Рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон. Рӯзноманигорон ин соҳаро омӯхтанд

0
156

Рӯзҳои 26-27-уми ноябр бо иштироки рӯзноманигорони тоҷик давраи омӯзишии навбатӣ дар мавзӯи “Рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон” дар доираи лоиҳаи “Идоракунии самаранок баҳри рушди иқтисод (EGED)” баргузор гардид.

Ба рӯзноманигорони манотиқи гуногуни Тоҷикистон намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, инчунин коршиносони мустақил, ҷанбаҳои гуногуни рушди шуғли пурмаҳсул дар кишвар, ки яке аз афзалиятҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошад, омӯзониданд.

Субҳон Ашӯров, доктори илмҳои иқтисодӣ

Дар рӯзи аввал, Субҳон Ашӯров, доктори илмҳои иқтисодӣ ва муовини пешини вазири меҳнату шуғли аҳолии Тоҷикистон, ба рӯзноманигорон дар бораи бозори меҳнат, шуғли меҳнатӣ, маҳсулнокии меҳнат, шуғли бомаҳсул, сифати захираҳои меҳнатӣ ва омилҳои шуғли пурмаҳсул маълумот дод.

Ӯ гуфт, бозори меҳнати мо ҳаҷмаш танг аст ва бинобар ин, қисми зиёди аҳолӣ ба худиштиғолӣ мегузаранд. Мувофиқи тадқиқоти қувваи корӣ, ки бори охир соли 2016 дар кишвар гузаронида шуд, беш аз 60 дарсади қувваи корӣ дар Тоҷикистон ба худишғолӣ машғул аст.

Худиштиғолӣ ба қувваи корие дахл дорад, ки дар он кордиҳанда вуҷуд надорад ва шахс қобилияти меҳнатии худро мустақилона дар бозор пешниҳод мекунад. Масалан, деҳқоне, ки маҳсулоташро худаш истеҳсол намуда, ба бозор мебарорад, худиштиғол ҳисобида мешавад.

Шуғли меҳнатӣ коре мебошад, ки даромад меорад ва ба истеҳсоли мол, маҳсулот ё хидматрасонӣ равона гардидааст.

Мафҳуми шуғли пурмаҳсул фаъолиятеро ифода мекунад, ки даромади пулӣ меорад. Вале дар “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои соли 2040” ин мафҳум равшантар тавзеҳ дода шудааст:
“Шуғли пурмаҳсул афзоиши маҳсулнокии меҳнат, музди меҳнати муносиб, таъмини иҷтимоӣ ва бехатарии меҳнатро дарбар мегирад.”

Ба таъкиди Субҳон Ашӯров, ин талабот ба шахсони имконияташон маҳдуд низ дахл дорад, вале бо баъзе имтиёзҳо.

Дар бахши сифати захираҳои меҳнатӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон “Стандартҳои давлатии тахассусӣ” мавҷуд аст, ки дар асоси он сифати захирҳои меҳнатӣ баҳогузорӣ мешавад.

Зикр гардид, ки дар асоси стандартҳои давлатии тахассус бояд барномаҳои тахассусӣ омода карда шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ роҳандозӣ карда шавад.

Дар бахши амалӣ, журналистон бо истифода аз барномаҳои рушди маҳал, рӯйхати бекорони пешниҳодшуда, гузаронидани назарсанҷӣ ва омӯзиши соҳаҳои худиштиғолӣ талабот ба бозори меҳнат дар яке аз ноҳияҳои кишварро дар якҷоягӣ бо тренер маълум карданд.

Усулҳои ҷустуҷӯи ҷойи корӣ аз дигар кори амалӣ буд, ки журналистон дар гурӯҳҳои алоҳида ҷудо шуда, байни ҳам гузарониданд.

Иштирокчиёни маълум карданд, ки аҳолӣ пеш аз ҳама тавассути мақомоти маҳаллии меҳнату шуғли аҳолӣ, агентиҳои давлатию хусусии бакортаъминкунӣ, иштирок дар ярмаркаҳои вакансияҳо, мустақилона тавассути пахши эълон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ВАО муроҷиати бевосита ба кордиҳандагон, бо истифода аз порталҳои корӣ дар интернет кор маҷӯянд.

Дар идома, дар бораи омилҳои шуғли пурмаҳсул маълумот дода шуд.

Дар рӯзи дуввум, намояндагони вазоратҳои меҳнату муҳоҷират, рушди иқтисод ва савдо, инчунин мутахассис оид ба бозори меҳнат ва низоми иттилоотӣ дар бораи раванди татбиқи шуғли пурмаҳсул, гурӯҳҳои корӣ дар самти татбиқи шуғл ва нақшаи технологияҳои рақамӣ дар бозори меҳнат омӯзиш гузаронанд.

Бустон Аҳмадзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Аз ҷумла, Бустон Аҳмадзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, мафҳуми “шуғли пурмаҳсул” дар асоси талаботи “Конвенсияи Созмони байналмиллалии меҳнат дар бораи мусоидат ба шуғл ва ҳифз аз бекорӣ” муайян шуда, он фаъолиятест, ки ба даст овардани даромадро дар шакли музди меҳнат ё ин ки фоида аз соҳибкорӣ дар раванди истеҳсоли молҳо, пешниҳоди хизматрасониҳо ва монанди инҳо таъмин мекунад.

Ӯ ҳамчунин, дар бораи “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи  соли 2040”, ки бо қарори ҳукумати кишвар соли 2022 қабул шудааст ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, ки моҳи августи соли 2023 тасдиқ гардидаст, маълумот дод.

Гуфта шуд, ки дар нашқаи амалисозии барномаи миёнамуҳлат  аз 35 банд иборат буда, феълан мавриди амал қарор дорад.

Аҳмадзода дар идома дар бораи тадбирҳое, ки Вазорати меҳнат ва муҳоҷират дар самти татбиқи шуғли пурмаҳсул дар доираи стартегияву консепсия ва барномаҳои соҳавӣ, инчунин омори бозори меҳнат дар чанд соли охир маълумот дод.

Муҳаббат Маликова, сармутахассиси Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо дар бораи гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид татбиқи СМР-2030 дар назди Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, маълумот дод.

Гуфта шуд, ки Шӯро мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 таъсис дода шудааст.

Дар доираи Шӯро Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ  аз рӯи 14 самтҳои муҳими афзалиятноки рушди кишвар фаъолият менамояд, ки мақсади асоси баррасии роҳҳои расидан ба ҳадаф ва вазифваҳои миллии гузошташуда мебошад. Намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомили онҳо мебошад. Вазорати рушди иқтсиоди ҳамчун ҳамоҳангсози ин шӯро мебошад.

Маликова кори Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба “Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул” иттилоъ дод.

Лоиқҷон Миров, мутахассис оид ба бозори меҳнат ва низоми иттилоотӣ

Дар идомаи тренинг Лоиқҷон Миров, мутахассис оид ба бозори меҳнат ва низоми иттилоотӣ дар бораи он ки чӣ гуна технологияҳои муосир бозори меҳнатро тағйир медиҳанд: касбҳои нав, шуғли пурмаҳсул ва чолишҳо бо журналистон суҳбат кард.

Номбурда махсусан ба журналистон оид ба фаъолияти зеҳни сунъӣ ёдовар шуд ва гуфт, “Зеҳни сунъӣ шуморо иваз намекунад, аммо нафароне, ки онро истифода мебаранд шуморо мумкин иваз кунанд”.

Ӯ ҳамчунин, дар бораи бекории технологӣ, касбҳои нав, маҳсулнокии меҳнат, кори пурмаҳсул ва меҳнати шоиста, чолишҳо ва мутобиқшавӣ иттилоъ дод.

Журналистон дар бораи 4 инқилоби бекории технологӣ, ки дар тӯли таърих рух додааст маълумот пайдо карданд.

Вай ҳамчуинин дар бораи бо таъсири технологияи рақамӣ ба пайдо шудани касбҳои нав ва дар ҳамин ҳол, аз байни рафтани баъзе касбҳо маълумот дод.

Дар қисмати амалӣ рӯзноманигорон дар асоси барномаҳои рушди маҳал ва таҳқиқоти худ талаботи бозори меҳнатро муайян карданд. Ҳамчунин, бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ (AI), тарзи дуруст ворид кардани дархост ва дарёфти иттилооти боэътимод омӯзонида шуд.

Баррасии мавзуҳо. Ментори лоиҳа Иззатманд Саломов

Дар поёни омӯзиш рӯзноманигорон мавзӯъҳои худро интихоб намуда, бо менторон баррасӣ карданд.