Сафари омӯзишии масъулини робита бо ҷомеаи Тоҷикистон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон

0
1876
Марина Шаповалова

Рӯзи аввали сафари омӯзишии котибони матбуоти мақомоти расмии Тоҷикистон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон анҷом ёфт.

Дар рӯзи аввал Диана Окремова, намояндаи “Медиа Сентр” дар бораи чигунагии робитаи мақомоти давлатӣ бо ВАО ва мушкилоту зарурати он ба масъулини робита бо ҷомеаи Тоҷикистон маърӯза намуд.

Марина Шаповалова, ноиби раиси дастгоҳи ҳокими вилояти Қарағандаи Қазоқистон ​​ дар мавзӯи равишҳои муосири барқарорсозии робитаи муассир мастер-класс гузаронд.

Марина Шаповалова зимни мубодилаи афкор бо масъулини робита бо ҷомеаи мақомоти давлатии Тоҷикистон

Ӯ дар бораи чӣ гуна барқарор кардани ҳамоҳангӣ байни хадамоти матбуотии шаҳру навоҳии ин вилоят, иртибот аз тариқи гурӯҳи вотсап бо рӯзноманигорони вилоят ва ҷумҳурӣ, кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот дода, ҳамчунин, аз таҷрибаи хеш нақл кард, ки чӣ гуна ба муроҷиатҳо вокуниши ҷомеаи журналистӣ ва сокинони вилояти Қарағанда посӯх медиҳанд.

Мавсуф аз замони пандемия нақл кард, ки чӣ гуна аз воситаҳои иртиботӣ истифода карданд то дастрасӣ ба иттилоъ таъмин бошад.

Елена Максюта дар бораи фаъолияти маркази робитаи Суди Олии Қазоқистон нақл мекунад

Нимаи дуюми рӯзи 29 май масъулини робита бо ҷомеаи Тоҷикистон аз Маркази робитаи Суди Олии Қазоқистон дидан карданд. Зимни боздид судя Елена Максюта ва ҳайати ҳамкоронаш дар бораи амалигардии низоми рақамӣ дар судҳои Қазоқистон, кори хадамоти ҳамоҳангӣ ва маркази робитаи Суди олии ин кишвар  иттилоъи заруриро ироа намуд.

Боздиди масъулини робита бо ҷомеаи мақомоти давлатии Тоҷикистон аз Маркази робитаи Суди Олии Қазоқистон

Елена Максюта таъкид кард, ки саҳифҳои судҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутамарказ карданд то пайдо кардани онҳо аз ҷониби ҷомеаи журналистӣ осон бошад. Ҳамчунин таъкид кард, ки ба муроҷиатҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар давоми 30 дақиқа посух дода мешавад.

Дар доираи сафари омӯзишӣ, масъулини робита бо ҷомеаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Суди Олӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, масъули  шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон 28 майи соли равон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар карданд, ин сафар то 2 июни соли равон идома мекунад.