Субҳи 1 июни соли равон масъулини робита бо ҷомеаи Тоҷикистон аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон дидан карданд.
Юрий Илин, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон дар бораи фаъолияти вазорат, истифодаи технологияҳои нав, иҷрои вазифаҳои вобаста ба пешгирӣ, пешгӯӣ ва мониторинги ҳолатҳои фавқулодда маълумот дода, ба кори наҷотдиҳандагон дар ҳолатҳои гуногуни фавқулодда, аз ҷумла рафъи оқибатҳои он маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, дар бораи аҳамияти кори муштараки ниҳодҳои наҷоти Қазоқистон ва Тоҷикистон таъкид кард. Ӯ ҳамчунин аз сафараш ба Тоҷикистон, осорхона, сарсабзии Душанбе ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик тавсиф кард.
“Бо шарофати созишномаи байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дастовардҳои муайян ба даст омаданд.”, – қайд кард ин вазир.
Руслан Имонқулов, роҳбари маркази матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Қазоқистон дар бораи фаъолияти кори худ ва ҳамкоронаш маълумот пешниҳод намуд.
Намояндагони робита бо ҷомеаи Тоҷикистон аз Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Қазоқистон дидан карданд. Айбол Акбаров, сардори марказ мазкур аз фаъолияти шабонарӯзии ин ниҳод маълумот дод.
Бо ҳамин, боздид ва шиносоӣ бо фаъолияти Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Қазоқистон поён ёфт.
Баъд аз нисфирӯзии рӯзи 1 июн Аида Досаева, мутахассиси соҳаи иртибот ва PR дар мавзӯи “Иртиботи стратегӣ ва зиддибӯҳронӣ” ба масъулини робита бо ҷомеаи сохторҳои давлатии Тоҷикистон мастер-клас гузаронд. Мавсуф гуфт, ҳолатҳое ба миён меоянд, ки мо интизор надорем ва омода нестем. “Масалан, охири соли 2019 ба чунин вазъият дучор гардидем. Бемории ҳамагири “Ковид-19″ ҳама сохторҳои давлатиро дар ҳолати ногувор гузошт. Бинобар ин, бояд мақомот ҳамеша дар ҳолатҳои буҳронӣ вокуниши сареъ нишон диҳанд. Дар ин маврид нақши марказҳои роибта бо ҷомеа муҳим аст.”,- қайд кард Аида Досаева.
Масъулини робита бо ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчунин аз Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дидан карда, толорҳои ҷаласа, китобхона ва дигар маконҳои ин ниҳоди қонунгузорро тамошо намуда, бо намояндагони дастгоҳ, бахши матбуот суҳбат карданд.
Дар доираи сафари омӯзишӣ, масъулини робита бо ҷомеаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Суди Олӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, масъули шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон 28 майи соли равон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар карданд, ин сафар то 2 июни соли равон идома кард.