуқуқи мазкур бисёр актуалӣ буда, барои ҳамин ба таври пурра дар алоҳидагӣ танзим карда мешавад.

Дуввум, ҳуқуқи истифодаи тасвири шахсӣ ин ҳуқуқи шахсе мебошад, ки акси зоҳирии ӯ дар сурати мушаххас, навори видеоӣ ё тасвиру расмҳо  ифода ёфтааст ё дарҷ гардидааст. Ҳуқуқи мазкур ба гуруҳи ҳуққуқҳои ғайриамволӣ, ба монанди қадр, номус, шаъну шараф, ҳуқуқи сирри ҳифзи ҳаёти шахсӣ шомил буда, бо онҳо алоқамандии зич дорад.

Мусаллам аст, ки бо пеш рафтани техникаву технология, инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва васеъ шудани доираи истифодаи шабакаи иҷтимоии интернет ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ рӯз аз рӯз бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта истодааст.

Ҳуқуқшиносон-М.Н.Малеина, С.П. Гришов, А.М. Эрделевский ва як қатор оилмони дигар бар он ақидаанд, ки таҳти мафҳуми тасвири шахсӣ – чеҳраи шаҳрванд, шакли зоҳирии ӯ, қаду қомат, сару либос ва дигар маълумотҳои ҷисмонӣ-физикии шаҳрванд фаҳмида мешавад. Ҳамин тариқ, қисмҳои алоҳидаи мушаххаси индивидуалии шаҳрванд низ метавонанд, ба сифати тасвири шахсӣ фаҳмида шаванд.

Истифодаи зиёди ғайриқонунии “тасвири шахсӣ” аз ҷониби ашхоси сеюм боиси танзими алоҳидаи ҳуқуқи мазкур ва пайдо гардидани моддаи 176-и Кодекси граждани Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар моддаи 176-и Кодекси мазкур омадааст:

  1. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки тасвири шахсро бе ризоияти ӯ, дар сурати вафоти ӯ бошад, бе ризоияти ворисонаш истифода намояд.
  2. Нашр намудан, нусха бардоштан ва паҳн кардани асари тасвирие (расм, акси фотографӣ, кинофилм ва ғайра), ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танҳо бо ризоияти шахси тасвирёфта, пас аз вафоташ бошад, бо ризоияти фарзандон ва ҳамсари дар қайди ҳаёт будаи ӯ иҷозат дода мешавад.  Агар ин дар қонун муқаррар гардида бошад, ё шахси тасвирёфта бар ивази музд худро аккосӣ кунонда бошад, чунин ризоият талаб карда намешавад.

Ҳамин тавр, истифода ва ё паҳн намудани сурати шахси дигар, инчунин аксҳои гирифташуда, расмҳои кашидашудаи ӯро, наворҳои видеоиеро, ки ин шахс сохтааст, бе ризоияти ӯ қатъиян манъ аст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳолатҳои истисноие мавҷуданд, ки дар мавриди онҳо барои истифода ва паҳн кардани тасвири шахсӣ ризоияти шахс пурсида намешавад:

  • агар онҳо ба манфиати давлат ва ҷамъият истифода бурда шаванд;
  • агар сурат, расмҳои тасвирӣ ва наворҳои видеоӣ бо тасвири шахсӣ ҳангоми дар ҷойҳо бо даромади озод ё ҷойҳои ҷамъиятӣ – маҷлисҳо, конференсияҳо, семинарҳо, консертҳо, намошҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ба навор ва ё сурат гирифта бошанд (агар аксҳои мазкур объекти асосии истифодашавӣ набошад);
  • агар шахс бар ивази тасвираш музд гирифта бошад;

Тасвири шахсӣ ҳангоми таъмини амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бе ризояти шахси мазкур истифода ва паҳн карда мешавад, барои мисол- акси шахсони дар кофтукоби  ҷиноятӣ қарордошта ё ин ки шахсони бедарак гумшуда.

Агар шахс барои истифода ва паҳн намудани тасвири шахсиаш-барои рекламаҳо, киноҳо, клипҳо ва ғайра музд гирифта бошад, ризояти минбаъадаи ӯ барои истифода ва паҳн намудани аксаш зарур нест.

Истифодаи акси шахсони оммавӣ низ бе ризоияти онҳо истифода бурда мешавад. Шахсони оммавӣ гуфта, шахсоне фаҳмида мешаванд, ки нақши муҳими ҷамъиятӣ доранд. Ба сифати шахсони оммавӣ – сарояндаҳо, ҳунармандон, варзишгарон, мансабдорони давлатӣ, роҳбарону сардорон, вазирон ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ ва ғайра баромад мекунанд.

Бояд қайд кард, ки тартиби истифодаи акси ашхоси мазкур низ доира ва чаҳорчубаи худро дорад. Барои мисол, агар аксҳои шахси мазкур дар алоҳидагӣ барои баррасӣ ва муҳокима намудани масъалаҳои вобаста ба нақш ва фаъолияти ҷамъиятии шахси мазкур истифода шуда бошанд, ризояти ин шахс зарур нест.  Аммо истифодаи аксҳои шахс бо аҳли оила, истифодаи акс ва тасвирҳое, ки ба доираи ҳаёти шахсӣ тааллуқ дошта, метавонанд онро халалдор намоянд, роҳ дода намешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки истифодаи тасвири шахси нобилиғ танҳо бо ризояти волидонаш, дар ҳолати набудани онҳо бо ризоияти шахсони онҳоро ивазкунанда иҷозат дода мешавад.

Тартиби ҳифзи ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ:

Ҳангоми халалдор ва ё вайрон гардидани ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ, ки бештар дар доираи шабакаҳои интернетӣ рух медиҳад, ҷабрдида сараввал метавонад бевосита ба худи истифодабаранда ва паҳнкунандаи ғайриқонунии аксаш муроҷиат намуда, талаб намояд ки ҳуқуқаш барқарор карда шавад. Дар сурати бо истифодабарандаи ғайриқонунии тасвири шахсӣ ба мувофиқа наомадани ҷабрдида, шахс метавонад ба мақомоти суд муроҷиат намояд. Ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ ба тариқи судӣ бо роҳи тоза кардани тасвири шахс (аз шабакаҳои иҷтимоӣ), манъ намудани истифодаи минбаъдаи тасвири шахс, инчунин дар мавридҳои зарурӣ бо ҷуброн намудани зарари маънавӣ барқарор ва ҳифз карда мешавад.

Муаллиф: Ғарибшозода Латофат.Маводи мазкур аз ҷониби ТҶ “Хома” дар доираи лоиҳаи барномаи CAMP дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Интернюс Тоҷикистон бо дастгирии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст.