Ташреҳи ислоҳоти низоми андоз ба рӯзноманигорон

0
3101

“Ислоҳоти низоми андоз ва андозбандӣ дар Тоҷикистон”. Давраи дуюми омӯзиш барои рӯзноманигорон

Дирӯз, 28 апрел дар дафтари “Хома” давраи дуввуми омӯзишҳо дар доираи лоиҳаи “Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ” оғоз гардид ва то 1 майи соли равон идома мекунад.

Мавзӯи омӯзиш ин навбат “Ислоҳоти андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст, ки бо 15 рӯзноманигор дар он ширкат доранд.

Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ”, ки созмони ACTED амалӣ мегардад. Ҳадафи лоиҳа «фаъолсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини рушди фарогир ва бо далелҳо асосёфтаи иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ” гуфта мешавад.

Дар омӯзиш намояндагони Вазораи молияи Тоҷикистон, Кумитаи андози Тоҷикистон, коршиносони соҳаи андоз ба рӯзноманигорон мавзӯи мазкурро шарҳ медиҳанд.

Аз ҷумла, Шамсулло Хайруллозода, муовини сардори Сарраёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Тоҷикистон ба рӯзноманигорон таърих, ва аҳамияти қабули кодексҳои андози Тоҷикистон ва ҳадафи асосии барномаҳои ислоҳоти андозро ташреҳ кард.

Рауф Ҳайдаров, сармутахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молия оид ба раванди таҳияи қонунгузории андоз, аз ҷумла,  Кодекси нави андоз ва тағйироти воридгардида ба он маълумот дод.

Раванди таҳияи нақшаи андоз дар шаҳру навоҳӣ ва умуман кишвар ва критерияҳое, ки дар асоси он нақшаи андози шаҳру навоҳӣ ба назар гирифта мешавад, аз дигар мавзӯҳои баррасишавандаи давраи омӯзишӣ буд, ки Исмоилзода Олимхон, сардори раёсати дурнамо ва таҳлили даромадҳои андозӣ Вазорати молия ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Дар идомаи тренинг намояндаи Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавриди дастовард ва мушкилоти раванди татбиқи барномаҳои ислоҳоти андоз ва маъмурикунонии андоз, коршиносони соҳаи андоз дар мавриди рақамикунонии андоз дар кишвар, саҳми ислоҳоти андоз дар рушди бахши соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, нақши ислоҳоти низоми андоз барои иҷроиши Стратегияи милии рушд барои давраи соли 2030 ва дигар мавзуҳо вобаста ба андозу андозбандӣ ва ислоҳоти андоз мавриди баррасӣ қарор гирад.

Баъд аз баргузории давраи омӯзишии чаҳоррӯза, 2 майи соли 2023 дар доираи мавзӯи баррасишаванда дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили иқтисодии “Тавозун” баргузор мегардад, ки ширкати намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати молия, Кумитаи андози Тоҷикистон, коршиносони соҳа ва рӯзноманигорон дар назар аст.