Ҳуқуқи озодии сухан ё ба истилоҳи дигар ҳуқуқ ба озодии баён ин имконияти баён намудани фикру ақидаи шахсӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар соҳаҳаои мухталиф, аз ҷумла соҳаи сиёсиро дар бар мегирад. Ҳуқуқи мазкур, яке аз ҳуқуқҳои заминавии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб рафта, ба ҳуқуқҳои табиии инсон мансуб аст. Азбаски ҳуқуқ ба озодии сухан ҳуқуқи заминавӣ ё фундаменталӣ мебошад, амалишавии он барои амалишавии як қатор ҳуқуқҳои дигари инсон мусоидат намуда, маҳдудшавии он ба халалдор гаштани ҳуқуқҳои дигар оварда мерасонад. Барои мисол, агар ҳуқуқ ба озодии баён ҷой надошта бошад, ҳуқуқ ба иштирок дар маҷлисҳо, гирдиҳамиҳо, ки дар онҷо масъалаҳои муҳим вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, ки бевости ба ҳар як шахс дахл доранд, баррасӣ ва ҳаллу фасл мегарданд, ғайриимкон мегардад. Гузашта аз ин, ҳуқуқ ба озодии баёнро метавон яке аз усулҳои худмуайянкунии шахсият номид. Зеро ба воситаи ҳуқуқи мазкур, шахс фикру ақида, манфиат ва назарҳои худро баён намуда, нақши ӯ дар ҷомеа муайян карда мешавад.
Аз ин рӯ, санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии милливу байналмилалӣ ба ҳар як шахс ҳуқуқи озодии суханро кафолат медиҳанд. Зарурати озодии сухан пеш аз ҳама, дар санадҳои муҳимтарини байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ инсон дарҷ гардидааст. Чунончӣ, дар моддаи 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст: “Ҳар як инсон ҳақи озодии ақида ва баён дорад; ин ҳақ озодии риояи бемамониаи ақида, ҷустуҷӯ, дарёфт ва интишори иттилоот ва афкорро ба ҳар васила, бидуни мулоҳизоти марзи давлатӣ, фаро мегирад.”
Моддаи 19-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ сиёсӣ:
- Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки ақидаҳои худро бемамониат пайравӣ намояд.
- Ҳар як инсон ба изҳори озодонаи ақидаи худ ҳақ дорад.
Дар баробари санадҳои мазкур, ҳуқуқ ба озодии сухан дар моддаи 10-и Конвенсия Аврупо дар бораи ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон низ таҳкими худро ёфтааст.
Имконияти доштани ақида ва ибрози назар кардан моҳияти инсонро ташкил дода, маҳаки асосии пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад. Ҳатто олимон ва муҳаққиқон бар он назаранд, ки агар давлат хоҳад, ки рушд ва тараққӣ ёбад, бояд шароити озодии сухан, ВАО ва плюрализмро дар ҷомеа таъмин намояд. Бо ин роҳ камбудӣ ва мушкилотҳое, ки дар дар ҷомеа мавҷуданд, метавонанд дар асоси гуногунандешӣ, фикру мулоҳизаҳои гуногун ҳалли худро ёбанд.
Барои ҳамин ҳам, нақши ҳуқуқи мазкур ниҳоят муҳим буда, он дар қонунгузории ҳар кишвар ба тавр дахлдор мустаҳкам гардидааст. Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон них ҳуқуқи мазкурро ба ҳар як инсон кафолат медиҳад: моддаи 30 “Барои ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад”.
Ҳамин тавр, ҳар кас метавонад ҳуқуқи ибрози фикру ақидаи худро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла бо роҳи муроҷиати инфиродӣ ё дастҷамъона ба шахсони дахлдор ва ё мақомотҳои давлатӣ амалӣ намоянд. Бояд гуфт, ки ҳуқуқи озодии сухан ҳуқуқи истисноӣ набуда, метавонад дар доираи қонун дар мавридҳои зарурӣ баҳри таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва давлат, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар маҳдуд гардад. Аммо маҳдудият ҳатман бояд асоснок ва қонунӣ бошад.
Мавриди зикр аст, ки зарурияти ҳуқуқи мазкур инчунин дар он ифода мегардад, ки барои вайрон ва халалдор гардидани он Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст.
Мутаассифона, дар вақтҳои охир дар амалишавии ҳуқуқи мазкур баъзе монеагиҳо ва маҳдудиятҳо ба назар мерасанд. Падидаи мазкур, махсусан дар фаъолитяти журналистҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дучор мегардад.
Моддаи 162-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеъ шудан ба фаъолияти журналистӣ ҷавобгарии ҷиноятиро дар шакли зерин пешбинӣ намудааст:
Моддаи 162. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон:
1) Дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ў барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зўроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурўғи бофтае ё фош намудани дигар таҳсилоте, ки ҷабрдида мехоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист,-
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо зўроварӣ;
б) несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,-
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Дар маҷмӯъ, ҳуқуқ ба озодии сухан асосии бунёди ҷомеаи демократиро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ба таври самаранок амалишавии ҳуқуқи мазкур нишонаи пешрафти ҷомеа ва давлати демократӣ мебошад.
Муаллиф: Ғарибшозода Латофат. Маводи мазкур аз ҷониби ТҶ “Хома” дар доираи лоиҳаи барномаи CAMP дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Интернюс Тоҷикистон бо дастгирии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст.
Номгӯи адабиёти истифодашуда:
- Эъломияи умумии ҳуқуқи башар
- Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикситон
- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон